Зоиров: Яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Айнӣ гузошта шавад
Нарзихон Зоиров, мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон пешниҳод кардааст, ки яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Садриддин Айнӣ гузошта шаванд. Ин нуктаро номбурда зимни маросими ёдбуди Устод Айнӣ дар шаҳри Теҳрон иброз доштааст.
Ӯ афзуда, ки “ин амр дар таҳкими дӯстии ду миллати бародари тоҷику эронӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, чун дар Тоҷикистон чандин шаҳру ноҳия ва муассисаҳои пажуҳишию хиёбонҳо ба номи адибони эронӣ номгузорӣ шудаанд”.
Ба қавли мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон, Устод Айнӣ ҳамзамон бо Нимо Юшич, падари шеъри форсии Эрон аввалин бор шеъри сафед сурудааст. “Ҳамаи форсизабонони Осиёи Миёна дар амри ташкилшавии давлати Тоҷикистон мадюну марҳуни ин донишманди фарзона ҳастанд, зеро Устод тани танҳо бо мухолифон мубориза намуд ва бо қалами бурроаш дар шаклгирии давлати навпои Тоҷикистон ҷонашро ба гарав гузошт”,-афзуда ҷаноби Зоиров.
Маросими ёдбуд бо ибтикори Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё (ИРАС) ба муносибати зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ баргузор шуда, дар он шахсият ва мақомҳои дипломатии муқими Теҳрон, рӯзноманигорон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён ширкат доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |