Бахшҳо

“Кашмакаш”-и соҳибкорзан ва додарарӯси президент барои бозор (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Санавбар Абдуллоева, соҳиби бозори “Имон”-и ноҳияи Шаҳритус иддао дорад, ки Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сӯиистифода аз мавқеъ мехоҳад бозорашро гирад.

Ин тоҷир дар муроҷиаташ ба унвонии Абдуфаттоҳи Ғойиб, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки нусхаи онро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, навиштааст, ки ҳамроҳ бо шавҳараш Бурҳон Абдуллоев, соли 2005 дар музоядаи хусусигардонии амволи давлатӣ ширкат намуда, биноҳои кӯҳнаи АТП-19-и ноҳияи Шаҳритусро хариданд: “Ҷоеро, ки мо харидем, дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ яке аз нуқтаи харобшудаи Шаҳритус маҳсуб мешуду партовҳои маркази ноҳияро ба ин макон оварда мерехтаанд. Мо онро обод кардем”.



Ин соҳибкорзан мегӯяд, дар аввали кор Муҳибулло Саъдуллоев, ки дӯсти шавҳараш буд, ба онҳо маслиҳати беғаразона медодааст, аммо баъди фаъол шудани бозор хостааст, ки бозорро куллан ба ихтиёри ӯ диҳанд. Абдуллоева иддао дорад, ки 2,5 сол мешавад, дар мақомоти додситонию додгоҳӣ барои бозораш мубориза мебарад, аммо мақомотҳо мунсифона қарор намебароранд. Ба гуфтаи ин зан зимни баҳсҳои додгоҳӣ Саъдуллоев розӣ шудааст, ба ивази маблағи муайян бозорро харад, аммо баъдан гӯиё аз раъйаш гашта, мехоҳад бозорро бепул гирад. Ин соҳибкорзан аз Абдуфаттоҳи Ғоиб хостааст, тафтиши қазияро зери назорати шахсӣ гирад.

Дар ҳамин ҳол Нусрат Илёсов, сокини Шаҳритус ва яке аз ёварони Саъдуллоев, ки аз аввал дар бунёди бозор иштирок кардааст, иддаои Абдуллоеваро рад кард: "Ин бозор аз аввал бо мусоидат ва кӯмаки Муҳибулло Саъдуллоев сохта шуд ва дар охир вақте бозор фаъол гардид, Бурҳон Абдуллоев коре кард, ки тамоми саҳмдорони ин бозорро канора монд."

Илёсов таъкид намуд, Саъдуллоев на тамоми бозор балки саҳми худро тариқи қонунӣ талаб карда истодааст: "Тибқи созиш бояд 50 дарсади саҳмияҳои бозор ба Абдуллоев ва 50 дарсад ба Саъдуллоев мерасиданд. Аммо Абдуллоев коре кард, ки саҳмияҳоро ба номи зану фарзандонаш гузаронда азхуд кард."

Ӯ илова намуд, ки Саъдуллоев бе ягон сӯиистифода аз хешутаборияш бо роҳбарияти кишвар ин қазияро хост, тариқи додгоҳ ҳал кунад: "Ҳозир замони зӯрӣ гузаштааст. Саъдуллоев ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳаққашро талаб дорад. Аввал ба додгоҳи иқтисодии вилоятӣ ва баъдан ин масъала ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ рафт."

Ба гуфтаи Илёсов ва тавре, ки худи Абдуллоева низ таъйид кард, феълан ин қазия дар Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон қарор дошта, баррасии он идома дорад.
Мӯҳр
.
додараруси янукович интизор

Точикак
ха ха мо бовар кардем, ки Саъдуллоев беайб аст. Охир бечора нони хурдани надорад рахмаш кунеду дихед бозорша ба худш....

Хайр точикистони торикистон инчо чизе хохад хамун мешад. Лоик Шерали инхоро дида дар вакташ аз дунё пурра дилаш монд ва ин дунёро падруд гуфт. Барои хамин апаи Санавбар ин кадар кушиш накун чунки точикистон аз вай хаст!!! Агар бовар кунед!!!![

Sino
in chi sharmandagist Tojikiston sohib dorad?

Boy
Apai Sanavbar sad ofarin!!! Hayot in Muboriza ast, lekin shumo xele bo shujoat az aksari moki dar injo nishasta fake comment menavisem.

малумай ин зан дуруг мега

ин узбекои Шаартуз ба хар кор кодиранд аз дасти уно мардум дар ба дар шуда буд хак ба чониби саъдулоев

ин узбекои Шаартуз ба хар кор кодиранд аз дасти уно мардум дар ба дар шуда буд хак ба чониби саъдулоев

Хакикатчу
Ин гапо хамаш бефоида,

Исо
Чароги зулми золим то дами махшар намесузад, агар сузад каме сузад, то дами дигар намесузад!!! вой доооооооооооод аз дасти бе додииии.

Корвон
Салом Озодагон! Мо дар бозор Корвон савдогар дар тарафи Оптовый 1 сол пеш ба коми оташ рафта буд(( Тибки Карори Раиси шарх Махмадсаид У то 5сол бояд аз патент, арендаи бозор, охрана бояд ки озод бошем ..Тайи 2руз шуд коркунони бозори корвон ва кумитаи андоз бо савдогарон чангу чангол доранд ки патену арендаи бозоро супоред. мардум хама аз бонк карзор илтимос ягон чора бинед...Ин беинсофиро бинед...

Комил
ХУДОВАНД нигох дорад шуморо

Бинед мардум ба дод омадаст аз ин хшу табор Ба умеди главный карупцианер нашавед чунки ин хамааш пешаки маслихат кардаги Вай шуморо метавонад хатто ба тачовузи айбдор кунад Ба хар рохе ки набошад бозорро аз шумо мегиранд. Ба судяхо факту ракам дар кор нест ба онхо камандаи “фасс“ басанда аст

99
Пиразанеро ситаме даргирифт
Даст заду домани ханҷар гирифт.
Гуфт: "Ей малик! озарми ту кам дидаам.
Аз ту ҳазорсола ситам дидаам"...

Ин мисраҳои Саъдии бузург кӯҳна намешаванд!
Чунин ба ҷонрасидаҳо кам нестанд.
Ин зан қаҳрамон аст! Иншооллоҳ, ғолиб мебарояд. Имрӯз набошад, фардо!
Инҳо, "ман хеши президент!" гуфта, Худоро фаромӯш кардаанд!!!

апаи Санобар аз рангу руят маълум. ки сахтии зиндагиро надидаи, факат бо кайфу сафо зиндагиро мебари. бигу ба кадом мактаб, ба кадом хонаи кудакон, ба кадом хонаи пиронсолон, ба кадом шахси факир ёри расониди? Бозорро ба Мухибулло Саъдуллое дех, зеро ки ёрдами ин шахс ба хамачо расидааст ва боз хам бисёртар мерасад. Офарин Мухибулло Саъдуллое мо бо Шумоем!

Сохибкор
Президент Рахмон, аз шумо як илтимос - Точикистонро химоя кунед!!! Агар ягон душмани хорича ба мо хамла кунад, натарсед - мо худамон хисоби онхоро меебем, лекин Точикистонро, сохибкоронро, аз гурусначашмон химоя кунед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)