Бахшҳо
08 апр 2014 16:08Тоҷикистон / Сиёсат

Вуруди гуруҳи донишҷӯён ба узвияти ҲХДТ ва насиҳатҳои Раҳмонов

Як гуруҳ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба узвияти Ҳизби халқӣ- демократии кишвар шомил шуда, дар ҳузури ректори ин донишгоҳ – Абдуҷаббор Раҳмонов дафтарчаи ҳизбро соҳиб шудаанд.

Тавре Бахтиёри Абдураҳим, котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба “Озодагон” хабар дод, ин маросим рӯзи 7 апрел дар донишгоҳи мазкур баргузор шуда, Умринисо Казакова, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дафтарчаҳои ҳизбиро ба ин гуруҳи устодон ва донишҷӯён супоридааст.

Дар ин чорабинӣ Абдуҷаббор Раҳмонов суханронӣ карда, аз нақши ҲХДТ ва раҳбари он – Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ёдрас шудааст. Манбаъ мегӯяд, Раҳмонов таъкид кардааст, “бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва заҳматҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ки роҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад, Ватани азизи мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ муаррифӣ гардид.

Дар идома Казакова дар мавриди фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, маълумотеро дар бораи ин ҳизб ба ҳозирин ироа кардааст. Казакова шомилшавии аҳли донишгоҳ, аз ҷумла ҷавононро ба узвияти ин ҳизб амали нек хондааст.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бардӯш дорад, соли 1994 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст.
Мӯҳр
ХХДТ аз Душанбе,
ба сафсатахоят кариб бовар кардам бародар!!!

Мохо як туда донишчуён аз Сугди бостонй дар квартира зиндагй карсодем. Шаваду качан азои ХХДТ шавем олиянгишба квартплатамона метиетон мй? ё ба ХНИТ мурочиат кунем. Монба то курси 5 азо шуданба рухсат титон. он тарафаша як бало мкунем.

Рости гап, навиштаи хамин одамони кучагиро мехонаму дилам ба дард меояд. Дилам ба халку миллати азизам месузад. Чи хел калбам ба сузиш наояд, ки миллати дигар ба Кайхон рох ёфта мебарояду точики ман ба гайр аз "к..кови" дигар гапу корро намедонад. Дар Точикистон мардони асили вокеи, ки чонфидоёна барои рушди Ватан хизмат кунанд, кам мондаанд, кариб хама хислати занона гирифта, зан шудаанд. Хамин кадари дигар мондааст, ки дар сар руймол кашанду почома бипушанд. О шумо бевичдонон, ба чои дасти хамдигарро гирифта, аз як гиребон сар барореду Мулкамонро обод созед, баръакс мехнату захмати каси дигарро чашми дидан надоред. Агар бинед, ки як нафар баро тараккиёти Точикистон кореро сомон мебахшад, чашмонатон сих мезанад. Бисёр не, камтарак ИНСОН шавед! Кани нангу номуси точикона?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)