Бахшҳо

Видеои Эшони Нуриддин: “Паём"-и маро ба президент расонед

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷорӣ шудани бархе маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар ҳангоми як суханронии ахираш шадидан ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, дар робита паёми ӯро ба раисиҷумҳури кишвар расонанд.

Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, агар як тӯй ё рақсу бозӣ бошад, истифодаи балангӯяк ё микрофон иҷозат аст, вале барои як руҳонӣ иҷоза намебошад. “Имрӯз душманони Ислом бисёр талош доранд, Шумо ва фарзандҳоятонро аз Ислому Қуръон ва пайғамбаратон ҷудо созанд”,-мегӯяд ӯ дар баромадаш.

Ӯ таъкид кардааст, сабаби зиёд шудани бадахлоқӣ ва бемориҳои руҳӣ дур кардани мардум аз фаризаву русуми динияшон мебошад: “Азон аз хонаҳои мусулмонон дур шуд. Азон аз гӯши тифлҳои навзод дур шудааст, ҳоло аввалин сухане, ки онҳо баъди ба дунё омадан, мешунаванд, ин дашном аст, аз сӯи ҳамшираҳо.”



Эшони Нуриддин бо зикри манъ шудани азон тариқи балангӯякҳо дар масоҷид дар хитоб ба ҷорикунандаҳои ин иқдом, мегӯяд: “Ин манъкунандаҳо фардо дар пеши соҳиби азон чӣ мегуфта бошанд?! Дар пеши як ҳокиме, ки мисли худашон як инсон аст, барои ҷавоб додан, лабашон кушода намешавад, дар пеши Офаридагори замину осмон чӣ мегуфта бошанд?!”

Дар ин авохир ин яке аз наворҳои баҳсбарангези Эшони Нуриддин аст, ки дарҳол ба интернет роҳ ёфта, миёни корбарон низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Баъд аз онки масҷиди “Муҳаммадия”, мутааллиқ ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеи худро аз даст доду амри маъруф ва сабти он камтар шуд, наворҳои Эшони Нуриддин хеле кампайдо буданд.

Эшони Нуриддин 20 марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст. Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашид.

Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст.

Ӯ тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.

Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб» муттаҳам намуд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» зарурате боқӣ намондааст.
Мӯҳр
Дар хакикат рост аст, Чиба аз худи хорича хофизу ракоса миёран билетш 200-сомони мефрушан на кам аз 5-10 соат хар барин хангас мекнан бо вайхода медалу ифтихор нома метан ин одамхое ки дар ьораи ислом ё ахкоми дин меган инхо душманони дин, НАБОШАД РЕСТАРАНУ ТУЙХОИ КОСЕРТИ КАТЪИЯН МАН КАРДА ШАВАД, АЛЛОХ НИГОХБОНАТОН ЬОШАД,

Чавоб ба Ёдгор, Ширин ва Бекор : Шумо худтон каслаи рухиен ва ниёз ба т ва т барино намондаст ва т бекор т аз номт маълум ки т бекор мондай. Агар т ва т барино ба рузи Киёмат бовар доштабошен инхел гап намезанен. Аз т ва т барино хохиш ки аз ХУДОЧОН битарсен!!!

Ислом
Зинда бошед Эшони Нуриддинчон,мо бо шумоен фахр мекунем,ки чунинхо олимхои Исломи дар Точикистони мо хастанд!!Нест бод душмани ислом мо танхо худо дорем.

ХУДОЧОН Эшончона дар панохи хифзи худат нигахбон бош!!!

Воизон, кин чилва дар мехробуминбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд он кор дигар мекунанд

дигар сухан надорам ба ин шахс,,,, хама дидостем зиндагиша

Туйҳои дабдаба, дискоклубу фоҳишахонаҳои шабонаро зиёд кунед, ояндатон чи мешуда бошад. Боз мегуед ки нони аз ёфтаатон ҳалол аст....мусалмон,

исфараги
худованд шумобарин муллохора дар панохаш нигах дорад мо халки исфара хусусан чоркух бо шумоем

бобои Эшон худатона эхтиром кунеди солхои 1992ро баёд оваред дирузак Горбочиёв шуморо гуфсода буд ки гунхакори аслии шумо будетон монетон тинч гардем ...мусалмон,

Ешон бехтарин шахс хатед шумо
Ехтиром нисбати шумо дорем.
Леки Давлат мачбур хасти,ки ин корро
Кунад Душман кадом Давлати Мусалмоннишинро
Хохан ноором кунан бо худи Мусалмонхо
Ноором мекунанд ?
АГАР МАНТИК БОШЕН ИНРО МЕБИНЕД

Сахттар хам бошад, бояд гуям, ки Эшонро шояд дониши динашон хуб бошад, аммо фарханги машвараташон нихоят коста. Бахад тунд. Баъзан аз номи Худованде, ки Гафуру Рахим аст, хулоса мебароранд. Мана мардуми рохгумзадаро ба кофиршави ва занталоки нодуруст муътамад сохт. Дар гуфтори фахшу фасод ва баъзан тухмату бухтон низ эхтиёт намекунанд. Хозир ... твою мать гуфта, акалан наузанбиллох нагуфт. Гуфтанихо зиёданд....вале хамин кофи.

in studiyai javob faol shudaastku hammaash az tars ast baroi hamin in eshona siyoh mekunan yak gapi eshon talxai hukumata mekafona gapa bined meguyand mahdudiyat nest to 18sola masjid naraved darsi kuron dar xonaat hatto farzandi xudatro naomuz dar maktabu donishgoh satr nakuned rish namoned ba mikrafon azon nagued dar joi kor namoz naxoned dar rohho namoz naxoned boz 4ikorkunadki bad megued mahdudkardand dinro kujoyash ozodi ast? boz meguyand mardum ba kayhon raftu shumo mikrafon gufta gashted baxudo ba joi hamin odam sharm medoram haminham gapshud? oxir i gapta rav ba janob guyki mardum ba kayhon raft biyon in bandahoi Xudo namozu ruzashona girifta gardand ba mikrafon meguyand ba chize mexohand mon guftan girand mo boyad az pai peshraftu tarakiyot shavem iktisoda baland bardorem inhoro boyad ba janob bigui na ba eshon imruz hatto yak dandonkobak istehsol namekunadu gashtaast in hukumat az pushti mulloho siyoh kardavu badnom karda o mon hamin mardum dar rohi rostash raftan girad dar hakat duoi xayr mekunad korat bobaror meshavad ba hamajo merasem inho boshand az dust dushman metaroshand baroi xudashon hamin eshon doimo dar haki janob duoi xayr mekard ammo bin imruz ba sarash 4iomada istodaast

bekijon
hazor rahmati alloh ba shumo boboi eshon mo bo shumo mefakhrem zinda boshed sheri nar

мусалмон,
Bar padaraton rahmat !!!

Дурбин
Офарин бобои Эшони Нуриддинчон шумо фахри динну миллат мебошед, Худоё хамеша тансихату саломат ва хонаободу сарбаланд бошед! Омин.

Сайдалии Мирзоали
Бале азизон чихелеки мебинем дар масчидхо чои поймони намеёбем хело намозгузорон зиёд шудаанд албатта ба инаш шукрона мекунем. Аммо дар асл мусалмониро намебинем чаро??? Зеро кучаву бозорхо тамоми занону хохарон бо либоси фохишахои аврупо мегарданд оё инхо занону духтарони кихоянд??? Бадбахтона 80%- и инхо аз ширкаткунандагони масчидхоянд магар хамин аст мусалмони??? Дар холе ки Худованди замину осмонхо дар Куръони покаш 5-маротиба сатрро зикр кардааст. Шумо кумитаи дин мегуед. Ман аз забони раиси ин кумита шунидам ки У гуфт: ин либос аз дини мо нест!!! Магар ин инкиор кардани куръон нест? Оё Аллох Мухаммад с.а.в.- ро бар тамоми башарият наовардааст???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)