ВИДЕО: Шикояти Баҳром Ғафурӣ аз болои Валӣ, овозхони афғон
Баҳром Ғафурӣ, овозхони шинохтаи попи тоҷик, аз болои сарояндаи афғон -- Валӣ (Valy) барои дуздии як таронааш бо номи “Дар ин замона” шикоят бурдааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати “ТопМедиа” ва продюсери Баҳром Ғафурӣ, иттилоъ дод ва гуфт, шикояти онҳо рӯзи 4 июн ба “VSP Group” ирсол шудааст. Ин ширкат, ба гуфтаи Зеваров, аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад.
Баҳром Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2011 ва 2014 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, бори аввал "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" ва дафъаи дувум “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” шинохта шуд. "Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд. Баҳром Ғафурӣ дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ ҳам нақш бозидааст."ДАР ИН ЗАМОНА"-И БАҲРОМ ҒАФУРӢ:"ДАР ИН ЗАМОНА"-И ВАЛӢ:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |