Бахшҳо
22 апр 2014 11:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талаби Шабдолов барои гузоштани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар рӯзи таваллуди Ленин, ки ҳамасола 22 апрел таҷлил мешавад, аз мақомоти кишвар хост, барои гузоштани ҳайкали ӯ дар маркази Душанбе бикӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳайкали доҳии коммунистҳо, ки ҳашт соли пеш аз маркази Душанбе барчида шуда буд, ҳоло дар анбори Вазорати фарҳанг дар ҳоли ногуворе қарор дорад.

“Ҳамон рӯзе, ки муҷассамаи Ленин дар Душанбе дубора барқарор гардид, фаҳмед, ки тағйироти ҷиддӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам берунӣ мешавад”,-мегӯяд Шабдолов. Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон дар идома гуфт, ин ҳайкали Ленин ҳамагӣ баъд аз як соли ташкил ёфтани Тоҷикистони Шӯравӣ ба кишвар оварда шудааст ва бояд дар ҷои муносибе ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз мешуд.

“Ин ҳайкали нахустини Ленин дар Осиё буд, ки 8 сол мешавад, дар анборхонаи Вазорати фарҳанг хоб аст. Нусхаи дуюми ҳамин ҳайкал дар Санкт-Петербург аст, ки онро хуб нигоҳ медоранд. Ин хел муносибат кардан зарур аст. Ба ҷуз ин, дар Финландия ва Ҳиндустон низ ҳайкали Ленин то ҳол пойбарҷост. Дар мо шарм мекунанд аз дасти росте, ки роҳи ростро барои мардуми заҳматкаш нишон медиҳад. Ба нафаре муҷассамаи ин шахси бузург маъқул набошад, наздаш наравад. Монанд, ки мо онро дар ҷояш гузорем”,-таъкид кард ӯ.

То чанд соли пеш ҳайкали Владимир Ленин, доҳии пролетариатҳои ҷаҳон, дар марказҳои аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон вуҷуд дошт ва ба қавли Шабдолов бо дасти росташ мардумро раҳнамоӣ мекард. Вале ҳоло ин муҷассамаҳо як-як ҷои худро ба Исмоили Сомонӣ, парчаму нишони миллӣ ва шоирону шахсиятҳои шинохтаи тоҷик додаанд.

Кандани ҳайкали Ленин, дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ, нахуст аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 шурӯъ шудааст. Тасмими баркандани ин ҳайкал бо қарори шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов сурат гирифта, эътирози густурдаи коммунистҳоро ба вуҷуд овард ва Қадриддин Аслоновро аз мақомаш барканор кард.
Мӯҳр
Ба шархнависони зур: агар зур мебудетон ин гапотона 25 сол пеш мезадетон, ё ки зур бошетон холиям дер не, майдон азони шумо... wink

Ахмад аз русия
Мо мухочирон аз чаноби оли хохиш мекунем Ки дар зодрузи лелин як тухфа ба халки комуниста мекард ба чои хайкали Ленин шабдолуфа мемонд илтимос. Чанобиоли хохиши мухочироната раднакун ...озодагон илтимос чопкун

99
Ҳайкали ленина не, ҳамин ҳайкали шабдолова худаша монед!

Дигар ленин нагуед ким кайхо аз фикри халк берун шудааст хамто чавонони имруза ленинро намешиносад ва шинохтан хам намехохад,

123
хами шабдолуф насабаша точики кунад чихел мешудабоша ааа??????

Поягузори давлати точикон Исмоили Сомони аст, на Ленин -"бародар рах намо"!!! Бо омадани Ленин давлати точикон кучак ва хурд шуд. Хайкали Ленинро хамчун як шахси таърихи дар як гушаи шахр, навохи ва ё вилоят гузоштан чои айбе надорад.

Рустам
Ба мухочир аз Россия ва Хущбахт . Ба хама маълум аст, хайкали Ленинро кихо сарозеркарданд. Баъдан маълум гашт, ки ин кори хатто, хатто ба Худо хам маъкул наафтода будааст, ки ин чаласаводон окибат маглуб гаштанд, зеро хама чиз бо хости Худост. Дуруст мегуянд дар урфият, хар кас аз нияташ мебинад. Шумо чанобони чаласавод ва хомиёнатон, гайр аз тахкир, тухмат ва чангу чидол андохтан ба кори дигари манфиатноке кодир нестед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)