Бахшҳо

“Агар русҳо набуданд, дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем”

Дар пайи нашри нуқтаи назари Қодири Рустам, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дар бораи “лентаи Георгий” ва иртиботи он бо миллати мо даҳҳо нафар шарҳи худро фирстоданд. Дар ин миён хонандае бо номи Ҷамшед Азимов як номаи бузурге фиристодааст, ки ҳоло дар шакли комил чоп мекунем.

“Салом бар Шумо бод, устод Қодири Рустам. Ман дарди Шуморо хуб мефаҳмам. Дарди Шумо дарди миллат, дарди ин марзу бум аст. Ва "лентаи Георгий" барои гуфтани ин дардҳо баҳонае беш нест. Хеле хуб. Аммо устоди гиромӣ, Шумо низ чун бештари ҳангомасозони расонаҳои хабарӣ "лентаи Георгий"-ро аз "лентаи гвардия" фарқ накардаед. Байни ин лентаҳо фарқ зиёд аст: аввалӣ моли Русияи подшоҳист, ки аз се банди сиёҳ ва ду банди зарди тиллоӣ иборат аст, дувумӣ моли СССР аст, ки ба Ҷанги ҷаҳонии дуюм рабт дорад ва аз се банди сиёҳ ва ду банди норанҷӣ иборат аст. Ин лентаҳо, ки имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд ва Шумо, устоди гиромӣ, инро мехоҳед ё на, "лентаи гвардия" ба таърихи мо рабт дорад. Инкори таърих инкори падару модар аст.

Дигар, устоди азиз, пурсише дорам: мегуфтед, ки ин русбадбинии Шумо аз куҷост? Дар маҷмуъ, ҳеч миллате ва ҳеч халқе бад буда наметавонад, нодурусткорӣ аз роҳбарони манфиатҷӯст. Инҷониб ба ҳамаи халқу миллатҳо эҳтиром дорам, бавежа ба русҳо. Шумо таърихи Бухорои амирӣ ва ба Осиёи Марказӣ даст ёфтани русҳоро аз ман хубтар медонед. Дуруст аст, ки нодурусткориҳо ва иштибоҳҳо зиёд буданд, вале ин нукта мусаллам аст, ки агар русҳо набуданд, кӯчиён миллати тоҷикро аз байн бурда буданд, агар русҳо набуданд, имрӯз мо дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем, на ин Душанберо доштем, на шаҳрҳои дигарамонро ба ин гуна ки ҳастанд, месохтем, банди эзорамон як метр, ришамон ҳафт ман, ба манғитиҳо зану духтаронамонро фурӯхта мегаштем (нигаред ба "Рисолаи таърихӣ-и Аҳмади Дониш"). Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки Аҳмади Дониш пас аз сафарҳо ба Русия дар Бухорои ба рӯзи сиёҳ (дар ҷаҳлу торикии асримиёнагӣ) нишаста хишти аввали маорифпарвариро гузошт. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо Устод Айниро аз обхонаи Бухоро берун кашиданд ва аз марг наҷоташ доданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо пояи ҳукумати манғитияро аз Бухоро барчиданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон таъсис шуд ва Устод Айнӣ моро аз зери хокистари таърих кофту ёфт. Ё ин ҳамаро инкор мекунед? (Рӯйи масъалаи Самарқанду Бухоро гуфтаниҳо зиёд аст, вале на ин ҷо).

Дигар, (баҳсҳои Узбакистону дигару дигар баҳсҳои сиёсианд, ман рӯйи инҳо чизе намегӯям) устоди гиромӣ, агар русҳо дар умум ба мардуми тоҷик эҳтиром надоранд, айби мост, на онҳо. Дуруст аст, ки онҳо ба тоҷикони бофарҳанг зиёд эҳтиром мегузоранд. Ман инро дар суҳбат бо аҳли фарҳанг ва маорифи ин кишвар борҳо шунидаам, ки мегуфтанд миллати тоҷик ягона миллати порисгӯи Осиёи Марказист, ки таъриху фарҳанги қадима ва бой дорад. Ҳатто соли гузашта, вақте шаш нафар хонум аз кормандони соҳаи маорифи Русия бори нахуст ба Тоҷикистон омада буданд, пас аз нишасти (семинари) серӯза ва баҳсу суҳбатҳо бо мутахассисони мо эътироф карданд, ки назарашон ба тоҷику Тоҷикистон дигар шудааст. Гумон мекардаанд, ки тоҷик ҳамон кӯчарӯби чиркину бефарҳанги Маскав аст (бубахшед, фикри онҳоро навиштам).

Оре, ин ҷо айби худи мост, вақте меравем ба кишвари дигар, чаро ба одитарин қоидаи он ҷо риоят намекунем, чаро ба дину мазҳаб ва ба расму одати он мардум эҳтиром намегузорем? Магар ҳамин мусалмонист, ҳамин эҳтиром гузоштан ба одобу расми мардуми рус аст, ки соли гузашта дар кӯчаҳои Маскав хуни даҳҳо сар гӯсфандро (қурбонӣ карда) равон кардем, ки мардуми Маскав ба ваҳшат уфтод? Ин дар назари мо ид аст, вале дар назари он мардум ваҳшигист, ки ҳатто ба ин Владимир Путин дахолат кард. Канӣ эҳтиром? Барои ин мехоҳем, ки онҳо моро эҳтиром кунанд? Устод, агар, зиёд не, пагоҳ панҷсад нафар рус (чиркину жӯлида) биёяд ба Тоҷикистон ва мазҳаб, расму одати мардумро ба масхара гиранд, занону духтарони тоҷикро таҳқир кунанду дастдарозӣ кунанд, Шумо чӣ кор мекардед? Агар ин миқдор русе, ки гирифтем пагоҳ ба Тоҷикистон омаданд ва ба мактаббачаҳои хурдсоли Тоҷикистон нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод карданд, маводи мухаддир пешниҳод карданд ва бештари ин мактаббачагон масту аласту бангӣ шуд, Шумо чӣ кор мекардед?

Тоҷик рӯзгоре ба ҷаҳон дониш дод, бо нури маърифат ниме аз ҷаҳонро рӯшан кард, имрӯз чӣ? Имрӯз ба Русия нос мебарад, героин мебарад. Чанд моҳ пеш аз як шабакаи телевизионии Русия барномае дар бораи носкаш шудани мактаббачаҳои Русия (бахусус дар вилояти Новосибирск) пахш шуд ва бо далелҳои раднашаванда дар ин "кори хайр" (паҳн кардани нури нос) даст доштани тоҷикбачаҳо гуфта шуд. Чаро боре ба ин гуна рафторҳои ношоистаи ҳаммиллатони худ дар Русия чизе намегӯем? Чаро аз маҳалбозиву ҳамдигарро ба хотири пул ва ғаразҳои шахсию маҳаллӣ куштани ҳаммилатонамон чизе намегӯем? Далелҳо зиёданд, ки бештари куштори тоҷикон дар Русия ба дасти худи тоҷикон будааст. Вале чашми мо инро намебинад, дар ҳама бадбахтиамон русҳоро гунаҳкор медонем. Чанд кушторе, ки тоссарҳо кардаанд, мебинем, ба тамоми ҷаҳон ҷор мезанем, вале кушторҳое, ки худи ҳамватанонамон кардаанд, намебинем. Худамон ба хотири маҳалламон, ба хотири деҳаамон дар Русия ҳамдигарро чашми дидан надорем, боз аз русҳо эҳтироми худро мепурсем. Ин маҳалбозии мо нишон медиҳад, ки мо ҳоло миллат нашудаем. (На ҷойи масъала аст, вале сару садоҳое, ки чанд бефарҳанг имрӯзҳо рӯйи номи Устод Айнӣ баланд кардаанд, низ нишон медиҳад, ки мо ҳамчун миллат ташаккул наёфтаем, ҳама маҳалбозу дағалбозем. Агар Устод Айнӣ аз маҳалли он бечора Асрор мебуд, номашро ҳамчун бузургтарин алломаи давру замон дар тамоми шаҳру рустои кишварҳои ҷаҳон менавишт).

Ин ба худ бо чашми ҳақорат нигаристан нест, устоди гиромӣ, ин воқеият аст, ки мо бояд дар пайи ислоҳи он шавем. Инро бо бадбинӣ ба русҳо, бо дӯст надоштани Русия, бо инкори "лентаи гвардия", бо коштани тухми низоъ дар байни тоҷику рус, бо лофи дурӯғини мусалмон будан (мусаллам аст, ки русҳо мусалмонтар аз моанд), бо таҳқири бузургони миллат наметавон ислоҳ кард.

Дигар, дар бораи мардикорони тоҷик дар Русия бо дард сухан мекунед. Дуруст аст, ки шароити кори мардикорони тоҷик дар Русия хуб нест. Вале боз ҳам (ҳарчанд дарднок аст) ҳамин Русия ба тоҷикон ҷойи кор дода. Чаро ҳамдинонатон (ки ҳама лоф мезанем, муъмин бародари муъмин) дар Арабистони Саудӣ, ки миллиард-миллиард долларро барои мусаллаҳ кардани изм-измҳои бисёре сарф мекунад, ба ҳамдинони худашон ҷойи кор намедиҳанд? Шумо хуб медонед. Чунки ин оқоҳо (бо ҳама эҳтироми ман ба онҳо) ману шуморо дар қатори одам намешуморанд, чӣ расад, ки ҷойи кор диҳанд (агар одам меҳисобиданд, ҳазорҳо нафар фарзандони нафароне, ки навад-сад сол пеш аз ин сарзамини моро тарк карда ба он ҷо рафта буданд, бо меҳнати сахт он кишварро обод кардаанд, то имрӯз шаҳрвандӣ надоранд ва дар ҳеч мақоми давлатӣ пазируфта намешаванд). Ва боз ҳам бо сад дарду ранҷ ҳам бошад, тоҷик дар сарзамини рус ҷойи кор ёфта, ҳамин рус аст, ки нонашро бо тоҷики меҳнатӣ якҷо мебинад, ва ҳамин рус аст, ки "муъмин бародари муъмин"-ро беҳтар аз кишварҳои арабӣ риоят мекунад.

Дигар, устоди азиз, Шумо низ чун муллоҳои содаандеши мо ба зоҳири масъала менигаред ва сухани "агар ба рӯйи ростат бизанад, рӯйи чапатро пеш ор" на ин маънӣ дорад, ки гӯсфанд бошӣ ва дар баробари рӯйи ростат рӯйи чапатро пеши бадхоҳат гузорӣ. На. Асли мазҳаби насронӣ муҳаббат, дӯст доштан аст, дӯст доштани душманонат чун худат ва наздиконат аст. Агар касе ба ту бад гӯяд, ту бо муҳаббат ба ӯ посух деҳ, агар касе ба ту бад кард, ту муҳаббаташ кун, ки ба гуфтаи Мавлонои Рум "аз муҳаббат талхҳо ширин шавад". Аз ин назаргоҳ, устоди гиромӣ, биёед ба касе бад нагӯем, ба кишваре бо чашми бад нанигарем, ба ҳеч миллате сухани сард нагӯем, ки сухани сард тухмест, ки аз он душманӣ рӯяд. Ба ҷойи ин ҳама миллатро тарбия кунем, насле худшинос ба воя расонем, ки дар ин гирдобҳои ҷоҳонишавӣ манфиатҳои миллату Ватанро ҳимоят кунад, ҳар ҷо равад сухан аз Ватану миллат гӯяд (на аз маҳалаш), сухан аз муҳаббат, аз бародарию дӯстӣ гӯяд, ҳар ҷо равад фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ кунад; насле тарбият кунем, ки ибораи нохуби "тоҷикиш кун"-ро ба маънои мусбаташ табдил диҳад, ба ҳамон асли орёияш, ки созандагию бунёдкорӣ ва маърифатгустарист, баргардад. Ман бовар дорам, ки мо метавонем. Ва ин вазифаи муқаддаси ману Шумост (ҳамчун зиёӣ), устоди гиромӣ.

Худо Шуморо саломат нигоҳ дорад! Дар дили ҳар фарди миллат нури хирду дониш тобида бод!”
Мӯҳр
ТОҶИК
ба ин русгаро ки дар кураи Замин ҷуз рус дигар касеро намебинад комент навиштан ҳайф аст
фақат инро дон ки дар таърих садҳо бор таъкид кардаанд ва ҳануз ҳам бо чашми худ мебинем ки русҳо ҳеҷгоҳ вафодор набуданд ва нестанд агар манофеашон тақозо кунад аз пушт ханҷар мезананд

точики баномус
Ман то хол фикр намекардам инсон то ин дарача пастфикр мешудааст ва хатто муллохоеро ки дар гуши у азон гуфтаанд ва падару модари уро никох кардаанд то у халолзода ба дунё ояд, тахкир кунад. Авал инки Чамшед Азимов! ту фикри масехиятро ба муллохои мо начаспон. Хеч муллои мо он тавр ки ту гуфтаи ("чун муллоҳои содаандеши мо ба зоҳири масъала менигаред ва сухани "агар ба рӯйи ростат бизанад, рӯйи чапатро пеш ор") намегуяд ва нагфтааст ва ин ба попхои масехи рабт дорад ва агар ту масехи боши ман узр мехохам, вале бигуям ки ин сухан ба дин шумо масехихо рабт доранд, аммо аз номат метобад, ки падару модарат мусалмон будаанд, бинобар ин пеш аз онки дигаронро насихат куни аввал рафта илм омуз ва мусалмонхоро бар дуруг тухмат назан, ки тухмат басо гунохи сангин аст.

99
Бародари азиз!
Ман шахсан ба суханони шумо зид нестам, вале медонед, ки чунин соддалавҳон, ба мисли Шумо, ба ин дунё аз "пушти панҷара" менигаред! Душманро дӯст мешуморед ва таҳлили коммунистии худро бо таърихи дуруғин исбот кардан мехоҳед. Магар фақат миллати тоҷик буд, ки рус "одам кард"? Ман намехоҳам баҳси дароз кунам, вале дониста бошед, ки моро ин соддагию зудбоварӣ аз байн мебарад, на миллатчигию мубориза.
Ҳамаи воқеаҳои таърих, дин, сиёсат, иқтисодиёт ва ғайраро аввал дар тарозуи ақл баркашед, пасон хулоса бароред. Ман ё дигаре ҳам метавонем дар ин мавзӯ достонҳо эҷод кунем, вале бовар надорам, ки имрӯз ин суханони мо ба дарди касе марҳам шавад. Муҳим нест, ки ин лентаи Георгий буд ё Ҷанги ватанӣ. Муҳим он аст, ки ин корро барои чӣ ва ба кадом мақсад рус имрӯз дар Тоҷикистон кард??? Оё дар ин бора фикр кардед? Агар тоҷик тоҷикро кушт, ин дарди дили худи мост ва мо метавонем онро шифо кунем. Вале ким-кадом нохалаф, ки ҳоло бӯи шир аз даҳонаш нарафта тоҷиккушӣ мекунад ва аз ин кори худ фахр ҳам мекунад, оқибат чӣ мешавад, оё фикр кардед? Албатта шумо гуфтед, ки ин айби худи мост. Вале, чӣ бояд кард? Мақсади муаллифро ман ҳамчун душманӣ ба миллате не, балки бедории миллат медонам, ки ин соддагиро аз байн баранд ва худшиносу мубориз шаванд, на тарсую хушомадгӯ!!!...

Алббата хамааш дуруст кайд кардед ОФАРИН!!!Лентаи гвардия ё георговская нишонаи голибият аст голибияте ки бобоям барои ман тухфа кард ва хар сол 9 май ашк мерехт

TAJ
А бача туро хамие Чамшут накадан. Аммо ман ба Шумо Чамшед Азимов назари нек дорам. Агар хамин хел навиштан гиред ва мавриди мукобилият карор бигиред чизе мешавед. Аммо холо идеяи кудакона ва хеле хеле ХОМи ХОМ доред. Ба уммеди рузи фахмиш TAJ

Душанбеги
Ташаккур, мухтарам Чамшед, барои арзи холи вокеи бо забоин равони модари.

Илова: дар охири асри XIX русхо дар корвони аввалини худ ба Хоруг ПИАНИНО оварданд, ки холо дар осорхонаи Хоруг ба намоиш гузошта шудааст.

"....агар русҳо набуданд, имрӯз мо дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем...." (Ҷамшед Азимов).
Кӣ гуфт, ки шумо аз банди ҷаҳли (ҷаҳолат-торикӣ) асримиёнагӣ баромадаед? Шумо ва амсолонатон ҳоло ҳам дар умқи ҷаҳолат қарор доред, вагарна русҳоеро, ки аз миллати тоҷик зомби (телба, манқурт) сохтаанд ва аз ин озмоиш худашон лаззат мебаранд, инқадар ба арши аъло намебардоштед.
Дуввум инки, онҳо мардикоронро муфту - ройгон роҳ надодаанд. Яке аз шартҳои тамдид намудани пойгоҳи 201и рус ба 30 сол ҳамин масъала буд. ИЛИ ПРОДЛЕНИЕ ПРЕБЫВАНИЯ 201 ДИВИЗИИ НА 49 ЛЕТ, ИЛИ ТРУДОВАЯ МИГРАЦИЯ! Яъне ё дивизияи 201 дар Тоҷикистон ба 49 сол боқӣ мемонад (барои чӣ???), ё мардикоронатонро даф мекунем. Ҷониби Тоҷикистонро онҳо бо ҳамин мушкилии дарднок шантаж мекарданд. Ин Тоҷикистон будки он 49 солро зада-зада ба 30 сол кам кард (то соли 2042). Тавре мебинед, русҳо наонқадар ғами тоҷикони бечораро мехӯранд, онҳо бештар аз паси манофеъи худашон ҳастанд.
Севвум инки, агар ҳамун "кӯчарӯбони чиркину бефарҳанг" ба Маскави чиркин даркор намешуданд, онҳоро кайҳо депорт мекарданд. Маскав медонад ки, аз майзадагони КЖКПи (кормандони хоҷагӣ) худашон нафъе нест.

.....
Офарин Джамшед Азимов!!! Барои базе бародарон зарур аст, ки асархои устод Айниро бори дигар бихонанд....

Гариб, аз гариби
Ташаккури зиёд муаллифи мухтарам. Дар хакикат дарди дили онхоеро навиштаи, ки дар Точикистон камнуфузанд. Бинобар ин дар шархнависон низ шахсоне, ки туро хамфикр нестан зиеданд, чунки худованд на бахар кас кобилияти дарк намудани фикри волоро додааст. Ба онхое, ки Чину Канадаву, Олмону, Австралияю, Филипинро мисол овардаанд, гуфтаниам, агар шумо гумон кунед, ки агар русхо намебуданд, мумкин Точикистони мо мисли ин мамлакатхо таракки мекард, "нарм карда гуем", хеле фикри хом аст. Агар русхо намебуданд, имруз дар катори Афгонистони хамсоя мебудем, на бештар аз ин. Худо хеч гох Точикистони азизро ба ин руз нарасонад.
Ман дар Афгонистону Покистон зиндаги кардаам ва чи будани вазъияти зиндаги дар ин кишвархоро хуб медонам, дар мамлакатхои гарб низ чандин сафирхои кори доштам.
Худованд мардуми Точикистонро аз махалчиги, гуруи беасос, нодони ва нодори рахо кун! Омин.

Гуё бо омадани русхо аз чахл баромада боши!

рисолат
офарин лекин ба ин бесаводон чи фахмонеду чи не инхо намефахманд

nom
Xudo donotarinay, hamawa U xubtar medona, neki ay hami ateistoi komunistda hamu kapitalisto ba fikrm soztaran... Vayronkori knan neki ay qafo bo obodtar meknan... Davlatoi sotsialitira binen dar tamomi jahon, davlatoi qawoqtarinan, ba istisnoi CHIN... davlathoi qati kapitalisto bdan imruz rushdkardaand... Koreai Janubi, FRG(Germon) Jopon...
mo oliyam qarib dar amu `asrhoi miyona` zindagi dorem- 100-200 qafo mondem...
Neki ba oyanda UMED dorem... ba UMED bowen... barodaro!!!

zoir
И мардак ай хами расмаш малумайки то холи ай дуне бехабарай
баъзехои дар назаршон метоаваки дуне ра хамихел фахмидагиян ки дига ягон кас кади уво нафахмидай не ки хабар надораки ба дуне омадай ба як дави дуне гузаштай ва ай даруни дуне дарак надора
хамин русхое ки ту ин кадар тариф мекуни дар хорича меган ки байни одаму хайвон як чизи дига худо офарида ин милати руссай
илтимос чоп кунед натарсед агар тарсед аз кор равед барои мо миллати гайюр лозим аст на тарсончаку буздил.

точик
агар русхо намебуданд шояд мисли япония таракки мекардем. агар русхо намебуданд шояд мисли аврупо мешудем. ба гуломмичозон гуфтаниам, ки тамоми дуне бе Русия зиндаги карда истоддааст ва Руссия дар чахон ба гайр аз дар пеши 2-3 гуломмичоз ранги саг кадр надорад дуне фахмид ки рус ки хасту чи хаст

барои маколаи пурмазмун ва вокей ташаккур ба Чамшед. Вокеан хам агар Русия намебуд Точикистон мисли Афгонистон мешуд, мутаассифона инро хар кас намефахмад. Барои инро фахмидан одам бояд аз сиесати хоричи ва дохили ва вазъи сиесии дуне бохабар бояд буд. Боз як бори дигар ташаккур ба хакикатнигории мухтарам Чамшед Азимов.Хайрият ки дар кишвари мо чунин шахси мефахмидагй хам будааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)