Бахшҳо
15 апр 2014 09:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Лойхӯраки Боло, Қрим, холаи Қумриннисо ва Бобои Файзу Русия

Баъд аз ҷашнвораи байналмилалии “Қурутоб-2014” Лойхӯраки Боло дар саросари ҷаҳон муаррифӣ шуд. То ин вақт ҳеч дастоварде надошт, ки ҷаҳониён ҳамчун як давлати соҳибистиқлолу дунявӣ бишиносанд. Аҳолии замин то ҷашнвораи байналмилалии “Қурутоб-2014” Лойхӯраки Болоро як ҷузъи Русия медонистаанд. Баъд аз ин ҷашнвора фаҳмидаанд, ки чунин давлате вуҷуд доштааст. Аммо баъд аз ҳаводиси Қрим якуякбора аҳолии Лойхӯраки Боло шавқу рағбаташон барои пайвастан ба Русия зиёд шудааст, ки коршиносону таҳлилгарон сабабҳояшро гуногун медонанд. Бо такя ба назари коршиносон мо чанд омилу сабаҳояшро пешниҳод мекунем:

НАФАҚА

Масъалаи ба Русия пайвастани Лойхӯраки Болоро аввалан пирону кампирон ба миён гузошта, аз Кремл қотеъона талаб кардаанд, ки онҳоро низ ба ҳайати худаш шомил кунад, танҳо ба хотири нафақа. Аммо аз ин рафтори калонсолони кишвар, холаи Қумриннисо, Садбарг, Биринҷмоҳ, Коғазмоҳ ва Ҷорӯбгул ба шиддат интиқод намуда гуфтаанд, онҳо ниёз ба нафақа надоранд ва ҳувияти “милливу озодиашон”-ро аз нафақа боло медонанд. Онҳо шукри писаронашнро кардаанд, ки дар прокуратура, коррупсия, суд, донишгоҳи олӣ ва ҷамоати деҳот кор карда, танҳо ба як маоши шашсадсума, падару модар, холаву амма, ҷияну набера, хуллас, тамоми авлодро мехӯронанд ва онҳо ниёз ба нафақа надоранд. Аммо бар хилофи назари онҳо, Бобои Теша гуфтааст, бо нафақаи худашу кампираш зиндагӣ карда наметавонад. Аз ролтону кадухӯрӣ безор шудаанд. Ӯ дар шӯро ҳамчунин қайд намудааст, чаҳор писару ду наберааш дар Русия кор мекунанд ва ҳанӯз наметавонанд зиндагии хубе дошта бошанд. Бобои Теша аз кампири Қумриннисо, ки бачааш дар Ҷамоати деҳот кор мекунаду бо маоши шашсадсума тамоми авлодро мехӯронаду бо мошини 20–ҳазор доллара ба кор меравад, хоҳиш кардааст, ки сирри ин корро ба онҳо низ бигӯяд, то зиндагиашон хуб шавад. Аммо холаи Қумриннисо дар посух гуфтааст, бо “Худододагон ситеза накун, ки онҳоро Худо додааст”!

БАРҚ

Яке дигар аз сабабҳои калидие, ки аҳолии Лойхӯраки Болоро барои ба Русия ҳамроҳ шудан водор кардааст, ин камбуди нерӯи барқ мебошад. Сокинон гуфтаанд, ҳангоми ворид шудан ба Русия мушкилашон ҳал хоҳад шуд ва ё ҳадди ақал 1 соату 5 дақиқаву 2,5 сония бештар барқ хоҳанд гирифт. Мӯйсафеди Ғулом, ки дар маркази Лойхӯраки Боло зиндагӣ мекунаду доим бо барқ таъмин аст, ин масъаларо ночиз хонда гуфтааст, солҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад. Аммо ӯ ба таври конкретӣ нагуфтааст, соли 2020 ё 2045. Инаш барои мардуми Лойхӯраки Боло ҳанӯз муаммост.

ОБИ ГАРМ ВА ГАЗ

Дар бештари минтақаҳои Лойхӯраки Боло мардум оби гарму газро фаромӯш кардаанд. Аммо дар минтақаҳое, ки мардум ҳанӯз аз оби гарму газ маълумот доранд, ин масъаларо ба миён гузошта, пофишорӣ доранд, ки ҳарчи зудтар ба хотири оби гарму газ ба Русия ҳамроҳ шаванд, то битавонанд либосҳояшонро хубтар бишӯянду таомашонро беҳтар бипазанд. Хокпош, ки дар дастгоҳи марказӣ кор мекунад, мардуми Лойхӯраки Болоро ба он муттаҳам кардааст, ки онҳо ба хотири газу барқ ҳувияти милиашонро зери пой зада, мехоҳанд, ба Русия ҳамроҳ шаванд. Ӯ ба мардуми Лойхӯраки Боло гуфтааст, ба ҷои газу оби гарм таппаку ангишт истифода баранд ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунанд, ки мо халқи тамаддунофар ҳастем.

ҶОЙҲОИ КОРӢ ВА...

Лойхӯраки Боло миёни ҳамсоякишварҳояш аз ҷиҳати ифтитоҳи сохтмонҳои гуногун дар ҷои аввал меистад. Қариб ҳар сол садҳо лентабурӣ мешаваду корхонаву фаввораву манзилу мағоза ба кор медарояд. Аммо аз чӣ бошад, ки ҷойҳои корӣ баъд аз ифтитоҳи онҳо кам мешавду зиёд не. То ҳанӯз иқтисоддонҳо ва коршиносон муаммои ин масъаларо наёфтаанд ва омӯзиш дар ин самт идома дорад. Ҳарчанд боз садҳо лентабурии дигар дар назар аст, вале мардуми Лойхӯраки Боло гуфтаанд, ба хотири дарёфти ҷои кории муносиб ба Русия ҳамроҳ мешаванд ва бо фарзандону пайвандонашон, ки дар ин кишвар муҳоҷиранд, дигар касе кордор намешавад ва номи бади муҳоҷир аз онҳо дур гашта, ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқ зиндагӣ мекунанд. Оқои Сиёҳ тариқи шабакаҳо эълони ҷойҳои нави кориро мекунад ва ин андешаи мардуми Лойхӯраки Болоро ғаразомез нишон дода, онҳоро ба воқеаҳои Сурия, Афғонистон, Сомали, Африқо, Ироқ ва Вазиристони Покистон рабт медиҳад. Мардуми Лойхӯраки Боло аз оқои Сиёҳ пурсидаанд, ҷои корӣ ба ин масъалаҳо, алалхусус Сомали, чӣ рабт дорад. Ӯ гуфтааст, фармон аз болост ва худаш ҳам ин масъаларо намефаҳмад.

БОБОИ ФАЙЗ

Новобаста аз мушкилиҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ Лойхӯраки Боло барои ҳамроҳ шудан бо Русия як мушкилии дигар ҳам дорад, ки ҷомеаи ин кишварро ба андеша водор кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, Русия ба эҳтимоли зиёд агар Лойхӯраки Болоро ба қаламраваш ҳамроҳ кунад, хоҳ нохоҳ зарба ба фарҳангу тамаддуни онҳо мезанад. Аммо кишвари Лойхӯраки Боло, ки худашро ҳамчун як давлати тамаддунофар медонад, ба ин розӣ шуда наметавонад. Хусусан, мардуми Лойхӯраки Боло гуфтаанд, онҳо ҳозиранд аз баҳри ҳамаи фарҳангашон бигзаранд, ба ҷуз сурудҳои Бобои Файз. Онҳо гуфтаанд, баъд аз Рӯдакиву Саъдиву Ҷомиву Ҳофиз ва пас аз ин қадар тамаддунофариҳо дар асри 21 онҳо Бобои Файз ва сурудҳояшро “кашф” кардаанд ва ба ҳеч ваҷҳ розӣ шуда наметавонанд, ки аз баҳри ӯ бигзаранд. Онҳо ҳатто ба ин назаранд, ки баъди гузаштан ба Русия Бобои Файз намояндаи онҳо дар Кремл бошад.

Гузориши махсуси Далер ШАРИФОВ аз Лойхӯраки Боло
(Тамоми қаҳрамонҳо ва сужаҳо бофтаи муаллифанд)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Лоик
Хамаи далелхои овардаро дар зиндагии хамарузаи мардуми Лойхураки Боло дида истодааем. Кани исбот кунед, ки муаллиф дуруг мегуяд. Наметавонед!

Шахрванди Лойхурак
агар гапхои муаллифи Лойхураки боло рост намбуданд талахт Фабрикаи чавоб намекафиду одмоша мисли Часура дар ича намепартофт. Хамаин гапо айни хакикат . Хай агар барои пайвастан ба Росия орзу кунанд чои на айбасту на шарм. Мардуми Лойхураки боло тамоман намефорамшон ай Росия, неки рох надоран дига, факат орзушон инай ки халос шаван. хамка. Марудми Лойхураки боло хамеша ай дасти худихо зарба хурд,хеч касе пайдо нашуд ки ин мардуми бечорара миллат кунад. Э вой ватан вой! Э вой Лойхурак вой!

Пхххххааааааааа канд зан Далер! Вакте хачвияхои туро мехонам кайф карда механдам!! Ачиб баьзехоро хандашон намеомадай ...... Китоб хондан даркор то дарки маьни куни!!!!!

ЧАСУР,
Часурчон китоб хондан даркор !!! Байтои Бобои Файза камтар гуш куну китоб хон баьд дарки маьнои латифа мекниву кайф карда механди!!!!

машокир
Ҳарчанд, ки ба тарзи шухи ва ханда бошад ҳам, гуфтаҳои Далер сад дар сад дурустанд, мутаассифона ҳаёти имрузии тоҷик мисли ҳамин давлати тассавуркардаи Лойхураки Боло мебошад. Баъди мутолиаи маколаи пешин ба шахри Душанбе аҳамият додам, дар ҳар як қадам курутобхона ва аз буи ғализи равғану ҳолати ғайрисанитари дилат беҳузур мешавад. Сокинони Душанбе ҳам мисли он ки талаб ва кайфияти қурутобхурии бошандагони Лойхураки Болоро фахмидани барин, ҳар кадом ошхонаҳо бас набуд, ки дарвозаҳои хонаҳои шахсиашонро ду табақа боз карда ба қурутобхонаҳо табдил додаанд. Агар бовар накунед як мархамат карда ба кучаи Лоиқ Шералӣ ташриф биоваред ва нуктаҳои фуруши курутобро ҳисоб кунед.

Махин
ЧАВОБ БА ГУРУХИ МАХСУС!!
Мард хасти ё зан инаш мухим нест, мухим он аст, ки Пайгамбарамон Расули Акрам(с) ягон суханашро аз худ намегуфт. Хама фармудахои Худоро ба бандагонаш мерасонид. Чаро дар корхои хатову харзагуии уматонаш номи Бузурги Пайгамбарамонро омехта мекунед, холон ки гуфтани чунин харф "МУХАММАД,,," галати махз аст. Барои хамин бародарон ва хохарони Исломи ва оное, ки Хазрати Мухаммад (С)-ро паёмбари охирузамон мешиносед, чунин харфро нисбати У истифода накунед, зеро хама ончи ки аз тарафи Худованд ба мо омадаст, ба воситаи Расили У расидааст!!!!!!!!

Аброр
Бемухобот агар кишвари Лойхураки Боло ба Руссия пайвандад он гох пеш аз хама истехсоли пахта ба як миллион тонна расида,русхо инвестицияро мисли замони шурави анчом медиханд ва якуним миллион точик аз мардикори баргашта,бо маоши нагзи назди хона таъмин ва аз Чамшуди ба Чамшедшох табдил ёфта,сафи дуздон кам ва сафаи судшавандахои пулдузди калон ба чанд маротиба хохад афзуд.Зинда бод икдоми кишвари Лойхураки Боло!

Ахбори ТВ:Кишвари Лойхураки Боло чун субъекти Руссия имсол 1 миллион тонна пахта истехсол кард.Дар дигар субъектхои Руссия мардикор надорад.Маоши мардум ба 1000 доллар расида,клубхои ин кишвар дар премер лигаи Руссия баромад доранд.Клуби машхури пойтахти точикон "Помир" бозингари болаёкати "Манчестер Юнайтед" Руниро бо 30 миллион фунт-стерлинг хапридааст. Вилояти овозадори Кургонтеппа имсол ба Руссияи маркази пахтаи махиннахи зиёде фурухтааст ва марказ нисбати дигар шахрхо ободтар гаштааст.Клуби "Вахш" дар лигаи 1-уми Руссия бо бучаи 30 миллион доллар бомуваффакаият баромад дорад.

Собир
Ба фикрам кирми аз хама бадбуяш худи муаллифай!

Саид
Факат тамалукорон максади Далер бародари мора нафахмиданд! Дигар хамаш чун руз равшан аст!!!!!

Акаи Далер бори дигар мардиатро исбот карди! (Вакте фахмида будам ки Далерро як гуррухи махсус ташкилшуда лат дода буданд ва ман ончо гуфтам, ки у мард аст мардро бо х,еч,рох. лат дода намешавад); Лек поёни сухан мегуям, ки бародар х,амон аъзоёни кишвари Лойхураки Болоро бигуй х,атман бипайванданд!!!

Акаи Далер ба ин гуфтах,ои мардум ах,амият надода к,аламро дар замин намон мо мак,олах,ои навро бе шубх,а интизорем!!! Як мак,оли халк,и аст: Хар чи донад маззаи к,анду набот,....! Мардум ин к,иссаро ба афсона мекашанд вак,те ба ч.ои номи к,ах,рамонх,о номи дигаре монем пас ба мазмуни он гиря хох,ем кард...

МусофирЗ
Зинда боши бародари азиз ва каламат бурротар гардад ба гуфти халки Лойхураки Поён душманот кур)))

офарин офарин далер гап нест зур нависти некум

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)