Бахшҳо

Раҳмон дар ҷаласаи изтирорӣ хост, гунаҳкорони тирпаронии Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди бозгашташ аз сафари Чин, субҳи 22 майи соли ҷорӣ, бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ баргузор кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар ин машварат “таҳти назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият” баррасӣ шудааст.

ТИРПАРОНИИ 21 МАЙ

ШАРҲИ ВКД

Ҷаласаи изтирорӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баъд аз як рӯзи тирпаронӣ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, сурат гирифт, ки боиси фавти ду нафар ва маҷруҳ шудани чанд тани дигар гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин ҳодиса “дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ сурат гирифтааст”.

“Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд (додгоҳ), прокуратура (додситонӣ) ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд”,-афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас додааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло бо дастури раисиҷумҳур ёрдамчии калонаш дар робита ба масъалаҳои амнияти миллӣ -- Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода, ба шаҳри Хоруғ рафтааст.
Мӯҳр
...чизе ки дар хакикат рух дод, камерахои фидиали Амонатбонк(бино дар пахлуи ГорОтдель) ба навор гирифтанд. Агар дар рафти тафтишот аз ин манбаъ истифода нашавад ва агар сабтхои ин камерахоро аникан "обнародовать" пешниходи мардум нагардонанд, пас маълум, ки чизеро пинхон мекунанд ва модоме, ки чизеро намехоханд нишон бидиханд, пас он аз дуругу хато ори нест!!!

Садо
Аз хама пеш Ш. Хайруллоев ба мадори сиёсии С. Хусайни тан дихад.Ташкили мазхакаи сиёси ва чавоб ба мазхакаи хукумат нисбати Саидумар Хусайни! Минбаъд макомот бояд ракибат гар пашша бошад камтар аз филаш мадонро фаромуш накунад

Анвар
Ба Суруш. Бародар, Раиси чумхур аз дигар манбаъхо низ иттилоот гирифта метавонад. Иттилоотдиханда низ ин далелро фахмида уро фиреб намекунад. Гунахкор хама вакт чинояткор аст. Фрайд, Собир ва Мунаввар дар хакикат чинояткор мебошанд ва аз чи сабаб ту онхоро химоя мекуни? Кормандони РКД-и шахри Хоруг гунахкор бошанд чавобашро медиханд, лекин ин чи рафтор, ки хамаро оташ задан? Ин вахшигарии мардумро нишон медихад. Эътирози Бадахшонихо хамин тавр будааст. Бинохои хозиразамонро оташ зада, дар санглок зиндаги карданро афзал мебинанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)