Бахшҳо

Даъвати Муҳаммадӣ барои кору зиндагии тоҷикон дар Дубай

Дар пайи афзоиши ҳолатҳои таҳқир ва куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, яке аз корбарони “Озодагон” бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ ҳамватанони худро барои кор ба Иморати Муттаҳидаи Араб даъват менамояд.

Абдулқодири Муҳаммадӣ, ҷавони тоҷик, ки чанд соли умри худро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст, мегӯяд, барои муҳоҷирони кории тоҷик макони беҳтаре ҷуз Иморот наметавон пайдо кард.

Ба гуфтаи ӯ, Иморот аз Русия дида бартариҳои зиёд дорад. “Тавре мушоҳида кардам, дар шаҳри Дубай бачаҳои тоҷик зиёданду вазъи эшон аз ҳамватанони дар Русия будаашон беҳтар аст. Ҳар вақт инҷо ба коре қабул шудед, аввалин гоме корхона мебардорад, ин дуруст кардани ҳуҷҷатгузории Шумо, таъмини сару либос ва ҷойи зисту ғизо мебошад. Инчунин, ҳар моҳ як ё ду бор аз тарафи шаҳрдорӣ хонаҳои муҳоҷирин мавриди санҷиш қарор гирифта, дар сурати ҷой доштани камбуд соҳиби корхона ҷарима баста хоҳад шуд. Аз қутии ёрии аввалияи тиббӣ сар карда, то болишту болопӯш ва кондитсонеру яхдон бояд дар ҳуҷраҳо бошад. Албатта, ин ҳама аз ҳисоби корхона таъминанд. Бар иловаи ин рӯзҳои истиоҳат бидуни ягон мушкил озод метавонӣ дар кӯчаву хиёбонҳо пиёдагардӣ кунӣ. То агар ягон қонуншикание накунӣ бо пулис рӯбарӯ нахоҳӣ шуд. Имтиёзи дигар ин аст, ки ширкатҳо дар сурати рафтани коргарони худ ба ватан ҳар сол ё як тараф ё рафту баргашт пули чиптаи ҳавопайморо пардохт менамоянд”,-навиштааст ӯ.

Оқои Муҳаммадӣ мегӯяд, дар ҳоле ӯ ҳамватанони худро барои кор ба Иморот мехонад, ки шахсан чанд соли умрашро ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Русия сипарӣ кардаву аз рӯзҳои сахти онҳо дар ин кишвари бегона огоҳ аст: “Вақтҳои охир дар матбуот ва интернет ҳамааш аз тақдири муҳоҷирон ва будубоши онҳо дар Русия менависанд. Банда бо ин ҳарфу пешниҳод танҳо мехоҳам, чизеро, ки худ дорам бародарону ҳамватанонам ҳам дошта бошанд. Банда қариб се сол дар шаҳрҳои гуногуни Русия будам, аз ҷумла дар Маскав. Тоҷикон дар Русия бадтарин ҷои корро доранду шароити пасти зиндагӣ нисбат ба дигар қавму миллатҳо насиби онҳост. Барои мисол озариҳо ё қавму миллатҳои дигар ба тиҷорат, муҳандисӣ машғуланду аммо тоҷикҳо дар бозор аробакашӣ, дар сохтмонҳо корҳои пастро мекунанд. Ин воқеиятест, ки наметавон инкораш кард. Бар замми ин ҳама, аз дасти пулис ва русҳои миллатгаро ҳамеша дар азобанд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистони дорои шиносномаҳои русӣ дар муноқишаи Душанбею Маскав дар соли 2011 мавриди фишору таъқиб қарор доштанд. Шиносномаҳои онҳоро ба табааи Русия доштани эшон низ нигоҳ накарда, пора карданду ба ватан ихроҷ намуда буданд.”

Хонандаи мо гуфтааст, ҳоло ҷомеаи Иморот ба мардони соҳибкору дорои маълумот ва тоҷирони муваффақ ниёз дорад. “Албатта, барои ҳамватанони дорои маълумоти миёна низ корҳо зиёданд, ҳоло бисёре аз бачаҳои тоҷик дар марказҳои савдову ошхона ба ҳайси корфармою иҷрогар фаъолият доранд. Фазои ин минтақа низ барои ба роҳ мондани нақшаҳои тиҷорию соҳибкорӣ бисёр мувофиқ мебошад. Барои фаъолияти ин қишр ҳамагуна шароитҳо фароҳам мебошад. Чизи аз ҳама муҳим ин ки тоҷирон аз аксар намуди андозҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон месупоранд, дар инҷо озоданд”,-таъкид доштааст Абдулқодири Муҳаммадӣ.
Мӯҳр
Карим
боз хамин чавонои моро ба танфуруши даъват накуни?

Петросиян,
Мулоҳизаи дуруст кардӣ, "арманӣ". Барои дар Дубай кор кардан бод забонҳои арабӣ ё англисиро дар сатҳи дуруст донӣ. Вагарна ягон шанси кор ёфтан надорӣ. Онҷо аробакашҳо нестанд. Ҳама соҳиби мошин. Савдо асосан дар супермаркетҳо сурат мегирад, ки аробачаҳои мағоза ҳаст. Ҳар кас борашро то мошин худаш мебарад. Агар саводи кофӣ дорӣ, ба Гугл даро ва савол деҳ. Мана ин тавр: " Дубай. Имконияти ёфтани кор." (Дубай. "Возможности трудоустройства". "Dubai. Job opportunities"). Ба ҳамаи саволат ҷавоб меёбӣ. Аробакаширо фармӯш бикун. Дониш гир. ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ. ВА БА ҲАМА БАД БАР ТУ ҶАВШАН АСТ! Инро хитоӣ ё рус нагуфтааст, марди тоҷик гуфтааст, ҳазор сол пеш! Воқеан, ақаллан тахаллусатро дуруст навис. Ин тавр: ПЕТРОСЯН, бидуни "и" пас аз "с". Зиндаву саломат бошӣ.

Фируз
Хе додари чоне баъзе гапхоят сад дарсад дуруг аст. Лекин баъзе шароитхо аз россия хуб тар аст.
Фаромуш накун бисёри бачои мора ба Сурия аз чунин давалтхо мебаранд.

Фируз,
Ба Сурия аз Русия ҳам рафта истодаанд.

Чавоб ба бародар петросян тамоми онхое ки инчо кор меоянд чи банголи чи хиндуву филлипину гайра,забони инглисиро намедонанд охиста охиста дар рафти кор меомузанд.
Чавоб ба бародар Фируз одами сурия мерафтаги аз точикистону русия хам бошад мераванд барои одами мерафтаги шарт нест дар кишвархои араби бошад аз хама зиёд дар сурия нафароне хастанд ки аз русия рафтаанд ин ро фаромуш накунед.
Ман як пешниходи холисона кардам ба хотири худо, Хар ки дар пайи пешрафт хаст худаш омада меёбад

Бехтарин Пешниход!!! Ман Низ Дар Дубай Кор Фаолият Кардам Ба Кавле Друст Кайд Кардааст Бародари Азиз Аммо Агар дар Руссия маоши Мохонат 25-30руб Бошад Ин шароити Хуб Барояат Лек Ман 3сол Дар Иморат Будам Дар Хамин 3сол ман дар Хонаи Як Шайх Бо Исми Абумуслим Чун Хурок Паз Будам Духтарони Точик Бисёр Буданд Ин Шайх Кай Махкулаш Мешуд Бо Навбат Духтаронро Истифода Мекард маошам Хуб Буд То 5000$ Гирифта Будам!!! Агар Забони Арабиро Англисиро Хуб Донед метавонед Биравед Магар Намедонед Забонро Хубаш Дар Руссия Кор кунед чунки дар кадом ширкате кор мекунед Дар Иморот Хо Друст Чои Хоб хама шароитро дорад аммо шумо маоши пастаринро сохиб мешавед ки ба 13 14 15 20 хазор руб баробара мешаванд Интихоб Дасти Шумо Бародар!!! Худован Дар панохи Исматаш Хамаи Моро Нигахбон Бошад Омин,,,

Анвар,
АКАИ МУХАММАДИ РАХМАТИ КАЛОН БАРОИ МАСЛИХАТИ ХУБ!!!
МАН БА ВОСИТАИ ИНТЕРНЕТ БИСЕР КОРХО ЕФТАМ ДАР ДУБАЙ ВА АБУДАБИ, ВА ХАТТО МАРО ЗИЕДА АЗ 10 КОРХОНА БА ИНТНРВЮ ДАЪВАТ КАРДАНД. ВАЛЕ АЗ САБАБИ ДАР ТОЧИКИСТОН БУДАНАМ, ХОСТАМ КИ ОНХО АЗ МАН БА ВОСИТАИ СКАЙП ИНТЕРВЮ ГИРАНД, ВАЛЕ ОНХО РОЗИ НАШУДАНД. КОРДЕХХО МЕХОХАНД КИ КОРГАРРО АЗ НАЗДИК БИНАНДУ ХАМСУХБАТ ШАВАНД. АЗ ХАМИН САБАБ МАН БОЯД БА ДУБАЙ САФАР КАРДА КАМАШ ЯК МОХ ДАР ОНЧО ЗИНДАГИ КУНАМ ВА БА КОРДЕХХО ВОХУРИ ГУЗАРОНАМ.
АКАИ МУХАММАДИ АЗ ШУМО ЭХТИРОМОНА ХОХИШ МЕКУНАМ, КИ БА МАН РОЗИ АРЗОН ВА ОСОНИ БА ДУБАЙ РАФТАНУ ЗИНДАГИРО ТАВСИЯ МЕДОДЕД ВА ДАСТНИРИ МЕКАРДЕД БА ВОСИТАИ Е-МЭЙЛИ ЗЕРИН: rustik79@rambler.ru
КАБЛАН СИПОСГУЗОРАМ.
ОЗОДАГОН БО КАЙЧИ НАКУНИЮ ТЕЗТАР ЧОП КУН!!!

АсСаламу алайкум вархматулЛахи вабаракатуху. Бародарам чи корхо дар ончо хастед?

Сабури
Мухтарам Аубакр таргиби гадоии точикро дар Руссия накун.Хамин русхо буданд,ки фуру аз мохи январи соли 1992 накшаи чанги 2 майдони беклхоро дар Точикистон кашида миллатро несту нобуд карда корхонаю тачхизоташро бурда,кисмхои харбияшро гирифта,то имруз монеъаи пешравии точик гашта,боз мардикори точикро чун гуломи халкабардуш кор мефармоянд.Назарияи оне,ки русхо мехоханд точиконро пеш кунанд ин сухъанбозии сиёсатмадорони рус аст.Онхо хеч гох аз ин кувваи кории арзонтарин дар сатхи чахон руй намегардонанд.Фаромуш накунед,ки якуним миллион точик хамааш шуда агар 4 миллиард доллар фиристад пас ба иктисодиёти руси хеч набошад 64 миллиард доллар даромад меорад.Ё худ фикр кунед 3 миллион украини дар Руссия хама сола 20- миллиард доллар ба Украина мефиристанд.Яъне кувваи кории онхо бо пули калон музд мегиранд.Мо бошем бо музди паст ва тахкири зиёд.Хуцкуматдорони мо чун бесаводанд ба ин чизхо дар доираи танги махалаашон меандешанд ва бехукукию беманзили ва беморихои зиёд насли чавони миллати моро фарсуда ва аз байн мебарад.Мана инро хатари генофонди миллат мегуянд.Планкаи мардикории точик дар Руссия бояд аз 200 хазор точик зиёдтар набошад.Хар як точик бояд акидаи ба мардикори ба Руссия нарафтанро дар хонааш таргиб карда,мардикориро айб шуморад.Аминам,ки бе пули мардикорон низ роххои рушди кишвар пайдо мешаванд.Бадии кор дар инчо аст,ки дигар хама мардум бахусус аз дехот кори хочагиро партофта Руссиярав шудаанд.Ба хочагихо нигох кунед аслан занони зиёде ончо кор карда,дар мактабхо низ асосан занону бонувон кор мекунанд.Хатто дар кухистонхо низ мардум картошкакори ва богдориро,ки 5-6 сол пеш даромади нагзе доштанд партофта рафтанд.Ин амал бар зарари давлат ва миллат аст.Бояд харчи зудтар конуне кабул карда шуда.мардикоррави маън ва ё то андозаи назаррас махдуд кард.Шояд гуруххои мафиозии савдои нафту газ дар дасташон буда аз ин амал гамгин шаванд,зеро хамасола мардикори бечораи точик бо пули доштааш мошин мехараду пул хам хорич мераваду дар инчо бошад савдои бензину газ барои ронандагон меафзояд,лекин раванди мардикории зиёд тахдиди глобьали барои давлати мо дорад ва ин аники аник аст.Аз тарафи дигар мо забони русхоро мебандем.Зеро пули ночизе аз ончо мардикорон хоханд фиристод.

САЛОМ БАРОДАР МУҲАМАДДӢ. ХУДО РАҲМАТ КУНАД ПАДАРУ МОДАРАТРО КИ ЧУНИН ФАРЗАНДИ БОЭЪТИМОД БА НАФС ВА БО ҒАЙРАТ ПАРВАРИДААНД. БЕҲТАРИН ПЕШНИҲОДРО ШУМО НАМУДЕД. ЗЕРО БА ФАРМУДАИ ҚУРЪОНИ МАҶИД ЗАМИНИ ХУДО БУЗУРГ АСТ МУҲОҶИРАТ КУНЕД БА ОНҶОЙҲО. ҲАМА ЧАСПИДААНД БА РУСИЯ МАГАР ДАР ДУНЁ ҶОИ ДИГАР НЕСТ? БЕҲТАРИН ҶОЙҲО ВУҶУД ДОРАД. БАРОИ ТАЪЙИДИ СУХУНИ БАРОДАР МУҲАММАДӢ МЕТАВОНАМ АЗ ЯК БАРОДАРЕ СУХАН КУНАМ, КИ СОЛИЁНИ ДАРОЗ ДАР АТРОФИ МАСКВА БА РОНАНДАГИИ ТАКСИ МАШҒУЛ БУДАНД. ВАЛЕ БАЪД АЗ МУДДАТЕ БА ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ АВРУПОӢ САФАР КАРД. БАЪДИ ШАШ МОҲ МАН БО Ӯ АЗ ТАРИҚИ ИНТЕРНЕТ ЗАМСӮҲБАТ ШУДАМ ВА АЗ ВАЗЪИ Ӯ ПУРСОН ШУДАМ. Ӯ БА МАН ГУФТ БАРОДАР ДАР КӮЧАҲОИ ИНҶО ГАШТАНАМ БЕШТАР ВА БЕҲТАР АЗ РАСИЯ ПУЛ МЕЁБАМ. ҲАЙФ КИ МАН ЗУДТАР АЗ РУСИЯ ХОРИҶ НАШУДАМ. ИН БАРОДАР МЕГӮЯ АЗ ТАМОМИ ҶИҲАТ БОЛОТАР АЗ РУСИЯ АСТ ИНҶО. АЗ ҲАМАҶИҲАТ ҲАТТО АЗ ҶИҲАТИ РАСМУ РУСУМОТИ ДИНИ ИСЛОМ ДАР ИНҶО ОЗОДТАР ҲАСТЕМ. АЛБТТА МО РУСИЯРО НАМЕГӮЕМ КИ БАД АСТ. ИН ХУДИ МО ҲАСТЕМ КИ ОНҲОРО ВА ПУЛИСҲОИ ОНҲО БО ИН ҲОЛАТ ОДАТ ДОДЕМ. АГАР МО ҚАВОНИНИ ШАҲРВАНДИРО ДУРУСТ МЕДОНИСТЕМ ҲЕҶГОҲ БА МО ЗУР НАМЕГУФТАНД ВА МОРО ЗЕРИ АЗОБУ ШИКАНҶО КОР НАМЕФАРМИДАНД ВА АЗ ТАРАФИ ДИГАР ПУШТИБОНИИ НАКАРДАНИ ҲУКУМАТДОРОНИ ТОҶИКИСТОН АСТ, КИ АЗ ШАҲРВАНДОНИ ХУД ДИФОЪ НАМЕКУНАД ФАҚАТ БА ФИКРИ ҶАМЪОВАРИИ ПУЛУ МОЛИ ИН МУҲОҶИРОНИ БЕЧОРА ҲАСТАНДУ БАС! БА ПРЕЗИДЕНТИ ЧИЧНЯ НИГОҲ КУНЕД ҲАР КАСЕ КИ БА МИЛЛАТАШ НИСБАТИ ТАҲҚИР МЕДИҲАД, ӮРО ТАВРЕ МЕКУНАД КИ АЗ МИЛЛАТАШ БАХШИШ МЕПУРСАД! ВАЛЕ МАҚОМОТИ РУСИЯҲАМ ОНҲОЕ КИ ДАХЛНОК ҲАСТАНД НИСБАТ БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ХЕЛЕ БАД РАФТОН МЕКУНАНД АЛБАТТА НАҲАМАИ ОНҲО БАЪЗЕ АЗ ОНҲО. ЧУН ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ НИСБАТ ҲАМАИ МУҲОҶИРОН ЭҲТИРОМ ҚОИЛ АСТ ВА ИДДАЕ ДИГАР. ХУЛОСА БЕҲТАР АСТ, КИ МАРДУМИ ТОҶИК ЯК КАМТАР ФИКР КУНАНД БА КИШВАРҲОИ АРАБӢ ВА АВРУПОӢ РАВАНД БАЪД РУСИЯ БА ҚАДРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК МЕРАСАД.

Дар хакикат дар Руссия холи мардуми Точик хелло баъд аст

агар ман ба Дубай равам ки холо ягон бор ончоро надидаам метавонед дастгири кунед, яъне факат рохи корро нишон дихед шуд. ман забони англисиро ба кадри имкон медонам. агар дастгири мекан\рден миннатдор меншудам

агар ман ба Дубай равам ки холо ягон бор ончоро надидаам метавонед дастгири кунед, яъне факат рохи корро нишон дихед шуд. ман забони англисиро ба кадри имкон медонам. агар дастгири мекан\рден миннатдор меншудам

Занг занед мехом барои кор ба Дубай равам

+992935450909

Salom aleyk Aka agar joi kor boshad minatdor me shid am AZ shumo agar kumak mekarded dar rusiya kor nakardaam ammo dar vatan az jihati nabudani mablag tangisihoi ziyode kashidaam VA holo niz dar hamin vaziyat karor doram zaboni anglisiro khub medonam dar Mohi august 18 sola meshavam

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)