Бахшҳо

Соҳибкорзан: Агар Ҷаноби Олӣ фаҳмад, ҷилави хусурбачаашро мегирад (2 ВИДЕО)

Орифӣ Қосимов, намояндаи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев, ки даъвои 50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-и Шаҳритусро доранд, гуфтаҳои соҳибкорзан Санавбар Абдуллоеваро, ки гӯиё хусурбачаи президент талош дорад, бозорашро аз дасташ гирад, беасос хонд.

Қосимов имрӯз, 5-уми апрел ба дафтари “Озодагон” дар Душанбе ҳозир шуда, изҳор дошт, ки баҳс на барои кулли бозор, балки нисфи саҳмияҳои он рафта истодааст. Ӯ изҳор дошт, ки шавҳари Санавбар-Бурҳон Абдуллоев, ки феълан бозори “Ином”-ро дар ихтиёр дорад, қаблан дар хатсайри Душанбе-Шаҳритус ба мусофиркашонӣ машғул буда, дар миён бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳур шинос мешавад: “Саъдуллоев барои харидорӣ ва бунёди бозор ба Бурҳон Абдуллоев маблағ медод ва Холназар Достиев, шахси бовариноки Саъдуллоев низ дар ин кор иштирок мекард. Баробари ин Абдуллоев зимни бунёди бозор аз соҳибкорони дигар низ маблағ гирифта, барояшон ҳатто дар бозор ҷой надодааст.”

Қосимов афзуд, ки дар додгоҳ инчунин аз ҳаққи соҳибкорони дигари “фиребхӯрда” низ ҳимоя мекунад, ки барои бунёди бозор баъзеяшон то 40 ҳазор доллари амрикоӣ додаанд, вале Бурҳон Абдуллоев ҳаққи онҳоро надодааст: “Худи Муҳибулло Саъдуллоев дар додгоҳ ба сифати шоҳид баромад кард. Даъвогар Холназар Достиев аст.”

Қосимов илова намуд, ки зимни яке аз мурофиаҳо бо Абдуллоевҳо ба созиш омаданд, ки ба ивази 900 ҳазор доллари амрикоӣ бозорро мегиранд: “Аммо мо вақте хостем, ҳаҷми хароҷот пешниҳод гардад, онҳо қарзҳои барои хонаю чорводорӣ гирифтаашонро пешниҳод карданд. Дар миён соҳибкорони дигаре пайдо шуданд, ки даъвои саҳмия дар бозорро карданд, чун барои бунёди он маблағ додаанд. Баъд мо аз раъямон барои пардохти маблағ гаштем.” Ин мусоҳиби мо илова намуд, ки комиссияи давлатии даъваткардаашон арзиши бозорро 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ муайян кардааст. Ин намоянда инчунин аз ишораи Санавбар Абдуллоева ба миллияти шавҳараш, ки узбак асту гӯиё мавриди фишор қарор дорад, интиқод намуда, гуфт, алайҳи Бурҳон Абдуллоев тоҷирони узбактабори Шаҳритус ба мақомот муроҷиат карда, ҳаққашонро талаб доранд.



Қосимов иддаои Абдуллоеваро, ки гӯиё Саъдуллоев бо сӯиистифода аз наздикияш ба оилаи раисиҷумҳур мехоҳад, бозорашро гирад беасос хонд: “Назди қонун ҳама баробаранд ва Саъдуллоев низ тариқи қонунӣ ҳаққашро талаб карда истодааст.Баррасии ин қазия дар додгоҳҳо идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол Санавбар Абдуллоева дар суҳбат бо “Озодагон” иддаои Қосимовро, ки гӯиё шавҳараш-Бурҳон Абдуллоев зимни сохтмони бозор аз Саъдуллоев маблағ гирифтааст, рад карда, таъкид намуд, “мо дар мурофиаи додгоҳӣ исбот кардем, ки ягон маблағ аз ин одам нагирифтаем.” Ин соҳибкорзан гуфт, тамоми далоилро ба додгоҳ пешниҳод кардааст ва илова кард, ба матбуот ба он хотир муроҷиат кардааст, ки "Ҷаноби Олӣ аз қазия огоҳ шавад. Ман бовар дорам, худи раисиҷумҳур агар огоҳ шавад, ҷилави хусурбачаашро мегирад ва намегузорад, ноадолатӣ содир шавад." Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар шарҳи қазия ба "Озодагон" гуфта буд:



Феълан баҳси додгоҳӣ барои бозори “Ином”-и Шаҳритус идома дорад.
Мӯҳр
dodarbek
вой дод - ин президент чанд хусурбачаву кайниву дигару дигар хеш дошта бошад???

Garib
Хусурбачаи президент карочи криша будак, Абдуллоево хаммаи документои бозора конуни карда гирифтану хусурбачаи президентда дига доля надодан. Баьд хусурбачаи президент 1-2 бор намёк кардак, ки Абдуллоево нафахмидан, акун гуфтак бест як чазошона бтем. А у саххомое, ки ай хусурбаи президент тарсида дига даво накарда будан пештар, имруз шерак шудагиян.

Ман аз ин навор чунин хулоса баровардам ки ин якчан хешу табори сохибкорашонро даъвогар баровардан ё сохибкорони бозорро фишор овардан то ин ки даъвогар шаванд.
Ба хамаи бародарони адолатхох мурочиат карданиям ки ин хохарро ягон макомот дастгири намекунад чуноне дидаистодаед аз худ конун баровардаистодаанд, агар моликияти хамин модар баргардонда нашаванд аз конуни констутсиони истифода карда як МИТТИНГ кардан даркор

bozoru korxonahoi tojikro xaridaast???

Ин бахсро рохи халли расмиаш ду карат ду аст. Танхо чавоб ба ду савол лозим. 1. Маблаги ба Абдуллоев додаи Саъдуллоев дар ягон хуччат расман сабт шудааст? 2. Пулхои ба Абдулоев додаи дигар сохибкорон бо хуччат сабт шудааст? Агар не бошад, тамом бахс баста мешавад ба фоидаи Абдуллоев. Ва боз як илова: карз додан ба сохибкор маънии онро надорад, ки карздиханда "ба таври автомати" саххом мегардад. Аъзои чамъияти саххоми шудан тартиби махсус дорад. Умуман, аксари ин сохибкорони мо "бизнеси точики" доранд, ягон меъёри конунро намедонанд, фаъолиятро дар майдони хукуки сарфахм намераванд. Дар калаи кокашон факат як чиз- пул, пул, пул.

tojir
Хами мардак ранги мошеннико решат кадестай кияй и артист ....

Фирдавс
Ин мард лаганбардо, президент аст! Хеч бовари надорам, ки бе асос мардуми одди наздикони президентро тухмат кунанд. Ин за хело ба дод омадаст, ки ба рузноманигорон даъват кардааст!!!! Агар касе, ки наздикони президентро беассо тухмат мекунад бовари дорам,ки хоини миллат бароварда говсудш мекнан!!!

Яъкуб.
Ягон вакт ва ягон бор шудааст,ки ахлу авлоди Рахмон дар ягон мурофиа е ягон бахс шикаст хурда бошанд.?Хамеша онхо <хак>хастанду <хак>мебароянд!

ман 100 фоиз бовари дорам ки садулозода росчуст ин узбактаборон хамеша фиреб мекунанд бахудо касам маро фиреб додаанд

Man Yak chiz guftan mexoham, hamun Муҳибулло Саъдуллоев in kadar pulro az kujo meorad, yo inki avval xostaast bozorro 900 000$ mexarem guftaast az kujo meorad vay pulro.

Маълум ки ин сохибкорзан дар хакикат харчу захмати зиёд кати ин бозорро обод кардааст, лекин Худованд ба дастдарозон инсоф ато кунад!

ин одам вакте, ки аз конун гап мезанад,шарм намедошта бошад.Аз худо тарсед.дар кадом конун гуфта шудааст,ки дар кучое ки як корхона,бозор,маркази савдо ва умуман он чойхое ки мардуми бечора бо ранчу азобхое обод кардаанд бояд авлодхои „чаноби оли” сохиб шаванд???? Афсус сад афсус.
Чашми танги дунедоронро
Ё каноат пур кунад,ё хоки гур!!!!

Анти Саъдуллоев
Дар кадом асос талаб мекарда бошанд.Озодагон шаф-шаф накун шафтолу гу то фахмем ки барои кадом гунохашон 50%и аксияи ин бозорро талаб карда истодааст ин шеф Саъдуллоев .Як Саъдулоеваш кам набуд ки бо дигараш реша сабз карда истодааст...

Саид
Хуб мекунад мегирад. Ман тарафдор. Кани хисси миллатдустию ватандусти. Мо тарафдори Саъдуллоев...

Саид,
sohibi bozor boyad tojik boshad na uzbak.hak gufti saidjon.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)