Бахшҳо
22 май 2014 17:08Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, дар маҳфили навбатии Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо”, ки баъд аз зӯҳри 22 май дар Душанбе баргузор шуд, ба қавли худи ӯ “дилашро холӣ кард”. Ӯ дар оғози сӯҳбат дар бораи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта, аз ҷумла баҳманмоҳи хунину ГКЧП, овозаи омадани арманиҳо, тазоҳуроти сокинон, кадрҳои интихобкардааш ва инчунин истеъфояш суҳбат кард.

Оқои Маҳкамов дар ин маҳфил дар пайи пофишории аъзои Шӯрои олии кишвар ба истеъфо рафтанашро ёдоварӣ карда гуфт, “Се рӯз касе баромад накунад, мегӯяд, ба истеъфо равед. Як депутат аз Конибодом, Юсуф Ахмедов, баромад карда ба вакилон гуфт, Шумо чӣ кор мекунед? Ин одам ҳозир равад, ба ҷояш кӣ мешинад? Ягон кадр доред? Аз толор гуфтанд, ягон одам ёфт мешавад. Бинам, аз ҳафтод депутате, ки аз шимоли ҷумҳурӣ дар толор нишастаанду дар миёнашон коммунистҳо ҳам ҳастанд, ягон кас намегӯяд, ки ба истеъфо наравед.”



Дар ҳоле ки ба гуфтаи Қаҳҳор Маҳкамов, он вақт ӯ 59 сол дошт ва аз вакилон хоста буд, то барояш як сол имконият бидиҳанд, ки фазову шароитро барои баргузории интихоботи президентӣ омада ва сипас мувофиқи Қонуни асосӣ курсиро ба нафари дигар вогузорад. “Вақте коммунистҳо, коргарони худамон баромада гуфтанд, ки Қаҳҳор Маҳкамович, Шумо равед, фикр кардам, бо ҳаминҳо кор мекунам? Ҳамроҳи ҳамин депутатҳо? Депутатҳое, ки дар сар фикри ояндаи кишварро надоранд. Ҳамааш мехоҳад ман ба истеъфо раваму ягонтоаш президент шавад. Папкарро гирифтаму гуфтам, лекин Шумо ягон рӯз аз ин кори кардаи худ пушаймон хоҳед шуд. Пеш аз толор баромадан гуфтам, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ман ба ягон кори сиёсӣ ҳамроҳ намешавам. То ҳамин рӯз ба ҳамин қавлам истодам. Аз сиёсат дида, бадтарину чиркинтарин кор нест. Бубахшед, ки диламро ба Шумо холӣ кардам.”

Дар посух ба суоли он ки чаро ҳоло истеъфо дар Тоҷикистон маъмул нест, Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, “ҷавобашро аз раисиҷумҳури кунунӣ пурсед”.

Дар гуфтугӯ бо Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи маҳалгароӣ низ сухан рафт ва ӯ гуфт: “Вақте ман нахустин котиби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шудам, якум кадри интихоб кардаам, Изатулло Ҳаёев буд, аз вилояти Кӯлоб. Дар вазифаҳои баланд буданд. Аъзои бюро буданд, интихоб кардем. Дигар ҳеч номзаде масъала намебардошт, ки ин Помир ё Кӯлоб аст. Лекин маро маҳалгаро мегуфтанд. Ман 14-сола будам, вақте аз зодгоҳи худ рафтам, намедонистам, ки кӣ ҳаст ё не.”



Оқои Маҳкамов дар ин сӯҳбати худ дар бораи мансаб надодан ба бародаронаш низ каме сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, “мо 6 бародар будем. Ман аз ҳама калонӣ будам. Аксари онҳо вақти кори ман хафа буданд. Барои чӣ? Ҳар яке аз онҳоро ҳамон дӯстони дар нохунакашон ҳаракат мекарданд, ки як кори баланд бардорем. Ба ман хабар мерасид. Ман занг мезадам ва мегуфтам, хап дар ҷойи худ кор карда нишинанд. Ҳоло Шумо ягон кори баландро аз уҳдааш намебароед. То ҳамон вақте ман инҷо ҳастам, ягонтои Шумо ба кори баланд намеравед, инро дониста монед. Намебароед.”

Раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон дар идома дар робита ба масъалаи бунёди Роғун низ сӯҳбат карда, аз ҷумла афзуд: “Роғун ояндаи ҷумҳурии мо буд. Тарҳи сохтмони Роғунро даҳ сол тайёр карда будем. 47 институти давлати Шӯравӣ дар омода кардани тарҳ иштирок дошт. Ин ҷо омада, ҷои ГЭС-ро диданд. Оқибат баъд аз даҳ сол тарҳ омода шуд. Ҳозир мегӯянд, тагаш намак буду чизи дигар. Масъалаи намакро ҳал карда буданд дар ҳамон тарҳ. Ягон масъалаи ҳалношуда боқӣ намондааст дар ин замина. Совети вазирон ҳамин тарҳро тасдиқ кард. Соли 1980 сметаи Роғун ҳамроҳи шаҳрчааш 1 миллиарду 347 миллион сӯми Советӣ буд. Нархи якуми январи соли 1980. Баъд оҳиста-оҳиста корро сар карданд. Се-чор соли аввал барои ташкили ҷои кори сохтмончиҳо буд. Кор то соли 1989 хуб рафта истода буд. Соли 1989 маъсала пайдо шуд, ки директори сохтмон ба назди ман омада гуфт, моро кор кардан намемонанд. Ба он ҷо рафта, бо мардум сӯҳбат кардем. Як моҳ нагузашта боз сар шуд. Бори дувум ба он тараф нарафта, гуфтам, дар телевизион ҷамъ шавем, баромад кунем. Ба гӯшам расид, ки баъзе одамҳо муқобил будаанд. Гуфтам, ҳамаи онҳоро ҷамъ кунед. Баъзе шоиронамон китобхона сохта будаанд ва дар сурати сохтмони Роғун зери об мемондааст. Норозиҳо ин масъаларо мебардоштаанд. Хулласи калом, давоми чор соат дар телевизион гап задем. Охири гап ин шуд, ки платинаро то охираш намебардорему библиотека таҳи об намонад. Ҳаминро ҳам гуфтем. То он вақт Худо подшоҳ гуфтем. Лекин соли 1989-1990 кор кардан намонданд. Сохмтончиёнро сарсон карданд. Агрегати аввал омада буд, дар он ҷо хоб рафтааст.”



Қаҳҳор Маҳкамов дар охири сӯҳбаташ дар ҷавоб ба суоли Раҷаби Мирзо, ки пурсид, “аз чӣ кори кардаи худ пушаймонед?” гуфт, “фикр мекунам, аз ягон кори кардаам пушаймон нестам. Лекин корҳои саркардаамро натавонистам ба охир бирасонам. Ин нерӯгоҳи Роғуну туннели тарафи шимол. Туннели Анзоб, ки имрӯз гузаштанаш мушкил аст, дар давраи Шӯравӣ сар шуда буд. 700 метр аз ин тарафу 600 метр аз он тараф гузашта буд. Афсӯс, ки ҳамон корро дар вақташ ба анҷом расонда натавонистам”.



Дар гуфтугӯ бо президенти нахустини Тоҷикистон теъдоди зиёди хабарнигорону сиёсатшиносоон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ омада буданд ва ин бори аввал аст, ки Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки ба ӯ ва фаъолияташ иртиботи мустақим доранд, суҳбат мекунад. То ин дам оқои Маҳкамов қисман дар бораи ин ё он масъалаи марбут ба ҳаводиси солҳои навадум бо хабарнигорон суҳбат карда, аммо ҳамеша аз тафсилот худдорӣ кардааст. Ҳатто ӯ чанде пештар гуфта буд, қасд надорад дар ин бора китоби хотираҳои худро бинависад.

Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Баъд аз ӯ курсии президентӣ ба Раҳмон Набиев насиб кард, вале ӯ ҳам дер напоид. Севумин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, 22 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад.


Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
ТУ худат ба як тори муи Махкамов намеарзи, хубаш аввал аз гиербони худат буй кун бад дар борааш чунин сухано гуй. Ту ба номи Мухаммад намеарзи, хайф.

Хамин ту барин "босаводхо" солхои 90-ум имкон надоданд, ки Махкамов мамлакатро обод кунад. Хубаш хап мешишти, аз дастат ягон чиз наояд аккалан хап шину ман мани накун илтимос !

тоирхон
КАХОР МАХКАМОВИЧ БО ШУМО КОР КАРДААМ,ШУМОРО ЭХТИРОМ МЕКУНАМ ВА ХОХИШ ДОРАМ ХОТИРОТИ ХУДРО ОИДИ ХАМАИ ПАХЛУХОИ ЗИНДАГИАТОН ВА ФАЪОЛИЯТАТОН БАРОИ НАСЛИ ХОЗИРА ВА ОЯНДА НАВИСЕД. ИН ТАЪРИХ АСТ.ШУМО НАНАВИСЕД,КИ ИН МАРХИЛАИ ХАЕТИ ТОЧИКИСТОНРО МЕДОНАД . ФАРОМУШ ШУДА МЕРАВАД. ИЛТИМОС НАВИСЕД. МУМКИН УМР ВАФОДОРИ НАКУНАД.

мухтарам каххоров. аз шумо хеле миннатдорем, он рузхои мудхишро мо дидаем. мо медонем чи гуна шахсед. ахсан ба шумо. Вы очень понимающий человек и мы знаем что тогда Вас неподдержали в парламенте из за чего была братоубийственная война. но думаю здравомыслящих много и они желают Вам крепкого здоровья и долгих лет жизни.

.
Сохибназар,

Он замон назорат аз Москва буд. Аз тарси русхо рохашонро рост мегаштанд. Агар назорат намебуд, аз дангарагихо мегузарониданд.

Аз Ростов на Дону
Дар 90 рафти, то хозира дилт алам дора, аму чам кадагиота хурдан гир то 70 пуштата мераса, кроме того завод ва фабрикахот дар харакатанд, боз чи норозии аз давлату хукумат. Ранги мо бе хонаву дари ё дар Россия мардикори дори. Э бандаи ношукр!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Чи хеле буд, рафт, вале бо сари баланд, бо ном, бидуни хешутаборбози, бидуни моли мардумхури ва зуриву рейдери. Агар чи шимоли буд, аммо ин маънои онро надорад, ки шимолиҳо ҳеч кор накарданд. Асоси корхонаҳое ки имруз дар точикистон аст шимолихо карданд. Ваям кашида гирифта ба хешу табор надоданд, барои мардум сохтанд. Барке, ки замони шурави мардумро таъмин мекард, аз байн рафт. то хол баркарор нашудааст. Агар хуб ҳам набошад зато барои мардуми кишвараш махкамов хидмат кард, Агар бахманмохи хунина бахона меоред, он кори именно вай набуд, кгб рус кард.

Каххор Махкамову дигару дигарон онкадар сиёсатмадори бакуввате набуданд, ки дар даврахои ХАССОС тавонанд аз ухдаи рохбари бароянд. Лухтаки дасти дигарон буданду бо кашиши риштахо аз тарафи онхо бози-рохбари менамуданд. Давру замон онхоро аз сахна бурд, хуб мешуд чимакак шинанду аралаш нашаванд. Хатоо дар хамин баромадашон хам аз рости худдори кардаанд, ки ба шаънашон намезебад. "Мардак"-хо аз тарса ха меравем ба истеъфо гуфтанду аз гапашон гаштанд ва ХУНИ нохак рехтанд. Чавоби хуни рехтаашонро албатта медиханд, дар он чо чи мегуфта бошанд? Хайр хаволаашон ба ХУДО!!!Исфандиёри Назар,

Озоди Орзу, рут сиёх ба у гапои гуфтагит. Махкамов мардумро ба гирдихамои чамъ накард, балки Турачонзодаю гурухе аз мулло чалласаводон. Ту худат умуман чандсола буди соли 1990-ум ? Чашмаказанихои Турачонзодаро дар Парламент надида буди ???

Аз Ростов на Дону, Кадом заводу фабрикахош дар харакатанд ?? Ту чи сафсатахо мегуи ?? Хубаш рафта бубин холо у чи тавр хоксорона умр ба сар мебарад. Ба фикрам он солхо ту хануз дар батни модарат набуди ва аз асли вокеа бехабари. Дар масъалаи мардикориат - айби Махкамов нест ки ту дар гариби хасти, ба фикрам Махкамов туро мачбури ба Россия пеш накардаааст. Аламатро аз дигарон гир, Махкамов чи дахл дорад ба мардикории ту. Агар босаводу боакл мебуди дар хамин ватанам сохиби кору дару хона мешуди. Мард боши аробаи зиндагиатро мардона кашону аз дигарон аламатро нагир!! Озодагон хохиш дорам чоп кун, вагарна эътикодам аз ту дур хохад шуд!

Мухаммад
огои Махкамов Шумо худатонро одами порсо нишон додед вале чунин одам нестед

Он сиёсате ки шумо ва хамрохонатон бурданд он вокеан сиёсати чиркин буд ва афсус ки сиёсати имрузаи точикистон низ чунин шудааст.

Бад аз Кахор Макамов ки перезиденти ТЧ буд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)