Бахшҳо
18 апр 2014 22:11Тоҷикистон / Сиёсат

Паҳн кардани диски “Нури наҳзат” ва варақаҳои зидди ҲНИТ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, диск ва варақаҳои зидди чанд аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Намиҷон Самиев, раҳбари собиқи дафтари ҳизб дар шимоли кишвар, паҳн карда шудааст.

То ҳол маълум нест, ин корро чӣ касе ё гуруҳе анҷом додааст ва феълан Раёсати умури дохилии Суғд ҳам дар ин замина изҳори беиттилоӣ мекунад. Вале хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, диски “Нури наҳзат” дар пушти дари бархе аз сокинони Хуҷанд партофта шуда, варақаи иборат аз ду саҳифа, ки зоҳиран аз Фейсбук нусхабардорӣ гардидааст, дар даромадгоҳи чанд манзили баландошёна ва, инчунин, масҷиди “Нури ислом” часпонда шудааст. Дар ин варақа бештар дар бораи гӯиё равобити маҳрамонаи Намиҷон Самиев бо як духтаре, ки аз ӯ ба унвони “фоҳиша” ёд шудааст, қисса мекунад.

Паҳн кардани диски “Нури наҳзат” ва варақаҳои зидди ҲНИТ дар ХуҷандИлҳомҷон Ёқубов, раҳбари дафтари ҲНИТ дар Суғд, мегӯяд, ӯ низ соати 20:00 дар паси дарвозаи хонааш диски “Нури наҳзат”-ро пайдо намудааст. “Баъдан маълум шуд, ки дар чанд ҷои дигар ҳам ин фиттаро паҳн кардаанд”,-мегӯяд ӯ. Оқои Ёқубов муҳтавои варақаи паҳншударо “туҳматнома” зидди ӯ ва Наимҷон Самиев номид ва афзуд, “ҳадафашон сиёҳ кардани Ҳизби наҳзат, эҷоди бадбинӣ миёни мардум ва ноором сохтани ҷомеа мебошад."

“Нури наҳзат” иборат аз ду филмест, ки ҳафтае пеш дар интернет пайдо шуда, баъдан ҳазф гардид. Дар ин филм гуфта мешавад, ки гӯиё он аз сӯи студияи “Нури наҳзат” ва хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ таҳия шуда, дар бораи бадахлоқии чанд узви он қисса мекунад.
Мӯҳр
Нодир,
Ако!!!!! Хучанди Шумо барвакт заразит шуда буд, ако!!!

ҷавоб
Нодир,
мехоҳи ба лаҳҷаи хуҷандиҳо гап зада онҷоро шуронӣ аммо хуҷандӣ гапзаданат ҳам мисли ҳамин наворҳо ва туҳматҳои агенти ноҳунармандона аст!

Сафар
Вокеъан дар 23 сол ин мардум сиёсатмадор нашудаанд.Ин бошад барои миллати чафокашидаи точик дахшати вокеъи хохад буд!

Ояндаи-чомеъа-аз-ислом-хохад-буд-фиркаи-ком

Даъат
Ино барои ин ин корхоро мекунанд ки дар мукобили ин кор мухолифон хам сиру асрори хонаводаи мансабдоронро фош кунанд ва чомеа расво авад. вагарна ки намедонад ки хамаи расиони хизби хоким чандин маъшукаи доранд дар интернет чандин маволаву навор аз чандзанагии раисону хешутабори "боло" хаст.

Акнун инхоям як ду се то видео туйи мастомастии баъзехоро ки дар ютуб бисер машхур аст, сабт карда мепартоянд ба фикрам баланс мешавад :))

salmon
асалому алекум
мо ба хама бародарони нахзати ва касоне ки зери зулм ва тухмати золимон карор доранд сабри чамил хохонем ва Худованд хамагонро аз бадихо нигахбон бошад ва амалхои моро холис барои Худо гардонаду дастгири бандагонаш гардонад

соли
туҳмат дар рузи равшан ин дигар чи ҳила ва найранг аст ки дигар айб пайдо накардед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)