Дарси "мардикорӣ" дар мактабҳои Тоҷикистон?
Мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Файзобод пешниҳод кардааст, ба хотири баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирон аз синни донишомӯзӣ ба наврасони тоҷик аз “фанни муҳоҷират” дарс гуфта шавад. Абдуҷаббор Саъдиддинов, мудири мактаби рақами 20-и Файзобод ин нуктаро дар мулоқот бо намояндагони Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баён доштааст. Ӯ гуфтааст, мақомот дар бораи муҳоҷират китобчаи махсусеро таҳия карда, дастраси омӯзгорону донишомӯзон кунанд.
“Бояд соатҳои дарси забони русӣ дар мактабҳо бо ҷалби муаллимони забони русӣ бештар шуда, китобчаи махсус дар бораи муҳоҷират барои мактабҳои миёна таҳия гардад ва ҳамчун фанни дарсӣ тадрис шавад”,-таъкид доштааст ӯ.
Бар асоси иттилои Оҷонси давлатии “Ховар”, ҳафтаи гузашта масъулини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Файзобод, аз ҷумла сархатибони масҷидҳо, мудирони макотиб, раисони ҷамоат, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоҷот карда, бархе аз масоили марбут ба муҳоҷиратро шарҳ додаанд.
Дар ҳоли зоҳир, бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1 миллион ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ беш аз якуним миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия машғули кору зиндагиянд. Онҳо ҳар сол ба хонаводаашон дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки бештар аз буҷаи солонаи кишвар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |