Баҳсҳо дар бораи Садриддин Айнӣ ва осору кори ӯ миёни хонандагони торнамои мо идома дорад. Ҳар рӯз даҳҳо шарҳу назар ба тарафдорӣ ва ё муқобили ӯ меоянд, ки аксарияташон нашр ва бархеи онҳо ба далели он ки ҳақорат доранд, ҳазф мешаванд. Дар бисёре аз ин баҳсҳо хонандагон назару мавқеи шахсии худро баён карда, он чизеро, ки медонанд, мегӯянд. Хонандае дар пайи ин баҳсҳо бо номи мустаори “Як бандаи Худо” баҳсро ба сӯи Абдулқодир Муҳиддинов кашида, яке аз одамони асосӣ барои ташкили Тоҷикистони Шӯравӣ донистааст. Ҳоло шарҳи ин хонандаро ба нашр расонда, аз муаррихону донишмандон ва афроди огоҳ низ мехоҳем, назару мақолаҳои худро дар ин бора ба мо фиристанд.
“Дар ҳамон вақт ҳам пул роли асосиро мебозид. Агар Абдулқодир Муҳиддинов намебуд, ҳеч гоҳ Тоҷикистон давлати алоҳида намегардид. Ӯ ҚАҲРАМОНИ рақами 1 аст. Дигар ҳеч кас ёрои ин кори бузургро анҷом доданро надошт. На Садриддин Айнӣ, на Нусратулло Махсум ва на дигарон.
Ӯ буд, ки Нусратулло Махсумро то Маскав бурд, то бо Иосиф Сталин ҳамсӯҳбат шавад. Устод Айнӣ бо китобаш (Намунаи адабиёти тоҷик) ба худ шуҳрат дод ва ба ин васила мо ҳоло фикр мекунем, кори асосиро ӯ кардааст. Дигар нависандагон низ, ки Айниро бузург мешуморанд, дуруст аст, вале дар масъалаи миллӣ не. Танҳо масъалаи Фарҳангӣ ва забон.
Дар масъалаи миллии Тоҷикон дар асри 20 танҳо саҳми Абдулқодир Муҳиддинов чун ташкилкунандаи мубориза зидди пантуркистон нақши бориз ва ҳалкунанда дорад. Азбаски эшон мисли устод Айнӣ машғулияти эҷодӣ надошт, шуҳратманд нагардид. Аз ин рӯ, дар мафкураи нависандагону шоирон то ин дам хуб нақш набастааст.
Ҳар нависанда ва умуман эҷодкоре, ки ба саҳнаи илму адаб роҳ меёбад, маҷбур аст, устод Айниро дар масъалаи муборизаҳои зидди пантуркистӣ дар ҷойи аввал бигузорад. Ҳол он ки дар он давр на маҳсули эҷодие чун китоби устод Айнӣ, балки боз ҳам пулдории Абдулқодир Муҳиддинов роли асосиро мебозид. Яъне, ӯ моро соҳиби давлат кардааст.
Агар ҳазор Айнии донишманди бепул медоштему ягон Абдулқодири миллионер, ҳеч гоҳ имрӯз Тоҷикистон давлати ман гуфта намефахридем. Ҳам пул лозим буду ҳам дониши сиёсӣ ва худшиносӣ. Абдулқодир Муҳиддинов ин ҳардуро дошт. Аммо устод Айнӣ танҳо эҷодкор буду нависанда.
Як бандаи Худо”