Назари Эшони Нуриддинҷон дар бораи онҳое, ки Абубакру Умарро дашном медиҳанд
Эшони Нуриддинҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, гуфтааст, ҳар нафаре дашном додани Абубакру Умар - ёрони паёмбар (с)-ро раво медонад, бидуни шак кофир шудааст.
Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар посух ба суоли корбари Тӯраҷон.орг аз Эрон гуфтааст, “агар шахсе дашном додани шайхайн – Абубакр ва Умарро ҳалол ё ҷоиз медонад, пас бе шак кофир аст.” Ба гуфтаи Эшони Нуриддинҷон, дашном додани ин ёрони паёмбар (с) аз бузургтарин гуноҳони кабира маҳсуб мешавад.
Руҳонии маъруфи тоҷик дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, уламои мазҳаби Ҳанафия дар кофир ҳисобидани дашномдиҳандаҳои ёрони Муҳаммад (с) ихтилофи назар доранду ба назари бархе аз онҳо агар шахси дашномдиҳанда эътиқоди раво будани амалашоро надошта бошад, пас, дар ин сурат гунаҳгор хоҳад шуду на кофир. “Далелашон ҳадиси Паёмбар (с) аст, ки мегӯянд, "дашном додани мусалмон фисқ аст." Ва далели дигар ҳам қоидаи машҳури аҳли суннат мебошад, ки мегӯянд, "ба сабаби муртакиб шудани гуноҳи кабира шахс кофир намешавад, модоме агар онро ҳалол нашуморад",- илова намудааст Эшони Нуриддинҷон.Дар акс: Эшони Нуриддинҷон (аз чап) бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода (рост)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |