Тавсифи Раҳмон аз барномаи Порошенко дар Украина
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паёми шодбошӣ Петр Порошенкоро бо пирӯзияш дар интихоботи раисиҷумҳури Украина табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар п аёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “бо камоли майл Шуморо бо пирӯзӣ дар интихоботи раисиҷумҳури Украина табрик мекунам. Пирӯзии Шумо на танҳо баёнгари ҳимояти қавии мардуми Украина аз барномаатон аст, ки ба муътадилсозии вазъ ва рушди минбаъдаи кишваратон равона гардидааст, балки шаҳодати он аст, ки интихобкунандагон сидқан мехоҳанд, дар фазои сулҳу оромӣ ва рушд зиндагӣ кунанд.”
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки дар оянда муносиботи Тоҷикистону-Украина густариш хоҳанд ёфт. Дар ниҳоят раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Порошенко дар фаъолоияти давлатӣ муваффақият ва барои мардуми Украина сулҳу саодатмандиро таманно кардааст.
Порошенко дар интихоботи президентии ғайринавбатии Украина, ки 25 майи соли ҷорӣ баргузор шуд, бо ба даст овардани 54,7 дарсади раъйи мардум ба рақибонаш пирӯз шуд. Ба иттилои Кумиссюни марказии интихоботи Украина, Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини ин кишвар, танҳо 13%-и ороро соҳиб шуда, номзадҳои дигар аз ин камтарро ба даст овардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |