Бахшҳо

Бозор Собир баъд аз як сол... боз ба Амрико рафт

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки соли гузашта бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ватан омада буд, дигарбора ба Иёлоти Муттаҳида рафтааст. Низом Қосим, вакили парлумон, шоир ва яке аз дӯстони Бозор Собир, ин хабарро дар сӯҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард.

Аммо ӯ гуфт, Бозор Собир на барои ҳамеша, балки барои чанд рӯз ба хабаргирии фарзандонаш ба Амрико рафтааст ва боз хоҳад омад. Ӯ гуфт, “овоза дар бораи дигарбора тарки Тоҷикистон намудани Бозор Собир дуруст нест. Устод барои хабаргирии наздиконаш, аз ҷумла фарзанду наберагонаш рафта, дубора бармегардад”,-афзуд Низом Қосим.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир баъд аз 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли 2013, ба Ватан баргашта буд ва изҳор дошт, ки ин бозгашти ӯ барои ҳамеша аст.

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекард. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
Абдулло
ДАВОМИ ШЕЪРИ ЧАВОБИЯ...

Фурўшќ їону виїдонро.
Ба зиндони яіудон додаќ номусу имонро!
Бикун тавба!
Бикун тавба!
Худои ломаконро дон
Гузар аз Ленину аз шапкаи пўсида нопокаш
Ва домони имоми деіаи худ дор,
Ки то аз нав шавќ муслими беозор,
Ки то аз нав шавќ ту бандаи поки мусулмонам,
Ки то аз нав шавќ ту сўфие дар Тоїикистонам.
Бидон, ки ту ба хоки пойи имомат,
Баробар нестќ шоир,
Агар дорќ ћурур аз номи Іаѕ гўям туро кофир!

Машав кофир!
Машав кофир!
Аё Бозори шоири пур аз дардам,
Агар гардќ зи роіат, ман аз ин гуфтор мегардам.
Вагарна баіри ман Бозори Собир мурд,
Вагарна баіри ман Бозори шоир мурд,
Вагарна баіри ман Бозори тоіир мурд,
Вагарна баіри ман Бозори нодир мурд.
Іамон Бозори Собирпур,
Бишуд Бозори Нодирпур!
Намедонам дигар Бозори Нодирпур,
Намедонам дигар Бозори Майкл Їекс.
Барои ман іамон Бозори муслимбаччаи нотарс,
Ки аз баіри іаѕиѕат дар замони Шўравќ месўхт,
Барои ман іамон Бозори деіѕонбаччаи шоир
Ѕабои шеъри нав дар їомаи деіѕонќ мепўшид,
Барои ман іамон шоир, ки шеъраш дарду ћам будќ,
Барои ман іамон шоир, ки шеъраш сад алам будќ,
Амрик шуд!

Устод
устодатон назди Сохибонаш рафтаст то маблага гирифта инчо омада мардуми точика ба фитна тела дихад.
Бехтараш устодатон дар хамон чо ки унчоро ватан номидааст истанд.

Dev
Шер,
Janobi "Sher", bovar dori,ki tojik sarbaland ast ?Behuda shiorpartoi nakun .Tojik beshak mardumi sarbalandu bovikor bud, vale holo mardumi sarbapojonu mazlum ast. Mardumi sarbaland ba hamdigarash lagat namezanad, badbini nadorad, shoirashro tahkir namekunad(talhguii shoiru navisandagonashro mepazirad), chun dust hamesha talh meguyad. MO tojikon holo ham ba guftoru ham ba raftor pur az nuksem, pas boyad biser buzurgonamon(zijoijon)az talh guftan naharosand , to on dame ,ki moi "sheron" dar hakikat sher shavem.

Бозор дар Точикистон бошад ё дар кадом чои дигар аз у ягон фоида нест. Донишмандон ва ихтирокорони бузург тарки Ватан карда рафтанд ва ягон шахрванд аз паси онхо афсус нахурд . Вале Бозор чи даркор имруз шеъру шоири ягон фоида надорад , аз ин шуда ягон одами босавод ё миллатдуст завод ё фабрикаро бисозад ва чандин бекорон аз он ризку рузиро пайдо кунанд , ки дар аъмоли у савоби дунё ва охират мешавад . Амо бозор барин лаганбардорн даркор нестанд. Рафт рафтан гирад . Маколи " ХАС КАМУ ЧАХОН ПОК " Алвидоъ бозор бе собир у на Худо дошту на имон . Марди дуруя назди Худо эмин нест...

Кулоби
Бозор Собир дигар ба мардуми точик даркор нест. У чуз як чоплусу лагандбардор, дигар касе нест.

Darvesh
Az lattapora kurta nasozed ki meguyand, kitayski!!!!

Ин устод Бозор Собир хонаи аз тарафи Хукумат гирифтаашро ба ичора дода рафт, ки бо умед мераваму боз маро даъват мекунанду боз хонаи нав аз тарафи Хукумат такдим мекунанд. То кай шеър менависаду майнаашро об мекунад. Хонахояшро ба ичора дода умри бокимондаашро аз хисоба квартиранто пеш мебарад.

Носир87
Ба Амрико рафта пенсияхои напардохтаашро гирифта боз меояд.

Daleri muhojir.
махмуд,
махмуд,
махмуд,
Duo meknem. Ki HUDO avval hidoyayush kunad va illo,
Payush kanda shavadu dar hamin garibi gardad. Tojikiston omad barobar fitnara andoht dar bayni mardum. Dusjmanishq bo dinni Islom va musalmonon nishon dod.

Руслан
Бозор барои ватану халки точик чи кор кардааст ки инкадар дар бори у менависед солхои ноороми кучо буд хамончо истикомат кунад у барои ватану халки сарбаланду бо маьрифати точик даркор нест иншоаллох ки хуб шуда истодааст зиндагони халки точик бе хаминхохам мо метавонем

Гариб
Хаха, Хофиз мегуяд...Бошад андар парда бозихои пинхон, гам махур! Як бор ба худ савол дихед, чаро ин кадар вакт уро ба Точиксистон даъват накарданд? , чаро Хочи Сирочиддин як ё ду сол пеш аз махбас озод нашуд? акнун савол дихед чаро баъди як сол Бозор Собир боз рафт? Ин хама найранги хукумат барои ором кардан, каме хам бошад дар чашми мардум хок пошидан буд. Охир вай дигар кист? Аз Шурави дигар асар намондааст, таърифу танкиди он хам барои мо дигар фоидае хам надорад.

Бозор чун бозори шуд,
Бозорро чояш бозор аст.

Эй бозори бозоргард, овора гарди дар чахон,
Гар катрае акл дори дар сар,
Тавба кун, то айбат шавад кам.
То нагарди шармандаи харду чахон.

Сокини има бош то охири умр,
То заррае аз обруи рафтаат,
Морад дар еди мардуми мазлуми точик.
Ё мисрае чанд эчод соз аз шеъри воло,
То бимони дар еди дили хаводорон.







То
Ё мисрае санд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)