Бахшҳо
08 апр 2014 14:14Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Мулоқоти роҳбарияти ҲНИТ бо "қаҳрамон"-и наворҳои нав дар интернет

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъйид кард, ки Ризоев Маҳмадраҷаб, воқеан узви ин ҳизб буда, вазифаи ноиби раиси дафтари ҲНИТ дар шаҳри Турсунзодаро ба уҳда дорад.

Ин нуқтаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ таъйид карда, изҳори боварӣ намуд, ки навори нашршуда дар интернет, ки гӯиё қаҳрамонаш Ризоев Маҳмадраҷаб аст, сохта мебошад. Файзраҳмонов наворҳои тозанашр дар Ютубро давоми мантиқии силсилафилмҳо алайҳи ҲНИТ хонда, таъкид намуд, ки бо мурури вақт сохтакорӣ будани ин наворҳо ифшо хоҳад шуд.

Намояндагони роҳбарияти ҲНИТ низ дар пайи нашри наворҳо бо Ризоев мулоқот кардаанд ва зимни мулоқот ин масъули ҳизб тамоми иттилоотро дар бораи ӯ дар интернет туҳмат хондаааст.

Сухнгӯи ҲНИТ инчунин таъсиси хадамоти махсуси амнияти дохилиро дар ҳизб қатъиян рад кард: “Нашри ин наворҳо дар остонаи интихоботи парлумонӣ ба коҳиши нуфузи ҲНИТ ва қишри руҳонӣ равона шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаи Ютуб ду навори нави видеоӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шудаанд, ки гӯиё аз ҷониби студияи “Нури наҳзат” ва хадамоти амнияти дохилии худи ҳизб таҳия гардидаанд.

Ин навор дар зовияе таҳия гардидааст, ки гӯиё худи ҲНИТ барои ифшои бадахлоқиҳои аъзоёнаш хадамоти махсуси амнияти дохилӣ созмон додааст. Дар ду наворе, ки аз номи хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ паҳн шудааст, қаҳрамонҳо узви ҳизб муаррифӣ шудаанд.

Дар яке аз наворҳо Холов Иброҳим, имомхатиби масҷиди деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппа ва узви ҲНИТ муаррифӣ шудааст, ки гӯиё ба баҳонаи табобат бо як зан муносибати маҳрамона мекардааст. Дар навори дуюм қаҳрамон Ризоев Маҳмадраҷаб, ноиби раиси ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода муаррифӣ шуда, ҳамҷинсгароии ӯ намоиш дода шудааст. Ҳар дуи ин наворро баъди чанд лаҳзаи нашр Ютуб ба далели риоя нашудани талабот ва доштани муҳтавои бадахлоқона лағв кардааст.
Мӯҳр
sami
salom ba hama
faqat haninro meguyam ki javobi ahmaq suku ast!
agar chande ki injo navishtam

иншоаллох кабири хак аст хак мемонад мо мардуми мухочир пуштибони ту хастем..мо гапзанихои шуморо дидем да россия дар хакикат фахмидем чунин хамватани ба ору номус дорем..мо бо шумоем "Кабири"

ААА
Халк содда нест хамааш руи об баромада истодааст. Охиста-охиста хама мефахмад ки хак хасту ки нохак, вале набояд аз хотир фаромуш шавад, ки бад куни албатта бадиро мебини ва ин бадихоро интизор бошанд он шахсоне, ки бад мекунанду аз паи паст кардани нуфузи дигарон мешаванд.

Хуррам
МАН ФАКАТ ОИДИ НАЗХАТИХО ХАМИНРО ГУФТАНИЯМ. Воизон,ки чилва дар мехробу минбан мекунанд, Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд.

Муслим
Ин наврро бо сардории кумитаи амният хамон касоне тахия кардаанд ки соли 92 дар тв Кулоб кор мекарданд ва касди онхо зарба задан ба ислом аст ин тактикаи кгб -и шурави аст чи хеле ки росия вактои ахир дар баробари украина истифода кард. барои коргадони ин филм на ислом ва мусалмон на мазхаб на точик мухим нест. мухим барояш ичрои фармони чанобони болояш тамом! фабрикаи чавоб барои худ тв дуруст кардааст ки коркунонаш якчанд корманди собик тв кулоб ва точиккино анд..... вале аз пули миллат ва будчаи хукумат сарф мекуннанд ки хиёнат ба миллат ва дин ислом аст.

Фабрикаи чавоб дар тангно омадааст бБечорахо ба чои проблемахои зиндагии мардумро хал кардан ба дуругу бухтон даст мезананд. Дар 22 сол факат мардуми точикро гулому халкабардуш кардед ва худ лаганбардор шудед точикро фурухтед, холо ки хукуматдори ва мардумдори зуратон оварда ба тухмату бухтон ру овардед. Як бор корномаи раисони худро гузар кунед чи фахшу фохишаги доранд??????????????????????????????????77

ЧИ СУХАНЕ МЕФОРАД ВА ПИСАНДИ ШУМО АСТ ГУФТАНГИРЕД, ЛЕК ФАРОМУШ НАКУНЕД, КИ БА ХАР ЯК ХАРФИ ЗАДААТОН, ЯК БА ЯК ЧАВОБ МЕГУЕД!
ХАР ШАХСЕ КИ МУЛОХОРО БАД МЕШУМОРАД ВА БАДБИНИИ ЭШОН МЕБОШАНД, ФАРДО РУЗИ КИЁМАТ ШАРМАНДАТАРИН ИНСОН МЕШАВАД, ВА ДАР ИН ДУНЁ ТАМОМИ НАМОЗУ ХАЙРУ САДАКАВУ БАРАКОТУ ХАСАНОТАШРО ХУДОВАНДИ 18 000 ОЛАМ НОБУД МЕСОЗАД.

Эй зи хокат офарида хокиё ҳушёр бош!
Хок будӣ хок гардӣ дар миён ушёр бош!


Чашм аз барои дидани оёти қудрат аст,
Гӯш аз паи шунидани ахбори ҳикмат аст.
Ҳар гаҳ, ки ҳақ набинаду ҳақ нашнавад касе,
Кӯру кар аст,балки аз он ҳам фурӯтар аст


Бувад қобиз паи ҷонат Азозил дар паи эмон,
Чӣ мушкилҳои пурошӯб андар ин миён дорӣ.
Чӣ суд аз тахту давлат,ки ба рӯи тахта меоӣ,
Ки рози оҷизе бар дасти ғассолон аъён дорӣ.

кишвар
Чамшед8808 н.Восеъ,
бародар шумо аввал матнро пурра хонед!! баъд изхори акида кунед!! он клипхоро ХНИТ намондааст гуфташудааст дар ин хабар. Яъне онро касе дигар аз номи инон дар ЮтЮб чойгир намудааст. бародар каме фикр кун! кадом ташкилот мехохад аъзоёни худашро бигзор гунахгорхам бошанд ба тамошои омма гузорад ки дар ин холат номи худи ташкилот сиёх мешавад!??

Чамше8808 н.Восеъ
Дусти азиз Кишварчон. Ман матнро пурра ва фахмо хондам. Ту Шарҳи маро нахонди ё ин, ки хондию нагз нафахмидй. Дар Шарҳи ман ягон чояшба гуфтаги нест, ки ин навора худи нахзатихо мондаанд. Медонам тухам аъзои ХН-и барои хамин кахрат кард. Лекин хафа наваш дустам. Чизе ки аён аст хочат ба баён нест.

Абдулло Усмонзода,
ту пок кун!!!

Э кавм ира доне ки и русиехое ки и тухмата кадан арши Худоро ба ларза овардан хама шохид бошен дар камтарин камтарин мудат акнун бубинед ки Худо чи мекунад ба касоне ки зиди У чанг Элон мекунад. Ахсан ХНИТ буздилонро ба ларз оварди аз хайбатат аклу хушона гум доран ие

ба хар як суханхои гуфтаатон назди худо чавоб хохед гуфт коментариячихо

а
вақтеки раиси хизби наҳзат ин кора кард дигаро чи ибрат мегираннд хамихел раиси ҳизба мурданаш беҳ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)