Бахшҳо

“Бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат ғазаби Парвардигорро меорад”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, аз бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат (раисиҷумҳур) худдорӣ намуда, ба ҷои он дуои хайр намоянд.

Абдулқодирзода рӯзи 2 май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа гуфт, “раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад.” Ба гуфтаи Абдулқодирзода, ки дар ин бора дар аҳодиси паёмбар низ таъкид шудааст, дар ҳаққи раҳбарон бояд дуои неку ислоҳ кард.

“Дар ҳадисҳо омадааст, ки аз лаънатгӯӣ бипарҳезед, чун ба зиндагии инсон бадбахтӣ меорад, танҳо дар ҳаққи онҳо бояд дуои ислоҳу нек ва салоҳ кард, то ислоҳ шаванд, чун эшон ислоҳ шаванд, ислоҳи Шумост”,-таъкди дошт ӯ. Сайидмукаррам Абдулқодирзода изҳор дошт, адолати яксоатаи раисиҷумҳур баробар ба 60 соли ибодат мебошад: “60 соли ибодати обид ва яксоата адолати сарвари давлат ҳарду баробар аст. Чун як шахс ибодат кардааст, агар раҳбар дар як соат адолат кунад, 7-8 миллион аз он баҳравар мешаванд ва Худованд низ ба адади ҳар яки ин мардум ба ӯ некӣ менависад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар аз намозгузорон даъват кард, ҳар вақт дар зиндагии худ бо мушкиле рӯбарӯ мешаванд, ба ҷои фитнаангезию дашном додан ва бадгӯию бадхоҳӣ нисбат ба масъулону сардорон, ба сарвари давлат ё раҳбарони худ муроҷиат кунанд. “Дар ҳар масъалае агар шакку шубҳа пеш омада, ба Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кунед ё агар дар зиндагӣ мушкиле доред, аз мутасаддиён ё худ раҳбарону сарвари давлат пурсед ва ҳар чӣ гуфтанд, аз онҳо итоат кунед, чун ҳарчӣ мегӯянд, ба нафъи Шумосту ҳеч гоҳ бар зараратон нахоҳанд гуфт. Чӣ дар соҳаи дин ё дунё бошад, ҳатмӣ ба манфиати Шумост”,-илова кард Абдулқодирзода.

Ӯ дар идома бори дигар аз нооромиҳои дохилии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, гуфт, замоне буд, ки сокинони кишвар бовар надоштанд то бегоҳ зинда мемонанд ва ҳама орзуи оромию суботро дошт: “Нафаре ба ман гуфта буд, албата, бурдани номашро муносиб намедонам, “ман ҳар саҳар ғусл мекардаму баданамро пок намуда, баъд ба берун мебаромадам, чун бовар надоштам, зинда ба хона бар мегардам ё не”. Ҳоло бархеҳо он рӯзро фаромӯш кардаанд.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба сокинон таъкид кард, ба ҷумлаҳои фитнаангезону “демократияхоҳон” аслан гӯш надиҳанд: “Ҳоло гуфтам, ки байни мардуми мусулмон ҷумлаҳое мепартоянду мегӯянд, “демократия” ҳама тарафдори демократия ҳаст, мо ҳам, вале он демократияе, ки бо дасти худ ватану хонаи худро хароб мекунем, ҳаргиз лозим нест.”
Мӯҳр
факир
Мардум кашшок ва сатхи зиндаги паст, бекори,бебарки,порагири, роххои пулаки, маош ва нафакахои ночиз,хешутаборбози ва мансабфуруши, ноадолати дар додгоххо ва додситони, андозхои баланд, сохаи пасти маориф ва тандурусти, нарххои баланд ба маводи гизо ва дорувори, интихоботхои ношаффоф ва гайридемократи ва гайраву хоказо, барои хамин проблемахо боз домулло мегуяд,ки дуои хайр кунед.

халк
ин мардаки хуб ба харзагуи гузаштааст. гуё мардуми точик кудаки беакл хасту ин фиреб медихад. ту худ бояд ба раиси чумхур дар бораи хатогихову камбудихояш сухан гуи ва ин вазифаи туст, расонидани хакикати хол ба раису чумхур. афсонахониро бас кун, холо асри 15 нест. мардумро беакл машумор. Чоп кун озодагон

In domullo maktabi miyonaro hatm kardagi boshad?

Salom
Gapi rostro gufta ast zid faqat fitnagaron me boshad !

ҷуз ин интизор намирафт!!!!!! оЁ ин сухан ро дар ҳолати оддӣ гуфа аст?!!!!

Бехтарин суханхо, офарин ба Абдукодирзода. Ба фикрам боз хам нуран алонур мешавад, агар домулло чунин баромадхояшонро ба воситаи синамои кишвар ба рох монанд. Дар вокеъ, агар бад гуфтан гирем, хеч вакт ба неки намерасем.

Исфараги
Домулло савоби адолати рохбари давлатро ку гуфти,харчанд ин мисолхои ту ба давлати исломи ва рохбари одил дахл дораду ба рохбари давлати дунявии Точикистон не.Чанд млн савоб гириашро низ гуфти.Пас чаро намегуи,ки чанд млрд гунох мегиред шохе,ки дар мулки у АДЛОЛАТ нест? Мегуи демократия нагуед,охир президент дар тамоми баромадхояш таъкид мекунад,ки мо давлати хукукбунёд,демократи ва дуняви хастем.харчанд ягон рукни ин суханхо дар ЧТ ичро намешаванд.Пас тиу зидди президент хасти?Дар зери ин суханхо зер карда карзхоро ба номи миллати точик аз ИМА-ву аврупо мегиред.Зеро давлатхои номбардашуда танхо ба давлатхои рохи демократияро пеш гирнифта карз медиханд.Имруз бошад мегуи демократия нагуед.Сулху чанг аз рафтани рахмон чи дахл дорад?Барои чи аз вазифа рафтани рахмон,ки мувофики КОНУН мероси нест бочяд бо чанг олуда бошад?*Агар рахмон чунин сулхдуст бошад барои чи чанг мешудааст?

Матин
Хушомадхои бемаврид чунон мухити масоҷидро фаро гирифтааст, ки шахс аз мусулмон будан шарм мекунад. Мардум ба хотири адои намоз ва шунидани аҳкоми шариату сухани ҳақ ба масҷид меравад ва мебинем, ки ин муллоҳо ба ҷои амри маъруф шуруъ мекунанд ба лагандбардори ва ситоиши бемаънии ба ном роҳбарон. акаи Сайидмукаррам аз шумо илтимос ба ин чоплусиҳо ҳар чи зудтар хотима диҳед ва президент вазифадор аст ба халқ хизмат кунад чун аз ҳисоби халқ маош ва имтиёзҳои зиёд дорад ва мардум ҳуқук доранд аз беадолатиҳо шикоят намоянд. Шахсан ман ба ҳайси як мусалмони оддии кишвар аз ин сиёсати динситезӣ, исломбадбини ва ба макони таърифҳои бемаънии имомхатибони имруза сахт дилсард шуда то замони тантанаи ақлу фаросат ва сиёсати солим дигар ба ягон масҷид намеравам, чун ҳассосият (аллергия) пайдо кардам.

муллохой имруза хамаш порахур ва нотарс хонаи касе равад аввал мепурсанд шумо пул доред ё не агар пул надоштабошед мегуяд ман имруз якчо меравам (заказ )дорам пагох хабар мегирам агар пул доштабошед чошда кор халай так что сураи Курьони Каримро мефурушанд аз кучо дигаро адаб мегиранд хамика гапдорум тамом ба мулохо

333
Кайхусрав. Домуллоро таъриф кардй ва нагуфтй ки раъиятпарвар бошад ва ин хислатро ба РОХБАРОН дар мачлисхои хукумат хам нагуяд, лоакал дар рузхои чумъа гуяд. Натарсад гуяд, барои прюализм (гуногунандешй- як рукни демократия). Уро мучозот намекунанд, чунки аъзои ХХДТ аст. Дин аз давлат чудост бафикрам.

Ozodagon, baroi chi sharhi maro chop nakarded? Yo ki shumo ham ba guftai urusho 'dvoinoi standart' boziho kardanied...

Агар Хазрати Умар рухаш шод бод зинда мебуд ин домуллоро танбех медод.

БА ИН АХАМИЯТ НАДИХЕД МУСАЛМОНОНИ МУХТАРАМ

бабаҷан
кадом худора мегуй?

Группа 24
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)