Бахшҳо

Эшони Нуриддин бе минбар, Барзу рафт, Зайд зиндонист... Чӣ мехоҳем?

Далер ШАРИФОВ,
журналист


Тақрибан як сол мешавад, ки Зайд Саидов миёни чаҳор девор аст. Тамоми расонаҳои мустақил дар бораи ӯ навишт. Хулосаи ҳамаи навиштаҳо нишон медиҳад, ки ӯ як марди беозор, тоҷири муваффақ ва шахси меҳрубону ватандӯст ва ҷонибдори ободии ватан будааст. Мардум ҳам ба ҷинояткор будани ӯ бовар накарданд, вале ӯ 26 сол ҳукми зиндонро гирифт ва тақрибан як сол мешавад, дар кӯчаҳои Душанбе қадам намезанад.

Мо аз пушти панҷара рафтани ӯ чӣ гирифтем? Чӣ қадар ҷойҳои корӣ муҳайё гардид? Чӣ қадар корхонаҳои саноатӣ фаъол шуданд? Онҳое, ки Зайдро пушти панҷара бурданд, ба ивазаш ба мардум киро намуна пешниҳод карданд? Ҳукумат чанд нафар мисли Зайд кадрҳои фаъол дар тиҷорату саноату сохтмон тайёр кард, ки баъд аз ҳабси Зайд онҳоро муаррифӣ кунад ва бигӯяд, инҳо аз Зайд беҳтаранд?! Ё ба 26 сол зиндон кардани Зайд мо чиро мехоҳем ба мардум бифаҳмонем? Мехоҳем, бигӯем, ки касе дар фикри Точикистони нав набошад? Як формулаи рушди кишварро аз байн бурдем, аммо то ҳол ба ивазаш формулаи наве ба ҷонибдорону пайравонаш пешниҳод накардаем. Агар фарзан Зайд Саид 26 сол паси панҷара биншинад, ҳеч манфиате ба Тоҷикистон нест. То ҳол касе фаҳмонда наметавонад Зайд Саид чӣ хатаре ба ҷомеа дошт, ки ин ҳукми сангинро гирифт.

Минбарашонро гирифтем. Ба ҷояшон киро гузоштем?

Ду сол пеш Шӯрои уламо ва Кумитаи дин руҳониёне чун Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо, Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ, Эшони Маҳмуд ва чанд нафар имомхатибонеро, ки воизони хуб буданду пайравони зиёд доранд, аз минбарҳояшон маҳрум кард. Инҳоро даҳ нафару сад нафар не, балки ҳазорҳо нафар гӯш мекунанду пайраву мухлисашон ҳастанд. Бар ивази чунин воизон ба мусалмонҳои Тоҷикистон киро пешниҳод карданд? Аз ин иқдом чӣ ба даст омад? Ба ҷуз нобоварӣ, тафриқа, бадбинӣ?! Магар аз ҳамин тариқ мешавад дили мардумро ба даст оварду аз ояндаи нек ба онҳо суҳбат кард?

Кашмакашҳои мазҳабӣ рӯз то рӯз меҷӯшад. Танҳо бо ҷаноби Саидмукарам Абдулқодирзода намешавад, ки пеши роҳи онҳоро гирифт. Касе то ба имрӯз таҳлил намекунад, ки аз ин амал чӣ ба даст омаду чӣ аз даст рафт? Шояд ҳоло фазо ором тобаду гӯиё чизе рух надодааст, аммо ин тавр ҳам нест. Худо накарда фитна бузург шавад, мо дар ҷанги мазҳабӣ шикаст хӯрем, оё ин уламо бо пайравонашон ба кумаки ҳукумат мешитобанд, ё не? Он вақт ба ҳарфи ҳукумат гӯш медиҳанд, ё не? То ҳол маълум нест, чаро чунин ҳодиса ба вуқуъ омад. Кӣ болои чӣ такя карду чунин тасмим гирифт ва ояндаро норӯшан кард.

Барзу рафт. Дар Душанбе кӣ монд?

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, аз Тоҷикистон рафт ва ҳоло дар хориҷа машғули кор асту муваффақ. Мо аз рафтани Барзу чӣ гирифтем? Ин қадар театрҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, чанд Барзу доранд? Шояд касе бигӯяд, ки Барзуро ин қадар воҳима мекунед, худаш кист, як коргардони театр. Гап сари Барзу нест, гап сари он аст, ки мо имрӯз дар Тоҷикистон ба ҷои Барзу ба мухлисонаш киро пешниҳод мекунем, то намоишномаҳояш дар сатҳи Барзу бошад?

Идҳои беохири мансабдорон дар баробари фақр

Шурӯъ аз соли 1999 ҳукумати Тоҷикистон ҷашнҳои бузурге дар мавзӯъҳои гуногун доир кардааст. Аз қабили “Ҳазору садсолагии давлати Сомониён”, “Тамаддуни ориёӣ”, “Соли оби тоза”, "Соли Имоми Аъзам" ва ба ин монанд ҳамасола даҳҳо ҷашнро баргузор мекунад. Дар ин ҷашнҳо ҳазорон донишҷӯ ҷалб шудаву миллионҳо сомонӣ пули буҷа сарф шудааст. Ин ҷашнвораҳо то ба имрӯз барои мо ва давлат чӣ доданд? Кӣ таҳлил кардаву таъсиру натиҷаи онҳоро барои миллат пешниҳод кардааст? Шояд бар ивази ин ҷашнвораҳо чанд корхона сохта мешуду чанд ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон муҳайё? Хулоса, мо ба ивази ҳар дирам, ҳар порча матоъ ва он қадар нерӯе, ки дар ин ҷашнвораҳо сарф шуд, чӣ гирифтем ва ба ин суол кӣ бояд посух бидиҳад?

Мушкилотро ҳал бояд кард, на мубориза бо мухолифон

Солҳои охир фишор болои мухолифон ва онҳое, ки ба баъзе аз амалкардҳои ҳукумат розӣ нестанд, ба ҳар навъе зиёд шудааст. То кунун ҳукумат ё мақомоти алоҳида аз ин фишорҳо чӣ гирифтаанд ба касе маълум нест. Оё баъд аз ин қадар фишор ва беобрӯкунии ҷониби дигар кадом як мушкили миллат ҳал гардид? Мардум бо барқ таъмин шуд? Муҳоҷират аз байн рафт? Мактабҳо пурра бепул шуданд? Хизматрасонии тиббӣ ба сатҳи миёна баромад? Хуллас, кадом мушикилиро чунин бархӯрдҳо ҳал карданд? Агар мо аз субҳ то шом тамоми шабакаҳои телевизионӣ, ҳафтаномаҳои давлатиро пур аз танқиди Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ё ҳар равшанфикру мухолифи дигар кунем, ягон проблемаи давлату миллат ҳал намешавад. Баръакс, мо боз ба буҳронҳои дигар рӯбарӯ мешавем. Давлат тамоми нерӯяшро бояд барои ҳалли мушкилот равона кунад, на дар пайи саркӯб кардани мухолифон бошад.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон новобаста ба касбу кораш ҳақ дорад, чунин суолҳоро аз ҳукумат бикунад ва посух бигирад. Магар ин ҷои бадӣ дорад ва ё ҷомеаро ноором мекунад? Вақте давлат мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, бояд аз тамоми нерӯву ақлҳо кор бигирад, муколамаро ба роҳ монад. Замоне Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳукумати Шӯравӣ ҳангоми репрессияи сталинӣ аз байн бурд, аммо миллати тоҷик боқӣ монд. Танҳо ин нанги таърихӣ бар дӯши Сталин монду бас.

Худо накунад, ки чунин амал аз ҷониби тоҷик ба тоҷик рух бидиҳад ва он вақт то дунё ҳаст, мо шармандаи таърих хоҳем шуд!

PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Бузургмехр
Факат хаминро гуфтаниям:
Ай мугбачаи дахр бидех чоми маям,
К-аз низои шиаю сунни омад каям.
Чоми агар пурсанд чи мазхаб дори,
Сад шукр,ки харшиаю сагсунни наям. Нагу бародари журналист хамаашро вакт нишон медихад...тамом.

Бахром
ба ин саволхои шумо як чавоб аст бародар. хамаи инхоро агар намегирфтем, ин игвоандозон Точикистони оромро ба Сурияву Афгонистон табдил медоданд.

Худоро 1000он шукр ки ороми дорем, бигузор ки озоди хам надощта бошем

33 33
Мақсад аз ин суолҳои ҷавобдору беҷавоб даъвати мардум аст... ба чи рангҳое ҳануз маълум нест...фақад ин қадар маълумки гузаштани мактабҳои Нуриву Тураҷонзода ва Кабири ба ҳаркас ҳам муясар намешавад...метонанда...пеши роҳи якташа мегиран ки бо дигараш мебарояд...ногоҳон мебиники пешво...инҳоро дар куҷо тайёр мекардабошанд...ин нафаро содаву нодон пиндоштанҳам ғалат аст...мо ҳарчи мегуему менависем амо ин кудак ҳануз чеҳраи ношинохта боқи мемонаду ҳар соат бузург мешавад...насли мармуз..шиорпартоиҳои ҳадафмандона...пеши маҷроро бояд гирифт..аммо бо кадом шева..гоҳоӣшавқам меояду эътироф мекунам ки на бояд чунин нафаронҳам бошанд то моҳам биҷунбем...

Аскар
Эй халк Шумо холо танхо аз Барузуву Зайду оне, ки имконияти худро муаррифм карданро дошт огохи дори, медони ки дар Россия 75 доктори илм ва 375 номзади илм аз Точикистон фаъолияту кор доранд, ки ягон академики точикистонии имруза ба нохуни пои онхо баробар шуда наметавонад ва медонед, ки онхо барои дастгирии мардикорон чи корхоеро карда истодаанд. ЭЙ ВОЙ БАР МАН ЭЙ ВОЙ БАР МО,,,,,

Бародар баъзан дар як оила ки аз 8 ва ё 6 нафар иборат аст нофахмои мешаваду бародарон чанг мекунанд. офарин ба ин хукуматдорон ки 8 млн одамро идора мекнад. ту як фикр кун ранги ту 10 то бошад душман даркор нест. ва ин савола хама медонаду ранги ту овозава дарвоза намекунанд рав укка босаводи ба касе савол дори бахс кун аммо диккати мардумро ба андешаи худат чалб накун ту журналисти ба мо ХАБАР те САВОЛНЕ ва ин вазифаи ту нес аз инчо малум мешавадки ту хамика савод дори. агар тони ба ин саволхоят худат чавоб гардон

SHAHRVAND
BISER OLI NAVISHTAI
,GAP NEST

ee bo tu jirnalistcha namerasidi.vaktat sar kardai???yo zaidata yod kardi???inro mo medonem ki sababi tojik muhojir shudan hamin kabirivu turazodahotu zaidat shuda budand.

OFARIN DALER !

DARDI DILI MARDUMA NAVISHTI

Мадина
ман хайронам. Магар Турачонзода мансабу минбар мехохад. Агар чунин бошад, пас ин бори дигар рухонии вокеи набудани уро собит месозад. Зеро дин аз сиёсат болост. Сиёсатхо тагйир меёбанд, вале китобхои осмони ва паёмбарон на. Дуввум Зайд Саидовро чабрдида метарошед. Охир ин чабрдида дар мансаби вазири замоне кор мекард. Чи коре анчом дод барои мардум, надидем. Барзу бо мухити театрии Киргизистон баъди чангхои шахрванди ошност ва хамчун эчодкор ин ватанро интихоб намдуааст ва бо икдоми шахси.

Чаро мадинаро надодед?

Мухлис
Офарин - хело саволхои ба вакту ба маврид !!!

Офарин - хело саволхои ба вакту ба маврид !

in se nafari guftagit zarar dorandu foida ne ba vatan.in toifahoro hamasha peshi zaid ravon kuned to ki tinj gardem.

Tojik
Фарзанд,
Barodari aziz ba misli shumo va JASURe ki nazari hudashro guzoshtaast torikfikron bisor ast. Bisyor javonone ast ki fikr mekunand ki az davlatdoroni mo digar adolattarin davlatdor nest dar dunyo. Az hob nahestaand, baroi hamun guna odamost. Va ba davlatdoronro shunavondan ast. Rahmat ba on padaru modare ki turo ba dunyo ovardaast Daler barodari aziz. Man bisyor mehoham in guna makolaho bisyoor shavand, chun ki dar hakikat hastand kasone ki davlatdoroni mo ba in korho dast zadanashon maksadi nopok dorand. Behtarin suhanho az barodari aziz DALER

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)