Дар тӯли чаҳор рӯзи гузашта дар ин бора даҳҳо шарҳи хонандагон дастраси мо шуд, ки аксари онҳо аз чунин иқдоми мақомот пуштибонӣ кардаанд. Ҳатто баъзе аз корбарон нишонаҳоеро навишта ва гуфтаанд, дар он ҷо маҳалли занҳое воқеъ аст, ки ба танфурӯшӣ машғуланд ё бозори кӯчаки фоҳишаҳоро ташкил кардаанд.
Сотим, яке аз корбарони “Озодагон”, гуфтааст, ин тасмим хеле дер гирифта шуд. Ба бовари ӯ, “агар хато накунам, 50 дарсади занон даст ба ин кори фасод задаанд. Ин сабаб дорад, ки он ҳам бекорист. Вазири мӯҳтарам, ба ҷои он ки кормандони мақомоти қудратӣ аз паси фоҳишаҳо гарданд, беҳтар аст, онҳоро бо кор таъмин намоед.” Вале дар посух хонандаи дигаре навиштааст, “беҳтараш дер бошад, то ҳеч вақт!”
Руслан, яке аз пуштибонҳои ин иқдом, навиштааст, “аҳсан вазир. Агар як фоҳишаро ҳам аз роҳи бад гардонед, ин хуб аст.” “Мулкӣ” аз он норизост, ки то аз боло амре нашавад, ҳеч кас кор намекунад. “Агар ин корро пеш аз содир шудани фармони вазир мекарданд, ҳоло ҷомеаи мо ин қадар фасод намешуд. Аз байни вазирҳо айни замон Рамазон Раҳимзода пешсаф ва беҳтарин аст! Идома диҳед, мо тарафдори ин иқдомем”,-гуфтааст ӯ.
“Сарипули Сирот” дар пайи хабарҳои пайдарҳами боздошти даллаҳо ва танфурӯшон ва ё онҳое, ки манзили худро барои робитаи ҷинсии занону мардони бегона гузоштаанд, навиштааст, “ба милисаи мо ИДЕЯ додан даркор, бас. Салла биёр гӯед, калла меоранд. Дигар ҳар рӯз ба хотири нигоҳ доштани мансаб ва содиқ буданашон ва супориши вазир зану шавҳарро ҳам ба “разбор” меандозанд. Гӯиё ки пеш аз ин, онҳо аз корҳои номатлуб дар ҷомеаи мо бехабар будаанд.”
Самад гуфтааст, “агар нафаре як бор хонаашро барои касе диҳад, омада ӯро боздошт мекунанд, лекин садҳо фасодхона дар пойтахт кор мекунад, чаро аз онҳо ягонтоаш фош намешавад?” Юсуф ҳам навиштааст, “...боз аҷибаш он аст, ки ин бизнес дар Душанбе (шояд дар дигар шаҳрҳо низ!) солҳост дар авҷ асту ҳеч як нозири минтақавии милиса то ҳол аз он "хабар надоштааст"?! Шояд он нозирон худашон "дар ҳамин чарогоҳҳо чарида аз ҳамин чашмаҳо об менӯшиданд?" Вале, ҳар чӣ ҳам ки бошад, ВКД-и кишвар нав ба таъқиби ин гуна фоҳишахонаҳо шурӯъ кардааст. Иқдоми хуб. Пирӯз бошед!”
Корбаре бо номи Гулғунча аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомот танҳо фоҳишаҳоро боздошту муҷозот мекунанд, вале бо мардоне, ки аз “хадамот”-и онҳо истифода мебаранд, коре надоранд. Ӯ навиштааст, “аз баъзе ҷавонон нафратам меояд. Фикр мекунанд, ба мисли об поку ба мисли шир сафед ҳастанд. Охир, эй шармандаҳо, ба ҳамин фоҳишаҳо кӣ дастдарозӣ мекунад? Ҳамин мардҳо! Мардҳо боз шарм намедоранд. Баъзеҳо ба ҳамин корҳо машғуланд, лекин худро мусичаи бегуноҳ мегиранд. Бояд мардоне, ки бо танфурӯшон алоқа мекунанд, онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид.” Дар ҳоле ки ба бовари ин хонанда, “агар мардон ба духтарон нарасанд, онҳо аз куҷо фоҳиша мешаванд? Қабл аз ҳама бояд пеши роҳи ҳамин хел мардонро гирифт. Онҳо дар ҷаъмияти мо фоҳишагариро эҷод кардаанд.”
Хонандаи азиз, агар Шумо дар ин бора назари дигар доред, ё роҳҳои беҳтари мубориза бо танфурӯширо медонед, дар пайи ин матлаб бинависед.