Бахшҳо
16 апр 2014 07:05Тоҷикистон / Сиёсат

Президент: “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам. Дигар нашудаам”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбаташ бо сокинон ва фаъолони шаҳри Ваҳдат гуфт, ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки 22 соли қабл буд ва ба ҳайси раҳбари кишвар дар Иҷлосияи 16-уми Хуҷанд баргузида шуд.

Оқои Раҳмон дар ин сӯҳбат, ки дар пайи сафари корияш ба шаҳри Ваҳдат рӯзи 15 апрел баргузор шуд, афзуд, вақте дар он иҷлосия интихоб гардид, таҷрибаи кофии сиёсӣ надошт ва ин сулҳу ваҳдату оромӣ ва суботи сиёсӣ бо шарофати мардум ба даст омадааст: “қаҳрамон халқи Тоҷикистон аст, шумо қаҳрамон ҳастед”.

Раисиҷумҳур бори дигар таъкид дошт, “то вақте ки ҷон дар бадан ҳаст, барои миллату барои халқу барои давлати азизу маҳбубам содиқона хизмат мекунам”. Ӯ илова кард, “ман ҳастии худро барои ин миллату ин халқу ин ватану ин сарзамин дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ бахшида будам. Ман ҳамон Эмомалӣ ҳастам. Дигар нашудаам”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
99
Не, ҶО! Шумо хеле дигар шудаед!

то вақте ки ҷон дар бадан ҳаст, раисичумхур мемонам худо хохад

убайдуллох
мофакат бо ислом пешрави карда метавонем зероки аллохи мерубон ин динро баргузид ва мо миллати беномус нестем орзудорам бубинам чаноби олиро дар намозхои чумъа вамо боубошем худое емонашро комилтарин бигадон ва худованд душманони ин милатро нобуд бисоз ваман ба тамоми хизбхои чумхури гуфтаниам ки шумо авалан аз ватаниазиз дифо кунед мардак бошед

Саид
Окои Рахмон хуб гуфтед,лекин кай ислохоти сохаи кишоварзию саноатиро аз сар мегиред?Он ин ислохотхои гузаронидаи кишоварзи-саноати-хусусигардони хоки хамаро бехт,кишвар гадо ва халк мардикори кишвари бегона шуд.Номусу ор намонд.Номи точик Чамшуд шуд ва он руз дур нест,ки Хуршуд низ шавад.Хама чоро чохилию бесаводи,аблахи,тамаалуккори,ришвахори ва дуздию чоплусгари,минтакагарои ва бадтараш аз хама дуруггуи фаро гирифтааст.Раисони шахру нохияхо кисмати бузургаш чахонбинии фарханги ва сиёси надоранд.Дар чамоатхои шахраку дехот низ кор хамин аст.Бо ин амаламон кишварро беобуру кардем.Чахон ва душманонамон механданд.Лекин мо чунин миллат набудем.Хатто замони шурави русхои маскави аз доштани дусти точик -хамзабони Хайм ифтихор доштанд.Имруз матбуоти русхо алайхи точикон чанги эъломношуда ташкил кардааст.Ибораи нави "таджичиж",яъне чун точикон ба корхои пасти мардикори машгули-барин суханхо дар лексиони Иванхои русияги руи об омада истодааст.О наход дипломатхои маъруи точик,олимони чавонро точикон назоида бошанд,ки онхоро натавонем ба вазифа мондем то шаъну шарафи миллату давлатро бардоранд.Як ба кози нигаред бо суханхои пойдархавои худ чомеъаи точикро пора -пора карда,муносибатро бо ягона кишвари хамзабонамон,ки аслан онхо ба точики кашшок эхтиёчоте надоранд Ирон тиамоман аз байн бурда истодааст.Наход чун падар Кирилли русхо ва ё муфтии Руссия ё Тотористон мо рухонии босавод,сиёсатмадор ва илми динию таъриху сиёсатхои чахон бохабар надошта бошем?Махллагарои ва сиёсати нодурусти кадри дар макомотхои хифзи хукук ва хокимияти давлати мардумро тамоман нобовар ва ноумед сохтааст.Наход ягон рохи хали ин проблемахо набошад.Кор то он дарача рафта расидааст,ки чун кадр агар босавод бошаду хосатан аз дигар махал уро чашми дидан надоранд.Метарсанд,ки у обруяш дар чомеъа зиёд нашавад.Кадрхо бошад дилмонда шуда мераванд.Баъди чанде аз хорич дигар кадрхои босаводи миллатро занг мезананд ва мегуянд,ки ахмак шуда миллату давлат гуфта гаштаем,зиндаги инчост биёед ба карди хуб арч мегузоранд!Бо ин кор магзхо хама аз кишвар фирор карда истодаанд.Наход дар 23 соли охир ягон бор тахлили магзхои точик сурат нагирифта бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)