Бахшҳо
04 апр 2014 16:25Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ дар бораи “сиёҳкунӣ”, сабр, гирдиҳамоӣ, пул ва парчамсозӣ

Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми апрел, зимни мулоқот бо ҷавонони тоҷик аз нашри матлабҳои сиёҳкунанда бо имзои мустаор ва бад нишон додани як қисми ҷомеа барои дигар изҳори нигаронӣ кард.

Кабирӣ зимни ин мулоқот, ки дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе идома дорад, ин равандро нодуруст хонда, пайомади чунин таблиғотро манфӣ арзёбӣ кард: “Ман аз ҷавонон даъват мекунам, ки додаи ин гуна иғво нашаванд.”

Кабирӣ сахттарин ҷавоб ба навору матлабҳои омодакарда алайҳи ҲНИТ-ро сабр ва таҳаммул хонд: “Баъзан сабр ва таҳаммул сахттарин ҷавоб аст. Ба тундӣ нагӯед. Шумо бояд бо ин исбот кунед, ки Шумо ватандуст ҳастед, на оне, ки байрақи баландтарро мебардорад. Ватандӯсти аслӣ ин муҳоҷир аст...”

Кабирӣ аз афроди алайҳи ҲНИТ даъват кард, ки дар матбуоту шабакаҳо ғайбат накунанду биёянд бо онҳо суҳбат кунанд: “Мо омода ҳастем, ки бо уламо, ҳуқуқшиносону дигар коршиносон нишасти илмию фикрӣ баргузор кунем.”

Кабирӣ аз маҳфилҳои адабӣ дар ҲНИТ зикр кард, ки бо иштироки равшанфикрон баргузор шуданд. Ӯ таъкид намуд, ки бархе аз иштирокдорони ин маҳфилҳо омада, аз ҲНИТ маълумотнома хостаанд, ки онҳо узви ин ҳизб нестанд, чун онҳоро “Шумо наҳзатӣ шуда” мавриди пурсупос қарор медодаанд.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба далели даъватҳояш ба сабр баъзан мавриди интиқод қарор мегирад, ки “сабр то ба кай? Ман гуфта будам, ки сабр силоҳи мост. Барои самаранокии ин мавқеъқирӣ мо назарсанҷӣ гузарондем ва аз фаъолони ҲНИТ пурсидем, ки чанд нафар аз сиёсати сабру таҳаммули раҳбари ҳизб дастгирӣ мекунанд? Барои ман тааҷҷубовар ин буд, ки зимни пурсиш 26 дарсад тарафдори гиридиҳамоӣ, 32 дарсад тарафдори сабр ва 3 дарсад гуфтаанд, ҳизбро маҳкам кунему пинҳонӣ кор барем. Шумораи ин нафарҳо рӯз то рӯз бештар мешавад, ки ин хатарнок аст. Ҳеч кас бояд дар Тоҷикистон дигар орзуи фаъолияти пинҳониро накунад ва ҳама чӣ бояд ошкору шаффоф бошад.”

Кабирӣ инчунин гуфт, мухолифи зикри ҳизбияти ҷинояткорон аст ва таъкид кард, ки мақомот фазоеро ба вуҷуд овардаанд, ки бархе аз расонаҳо аллакай узви ҳизби ҳоким будани ҷинояткоронро зикр мекунанд.

Дар мавриди иқтисодиёт раиси ҲНИТ аз раванди рӯзафзуни мусодираи моли қаблан хусусишуда зикр карда, илова намуд, ки боиси гурези сармоягузорон хоҳад шуд: “Агар ин сиёсати иқтисодӣ идома ёбад, умеди мардум коста мешавад, сармоя ба хориҷ меравад. Ҳоло ба ғайр аз чиниҳо дигар сармоягузорон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ надоранд. Танҳо чиниҳо ҷуръат мекунанд, ки он шояд ба хотири он аст, ки раисиҷумҳур бевосита дар ифтитоҳи корхонаҳо ширкат мекунад.”

Кабирӣ афзуд, вақте вазирон маоши кам мегиранду соҳиби ҳама чиз мешавад, мардум бардоште ҳосил мекунад, ки ҳамаи дороҳо аз роҳи дуздӣ бой шудаанд: "Ҳастанд сармоядороне, ки бидуни вазифаи сиёсӣ ва давлатӣ пул доштанд. Ман ҳам тамоми сармояи худро аз биржа гузарондаам. Ҳамроҳи дӯсту бародари худ Зайд Саидов, ки ҳоло дар зиндон аст, дар Маскав кор мекардем. Манзури ман ин аст, ки набояд, молеро, ки бо меҳнати ҳалол ба даст овардаем, гӯянд дуздӣ аст.”

Дар мавриди мусодираи бозори хонаводагияш дар Турсунзода ва дигар моликият Кабирӣ афзуд, ки агар қарор аз боло қабул шуда бошад, ягон баромаду даъвояшон дар додгоҳ фоида надорад.
Мӯҳр
адвакат
"Дар замони Паёмбари Худо (с.а.в) нафаре назди Паёмбари Худо омад ва гуфт: ё Расулаллох, ба ман бигу то ман бифахмам, ки ман Ч,аннатиям ё Дузахи? Паёмбар (с.а.в.) гуфт:Агар хох,и ки бифахми х,арчо сухбати амри маъруф ва нах,и аз мункар аст бо мухаббат гуш куни ту Чаннатии, ва ило агар норохату дилтанг шуди ин нишонаи дузахият аст!"
МАКСАДИ ЧАНОБИ КАБИРИ Ё НУРИ ШАРТ КУДРАТРО ГИРИФТАН НЕСТ! МАКСАДИ ИНХО ЧОРИ КАРДАНИ АДЛУ ИНСОФ ВА КОНУНИ АЛЛОХ, АСТ! ШУМО ЗАРДУШТИХО Ё КОМУНИСТХО Ё ДЕМОКРАТХО ИНРО МЕХОХЕД Ё НЕ 90% МАРДУМИ МУСУЛМОНИ ТОЧИКИСТОН АНАМИНРО МЕХОХАД. ОЗОДИИ ДИН, ОЗОДИИ ВИЧДОН, ОЗОДИИ СУХАН.

az dasti hamin kabirivu zaidu eshonu digarosh tojikiston xarobu kashok shud.tojik az dasti haminho muhojir shudand.basast oxir rahm kuned ba xalk.

Шавкат
Ба чои хукумати хозира на факат Кабири, балки оддитарин шахс метавонад дар як сол Точикистонро 20 сол пеш барад. Ба хамин аз худкунихои моликияти давлати ва мулки шахрвандон хар шахсе ба чои ни сарвари давлат биёду хотима бахшад Точикистон 20-сол пеш меравад.

Салом барои мардуми гумрохе, ки Меган: Кабири чи сохт Кабири чи кор кард Рахмонов мактабсохт рогун сохтес дигару дигаш Рахмон ай кисаш е ай хисоби хизб не ай хисоби андози ману т ай буча месоза чизои элементарния надониста хатто дар телевезионхам амин саволора метан шарм накарда болои ин як мисол биеред ки дар кадом мавзу ва е дар кадом соха аз ХНИТ бешсаф бошад хизбони дигар. Е Меган эха и Кабириву Зайд амара хариданку якмш фаромш накнен сармояаи кино пеш аз сисат БД бад ин ки ино точиран чашми танг доштан айбаст шниде ягончо ки бизнес кадомера гиртфтан е камера доля бастан е чизера манаполя кардан? Дод аз Дасти бадбинон фаромш накнен ки пешрафти сохибкори Ватани пешрафти Миллату давлат АСТ. Андозш бисер меша чои кори бисер меша таминот меша сармоягзори корхона е як лоихаи нав меша бо!

Ватандӯст
Эй мардуми шарифи Тоҷикистон! Биёед мисли солҳои 90 уми қарни гузашта содда набошем. Наход, ки то ҳоло ҳам ба гапи наҳзатиҳо боварӣ доред? Агар ғами халқро мехурданд, ҳамон солҳо ҷанги бародаркушӣ нею ягон кори савобро мекарданд. Инҳо ғами мардуми Тоҷикистонро не, ғами хоҷагони хориҷиашонро хурда истодаанд, пули онҳо ҳам ҳисобу китоб дорад. Ин қадар наҳзатиҳо аз шаффофият гап мезананд, канӣ ягон бор даромади худро декларатсия кардаанд ё не. Ин қадар пули бедарди миён аз куҷо доранд? Алббата имруз, ки Тоҷикистон ба созандагиву ободкорӣ сар кардааст ба инҳо маъқул нест. Дигар баҳонаро наёфтанд ба баландии байрақ кордор шуданд. Канӣ худашон ягон мактаб, ягон иншоотро барои мардум обод , карда бошанд, не ва нахоҳанд кард. Зеро пули хоҷагонашон барои мақсадҳои дигар ҷудо мешаванд, на барои ободии Тоҷикистон.

халк
ба "ватандуст" Мо ку аз пайи нахзатихо хеч гох намеравем, лекин ба игвогари макомот умуман бовар надорем ва сабаби ихтилофу парокандагии миллатро дар симои вазифанодида мебинем.

Мусалмон
Худованд.устод кабириро нигох дорад.зеро у нахзатро пуштибон хаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)