Бахшҳо

Зиндонӣ шудани донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ барои таҷовузи Мадинаи 4-сола

Додгоҳи олии Тоҷикистон Сироҷиддин Қараев, ҷавони тоҷикро, ба ҷурми таҷовуз ба номуси духтари чаҳорсола ба 27 солу 6 моҳи равони зиндон кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” полковник Мансур Бухориев, мушовири калони вазири умури дохилии кишвар, хабар дод ва гуфт, ин воқеа тобистони соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат иттифоқ уфтодааст.

Ҷаноби Бухориев гуфт, додгоҳ Сироҷиддинро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2 (одамкушӣ), моддаи 117, қисми 2 (азобу уқубат), моддаи 138, қисми 3 (таҷовуз ба номус), моддаи 130, қисми 3 (одамрабоӣ) гунаҳкор дониста, ҳукми зиндони ӯро охирҳои майи соли ҷорӣ содир кардааст.

Ба қавли мушовири калони вазири умури дохилии кишвар, Сироҷиддин Мадина Сафароваи чорсоларо ҳамроҳи хоҳари бузургаш С., ки он замон дар синфи нуҳум хонда, бо ӯ телефонӣ суҳбат ва гоҳо мулоқот мекардааст, дидааст. Баъд аз он ки, мегӯяд Мансур Бухориев, С. пешниҳоди Сироҷиддинро дар бораи ҳамхобагӣ рад мекунад, ӯ Мадинаи чорсоларо ба мошинааш савор карда, ҷониби шоҳроҳи Ваҳдат-Кӯлоб, назди пул ё купрӯки дарёчаи Элок мебарад.

“Ӯ бо зӯр духтарчаро таҷовуз карда, сипас бӯғӣ карда мекушад. Ҷасади Мадинаро барои рӯпӯш кардани ҷинояти худ ба наздикии деҳаи Навбаҳор бурда пинҳон мекунад”,-мегӯяд Бухориев. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ин ҷиноят пинҳон намонд ва Сироҷиддин Қараев боздошт ва ҳоло равонаи зиндон гардид.

Ин ҳама дар ҳоле будааст, ки Сироҷиддин Қараев, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, оиладор буда, як кӯдак ҳам доштааст.
Мӯҳр
Classified
ура бояд хукми катл медодан

Бутшикан
Аксарияти чавонон махсусан чавонони Вахдат намоз мехонанд ва масчид мераванд ва бовар дорам ки ин чавон хам боре намоз хондааст ва хато чандин бор шояд ба масчид рафтааст... мавъизахои зиёдеро шояд гуш кардааст.. зеро мухити нохияи Вахдат ба ин гуна масоил тавачухи хоссатаре дорад...Эй халоик дигар бо Худо гуфтан мардума тарсонида намешавад.. ин кора накун Худо мезанад .. азоби кабра мебини у дунё рафта дузахи мешави гуфтан кати мардума дигар тарсонида намешавад.. албатта аксарияти халка тарсонида намешавад.. зеро дигар башар дар як сатхе ва замоне расида ки сидкан ба ин чизхо эътикод доштахо хеле каманд.. бинобарин камтар вокебинона бояд амал карда конунро бояд пурзур кард.. конуне ки аз шох то ба гадо ба хамма тааллук бигирад..махсусан чиноятхое ки ба номуси инсонхо тааллук мегирад 10 -20 сол хам гузарад хам кофта ёфта чазохои сангин бояд дод.. мутаасифона ин гуна чинояткорон холо хам дар чомеаи мо кам нестанд.. ва озодона зиндаги доранд.. харохиштакхо ... лутихову.. танфурушу.. фарзандфурушу дигарон..ба танфурушхо чаримахои хеле калон бояд баста шавад.. ба луттихо хам.. ки тамоми умр бепул ба давлат кор кунанд.. аз лаззати шахват махрум сохта шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)