Бахшҳо

(ВИДЕО) Зумрад Амонова: “Хонаву дар надорем. Истгоҳ ҷои хоби мост."

Зумрад Амонова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, ду моҳ боз бо писараш -- Муҳаммад шаби худро дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои пойтахт рӯз мекунад. Амонова рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, додараш баъд аз марги шавҳари ӯ манзилашонро фурӯхта, онҳоро бехонаву дар гузоштааст.

“Ҳамсарам дар нонвойхона кор мекард. Рӯзгори хубе доштем. Моҳи майи соли гузашта ӯро барқ заду вафот кард. Дар хонаи падарам зиндагӣ мекардем ва додарам баъд аз сари шавҳарам хонаро бе иҷозати мо, ки дар қайди он будем, фурӯхт. Ва моро аз дар берун кард”,-афзуд Зумрад Амонова. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло танҳо як фарзанди ҳаштсолааш бо ӯст. Ба қавли ӯ, писари дигараш гӯиё ба хона-интернати “Чорбоғ” супурда шуда буд, ки ахиран ба фарзандхонии нафари дигаре дода шудааст.

Амонова илова кард, то ин муддат дар чанд тарабхона ба ҳайси зарфшӯ кор карда, зимистонро дар хонаи як сокини Душанбе бар ивази пардохти иҷораи ночиз пушти сар гузоштааст. “Бо сабаби талаб кардани иҷорапулии зиёд хонаро тарк карда, тӯли ду моҳ боз дар истгоҳ ва гузаргоҳҳои пойтахт шабро рӯз мекунем”,-мегӯяд ӯ.

Ба қавли Зумрад Амонова, ӯ тамоми аснод, аз ҷумла шиносномаашро гум карда, барои барқарор намудани онҳо ба ягон мақомоти дахлдор муроҷиат низ накардааст. Як гуруҳ аз ҷавонон Амоноваро шаби гузашта дар истгоҳи наздикии кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе дида, рӯзи 17 апрел ба Кумитаи кор бо занан ва оила, ба назди Ҳилолбӣ Ҷумъаевна, муовини аввали раиси ин ниҳод, бурдаанд. Ҳилолбӣ Ҷумъаевна дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, “аз рӯи қонун бояд аввал шахсияти Зумрад Амоноваро муайян кунем. Худи имрӯз ба Идораи пулиси ноҳияи Сино, ки пеш дар он ҷо иқомат дошт, муроҷиат мекунем, то барояш ҷои зисти муваққатӣ пайдо намоянд.”

Зумрад Амонова мегӯяд, дар тӯли ду моҳе, ки ранҷи бехонагӣ мекашид, касе ба додаш нарасида буд ва аз эҳтимол дур медонад, ки акнун ҳам мақомот барояш кумаки чашмрасе кунанд. Вале ӯ аз он ки бархе ҷавонон ба тақдири ӯву Муҳаммади ҳаштсолааш таваҷҷӯҳ карда, акси онҳоро барои расонидани ёрӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, сипосгузорӣ намуд ва гуфт, “ҳанӯз умед дар дилам намурдааст ва фикр мекунам, ҳанӯз меҳри сокинони кишварам нахушкидааст”.


Мӯҳр
ХУБ МЕШУД АГАР МАКОМОТИ ДАХЛДОР БА ИН ЗАНИ БЕЧОРА КУМАК КУНАНД САВОБ МЕШАВАД. ОЕ РАИСИ МАХАЛЛААШОН АЗ ИН КОР ХАБАР ДОРАД Е ДАР ГАМИ ФАСОН ШУДА НАЗДИ ХУКУМАТ РАФТАНРО. МЕДОНАД.

Аввал салом ба хамаи хонандагони ин сомона !
Рости ман онкадар ин сомонахоро мутолиа намекардам ва ин сахар вакте ин мавзуро дидам пас натавонистам бе тараф бошам! Ба он нафароне, ки "Шукрона кунед, шукрона" ва ё дигар гуфтанихо хастам, ки барои чи бо як фикру акидаи танг назар мекунед!
Агар макомот мебудам аввал "Додари"- хамин занро ёфта аз руи конун чазо медодам! Бечора холи модари Точикро бинан хамин хел додар Мурданаш бехтараст!
Инчо давлат гунахкор нест!
Ин хамон бародари хонум гунахкор аст ва бовари дорам Худои Таъоло уро рузе мезанад!

safarbek
мухочир az xudotars iqadar jashmat kor shudae ki dar chizero namebini

Mirasil,
бародар, и апаи ки бе шавхар монд, ва дар кайди хонаи падари будааст, чи хел шуд ки аз фурухтани хона бехабар мондааст, ба кадом фатвои нотариус.е ба фатвои додаруш, валангории пора.

tojik
ееее шукрона кунед мегуй ку худатро дар чои хамон зан фикр кун бад бинмт шукур мекни ё не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)