Бахшҳо

Ултиматум дар ҷои кор: Ё ҳиҷобро бигир, ё аз кор рав!

Ҳумайрои БАХТИЁР

Бибинисои Бадриддин, ки нуздаҳ сол дорад, тобистони 2013 барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ муваффақ нашуда буд. Ба қавли Бибинисо, аъзои кумисюни қабули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санадҳои ӯро танҳо ба далели он ки ҳиҷоб доштааст, қабул накардаанд.

“Санадҳоямро ба дастам дода, гуфтанд, ки ҳиҷоб имкони идомаи таҳсилро бароям намедиҳад”,-нақл кард мусоҳиби мо. Бибинисо мегӯяд, ҳанӯз дар вақти мактабхониаш ӯро барои доштани ҳиҷоб хориҷ карда буданд, аммо баъд аз шикояти падару модараш дубора барқарор шуда буд. Ӯ имсол ҳам қасди шомил шудан ба донишгоҳро дорад.

Агарчӣ Тоҷикистон кишвари мусалмонист, аммо мақомот пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва дигар навъҳои пӯшиши исломиро дар ҷойҳои кории давлатӣ ва донишгоҳу мактабҳои миёна манъ кардаанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам соли 2005 бо судури фармоне ҳузури духтарони ҳиҷобдор дар синфхонаҳоро мамнуъ карда, дар иваз либоси ягонаро пешниҳод карда буд.

Маҳмудхон Шоев, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мегӯяд, дар бахши маориф маҳдудият натанҳо барои ҳиҷоб, балки барои доманҳои кӯтоҳ ва либосҳои ҷилодор низ ҷорӣ шудааст. “Духтарон ҳиҷоби худро метавонанд берун аз муассисаи таълимӣ бипӯшанд. Маҳдудият танҳо барои пӯшидани он дар дохили синфхонаҳост. Дар берун озоданд”,-афзуд ӯ.

Мақомоти расмӣ иддао доранд, ки ҳиҷоб хоси фарҳанги тоҷикон набуда, аз берун омадааст. Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд, “занони тоҷик бояд анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз фарҳанги бегона худдорӣ кунанд.” Дар Тоҷикистон танҳо ҷое, ки барои ҳиҷоб маҳдудият ҷорӣ нашудааст, ин Донишгоҳ ва мадрасаи исломист. Ин дар ҳолест, ки теъдоди мактабҳои динӣ назар ба мактабҳои дунявӣ кам аст. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон 6 мактаби динӣ ва 4 ҳазор мактаби дунявӣ фаъолият доштааст.

Ҳукумат дар ин маврид бештар аз таъсири гурӯҳҳое ба монанди “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ” ва Ҳаракати исломии Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо ба андешаи таҳлилгарон, аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, ҳукумат миёни шахсони мазҳабӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ бояд фарқ гузорад. Муллоҷонов муътақид аст, занони ҳиҷобдор дар маориф ва дигар корхонаҳои давлатӣ барои амният ҳеч хатаре надоранд.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива Плюс” ҳушдор аз он медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ метавонад боиси бар зидди давлат бархостани мардум гардад: “Монеасозӣ ва маҳдудият занонро водор мекунад, то дар талоши пайдо кардани роҳҳои дигари таҳсил бошанд. Ин амали ҳукумат боиси ҷудоихоҳии бештари ҷомеа мегардад.”

Дар баробари маҳдудияти идомаи таҳсил, занони ҳиҷобдор ҳамчунин барои пайдо кардани ҷойи кори давлатӣ низ монеа эҳсос мекунанд. Чунки дар аксар идораҳои давлатӣ корфармоён бастани ҳиҷобро барои занони коргар мамнӯъ эълон кардаанд. Як хонуми 28-сола, ки нахост номаш муаррифӣ шавад, гуфт, аз сабаби доштани ҳиҷоб эҳтимол ҷои корашро аз даст бидиҳад. “Ҳоло барои ман ултиматум гузоштанд, ки ё ҳиҷобро бигирам ва ё маро аз кор пеш мекунанд. Ман намедонам чӣ кор кунам, пайдо кардани ҷойи кор ҳам чандон осон нест”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
Абдулло
Касам ба номи Худо хазорхо афсус, ки дар идораву Вазоратхои мо шахсонеро руи кор овардаанд, киба чуз ончи, ки талкинашон мекунанд дигар чизеро намедонанд хубтараш мардуми зиёди авомро руйи кор овардаанд. Аз чумлаи Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд, “занони тоҷик бояд анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз фарҳанги бегона худдорӣ кунанд.” Дар холе, ки ин зан намедонад, кин фарханги бегона нест, балки фарханги мардуми мусалмонони дунё аст на аз ингуна "шахсон"!!! Мутаассифона Курони мукадасе, ки ба точики тарчума шудааст ин гуна сатр бадбинхо як бор назар ба сураи Нисои ва ё Нур кунанд донанд, ки ин хукми Худост на аз арабу ачам!!! РОсти як чои дард аст, ки имрузхо дар тамоми олам лаганд бардорон чог мезананд, ки аз чониби сарвари точикон Куръон ба забони точики гардонида шудааст, ки имруз тамоми мардуми Точикистон метавонанд онро мутолиа кунанд. шояд хаминтаврам шуд, ки мардум донист, ки хичоб хукми Худовандист. ва дар инчо суоле ба миён меояд, ки оё хамон мардуми ба истилох ахли зиё хамин Куръонро хондаанд ё на? Албата, ки маълум мешавад, ки не нахондаанд!!! агр механдаанд ин гапро намегуфтаанд!!! ва маълум мешавад, ки ба мисли хамон конунхои дар парлумон баровардаи кишвар аст, ки гайр аз мардуми камбагали бечора каси дигар иттоъаташро раво намебинад!!!!!! Илтимо Озодагон чопашкун.

Justice
Мухтарама Маърифат Шокирова, агар хичоб ба хотири либоси миллии мо набуданаш манъ шуда бошад, пас формаи мактаби магар либоси миллии мост, ки иборат аз миниюбкаву куртаи часпон аст???
Муаллима, шумо медонед, ки занхои точик дар арсаи таърих хеч вакт миниюбка намепушиданд ва ё сарлуч набуданд. Мардуми мо аз даврахои пеш аз кабули Ислом хам никоб мепушиданд. Даврахои Сосониён занхо фаранчи мепушиданд. Таърихро аввал худ омузед, баъд ба дигарон таълим дихед.
На дида бувад, ки гуфтугуяш накунад,
На ком, ки чустучуяш накунад,
Хар дил, ки дар он мехри Худо набувад,
Гар пеши саг афкани, буяш накунад.

Hamvatan, ту умуман номи Имоми Аъзамро нагир, зеро аз дин заррае хам дониш надори. Чи хел инсоне, ки нимбарахна асту фармони Худоро ичро намекунад дили пок дошта метавонад? Агар ба касе гуйи, ки дилат пок нест, туро як шатта мезанад. Хеч кас дили худро сиёх намехисобад, пас хар коре мехохад дили ман пок гуён мекунад. Аммо хак бар чониби Куръон аст!!! Пас чаро Куръон нозил шуд? Бояд аз руи он амал намуд.
Дин бози нест. Дар охират хама коим хохем истод.
Озодагон, чоп кунед, илтимос.

Абдулло
Ба хамон занону мардоне, ки мегуянд мо бояд фрханги точиконаи худамонро дошта бошем суол медихам, ки оё худи онхо дар корхонахои давлати либосхои милли точикиро мепушанд???!!!ва чаро ки худатон ба либоспушии аврупои таклид мекунед???!!! гуё "фархангдорони" точик!!!

Рустам,
Tu dar surati inson, Holiyam der nest ba korhoot tavbau-nadomat kun va xoharoi islomiro az roh nazan va illo azobi Allohro intizor bosh!!!

шумо кор надошта бошен ба сатру хичоб нафоратон накунен хонагихотона тахи т... кун саршон те дар бозоро гардан озод аст дунё лекин пага дар пешгохи Аллоҳ ҷавоб метен дузах барои чи аст то вакте дунё хаст одамхои шайтон сифат хаст хичоб на либоси араб аст на либоси эрон хичоб фармони Аллох аст ба занхо фармон медихад ки хичоб кунен фарке надорад у чи милат аст

Justice
Рустам, чохкан зери чох. Бу худат бармегардад ин амалхое, ки ту мекуни.

Аслан хукумат ё вазорат худ байни либоси миллию хоричи фарк гузошта наметавонад.худ дар тан либоси аврупои дорад аз либоси милли гап мезанад.либосхои домандарозро либоси араби гайри милли мегуянд аммо юбкаю шим ё куртахои аврупоие ки духтарон мепушанд дар маврид хомушанд.яке аз сабабхое бесавод мондани чомеаи точик ин худи системаи маориф аст 3и танхо баонхо галстук ва ба бахс кашида5и либоси духтарон аст ва ба оне ки он донишчу савод дорад ё чи тарз мехонад мухим нест.агар бесаводиро хоханд ин хукумат бигзор аз паси либоспушии духтарон ва галстуки писарон давидан гирад.

ali
Ба Рустам ки мегуяд чанд аруси сатрпуш дорам баъд чи?
дари касера шатта зади дари туро хам имруз ё фардо шатта мезананд...
Чавоне аз Паёмбари бузургвор (с) пурсид ки ичозат дех то зино кунам...
Хазрат фармуданд: Мехохи ки дигарон бо модари ту зино кунанд?
гуфт на, Фармуд: Мехохи дигарон бо хохару апаи ту зино кунанд? гуфт на.
Фармуданд: Пас бидон ки дигарон низ намехоханд, ки ту бо модару хохари онхо зино куни.
Хар кас бояд худро шиносад ва мурокиби холи худ бошад.

хар касе ки фарзии хичобро инкор мекунад кофир аст хох точик бошад хох арабу хох немис.......

Собир
як ба мактабхо мерафтанд хаму вазиро ки ки либоси ягонара риоя мекунад! Имруз хатто як навореро дидем ки дар рузи хатм кисми зиёди духтарону писарон чуфт чуфт бо мошинхои кимматбахо дар тани кисми зиёдашон МиниЮпкаТочик,

аз хамин точик безор
Цитата: Точик
д бурка рузи дигар бошад бомба.



хуш ба холут таги т... бугарде озодай демократия

99
"Кофир" гуфта буданд, қаҳрашон омада буд!!!
Охир сатр фарз аст. Агар давлатдорони мо худро "мусалмон" гутанӣ бошанд, бояд ин қонуни куфрро аз байн баоанд.
Дуввум ин,ки охир мо худро "давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд" мешуморем. Оё ҳаминро ҳам демократия гуфтан мумкин аст? О, ин нақзи ҳуқуқи инсон аст!!! На пояшон ба замин мерасаду на сарашон ба осмон!

Астагфируллох а хамин хичоб чаро инкадар метарсед????? Чаро духтарони бадбахтхое хаст, ки да дарс тамоми баданашон метобад, мумкин АСТ? Чаро он духтарон. Писаронро шахвони мекунанд, бас кунед бас,

Мулло Хайдар
Нафаре,ки худро мусалмон мешумораду,лекин мукобили гуфтахои Офаридгор рафтор мекунад,вай дохили чаннат хеч вакт намешавад ва то абад дар чаханнам мемонад. Эй мансабдорон ин дунёи фони охир дорад ва кушиш кунед,ки начот ёбед.

Tojik
аз хамин точик безор,
mardum dar Eron bo satr gashtand charo bomba nest onjo?  in suhanone ki meguyand musalmon terorist in politicai amriko ziddi musalmon ast, Chihelee mebinem alakai tahsiri in ba hudi musalmon rasidaast ki musalmonro az satr tarson kardast. Dar hakikat Politikai Amriko burd kard. Bubined ki hatto musalmononro az satro hijobu rish tarson kardagi ast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)