Бахшҳо

Кабирӣ парванда алайҳи хонаводаашро “сирф сиёсию супоришӣ” хонд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи бознамудаи Оҷонсии зидди фасодро нисбати бозори “Саховат”-и шаҳри Турсунзода, ки ба хонаводаи ӯ тааллуқ дорад, “сирф сиёсӣ” хонд.

Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, бозори “Саховат”, ки ба хонаводаи Кабирӣ тааллуқ дорад, ба далели камбудӣ дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад.

Аммо Кабирӣ дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 2-юми апрел дар шаҳри Турсунзода баромад карда, парвандаро “супоришӣ, сиёсӣ ва ноодилона” хонда, таъкид кардааст, ки он ба ягон мантиқ рост намеояд: “Як чиз барои ман ва хонаводаамон ошкор аст, ки агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони дифоъу ин додгоҳ, ҳатто сарқонун дигар кумак намекунад.”

Кабирӣ гуфт, қаблан тасодуфан ба дасташ санади имзокардаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба мақомоти андоз ва Агентии зиддикорупсионӣ расидааст, ки дар он номи чанд корхонаи тиҷоративу истеҳсолиро овардааст, ки бояд санҷида шаванд: “Ҳамаи ин корхонаҳо ба аъзои хонавода ва хешу табори ман тааллуқ доранд. Пас маълум мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ин корхонаҳои мавҷуда дар ноҳияҳои гуногун ва мутааллиқ ба афроди гуногун танҳо ба хотири наздикии соҳибонашон ба ман мебошанд. Ба ибораи дигар, ман сабаб гаштаам, ки хешовандони ман мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар аз ҳаққи тиҷорат ва соҳибкорӣ маҳрум шаванд. Яъне, онҳо наметавонанд соҳиби молу мулке ва шароити беҳтари зиндагӣ бошанд ва бояд барои наздикӣ бо ман ҷазо бикашанд.”

Кабирӣ аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки маҳз бо хоҳиши ӯ хешовандонаш тиҷораташонро аз Русия ба Тоҷикистон кӯчондаанд. Мушаххасан дар бораи бозори “Саховат”-и Турсунзода Кабирӣ афзудааст, ки он ба писари аммааш тааллуқ дорад, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҷалб шудааст: “Барои осон шудани кор ва боварии ҳамагон, бозорро дар номи ҳамсари ман, Раҳматуллоева Мастура сабт кардем ва директори бозор яке аз писарони аммаам таъйин шуд. Имрӯз онҳо ҳақ доранд аз ман бипурсанд, ки чи шуд он замонатҳои додашуда, ки тоҷикон ҳамдигарро бахшидаанд ва дигар барои андешаҳои сиёсӣ инсонҳо таъқиб намешаванд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳеч кадоми онҳо ба сиёсат сару кор надоранд ва танҳо аз пайи зиндагии хеш мебошанд.”

Кабирӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ дар хитоб ба раисикунандаи парванда гуфтааст, “ин бозор 15 сол боз кор мекунад ва агар камбудие дар санадгузории он бошад, пас тибқи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати даъво аз тарафи мақомот ё шаҳрвандон кайҳо гузаштааст ва инро ҳар як ҳуқуқшинос медонад. Муҳлати ҳадди аксари даъвои иқтисодиро қонунгузор се сол муайян кардааст. Ҳол он, ки дар байн чандин санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афви молу мулк аз соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи моддаи 7, амволи то лаҳзаи қабули қонун мавриди хариду фуруш ва соҳибмулк қарор гирифта, дар сурати набудани даъвои судӣ то қабули қонун мавриди афв қарор мегирад.”

Кабирӣ илова кардааст, ки “агар қарори суд Худое накарда ба гирифтани моликияти мо содир карда шавад, на як шаҳрванд, балки садҳо шаҳрвандон бо айби мақомоти давлатӣ зарари молӣ ва маьнавӣ мебинанд, ки барои давлати иҷтимоӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ муносиб нест, зеро дар ин бозор бештар аз 700 соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом чандин нафари дигарро мехуронанд.”

Дар муроҷиат ба суд Кабирӣ илова намудааст, ки “агар ҳукми гирифтани моликияти моро ҳам содир кунед, аз шумо ва низоми судии кишвар гиламанд нахоҳам буд. Чун мушаххас аст, ки қарор дар он сурат сиёсӣ хоҳад буд, на ҳуқуқӣ. Ҳукми гирифтани моликияти мо танҳо дар як сурат метавонад содир шавад ки агар супориши қатъии мақомоти баланди давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин сурат шумо илоҷе дигаре надоред. Дигар ягон далел вуҷуд надорад. Ин ҳамаро аз фаъолияти сиёсӣ ва мавқеъи шаҳрвандии худ медонам. Эътиқод дорам, ки ризқро Худованд медиҳад ва бо гирифтани моликияти мо касе таъсир болои мавқеъҳои шахсии мо расонида наметавонад. Ҳеч тағйире дар мавқеъҳои мо нахоҳад буд.”

Раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “агар ҳадафи мо моликият мебуд, мисли дигарон хушомадгуйӣ мекардем, вале тули фаъолияти соҳибкориам танҳо ба хотири истиқлолияти иқтисодии хеш ва наздиконам фаъолият доштаам. Бо доштани имконият, ҳанӯз ҳам бо ҳафт фарзанд дар хонаи сеутоқа зиндагӣ мекунем, вале даҳҳо варзишгару адибу донишҷуёнро, шукри Худованди карим тавонистем кумаки молӣ намоем.”

Дар ҳамин ҳол мурофиаи навбатии парванда нисбати бозори «Саховат»-и Турсунзода, 10-уми апрели 2014 таъин шудааст.
Мӯҳр
ф
Хамин кадар хамхизбон ва хамфикрони Кабириро шинониданд, ягон дахан овоз набаровард. Гумон кард ки ба у дахл надорад. Холо имруз акнун навбати худаш расид. Тахаммул карда гаштан гир.

адвакат
Мухтарам Кабири Худо ёру мададгоратон бошад, миллати точик ва мардуми мусалмон бо шумост! Рузе мешавад, ки х,ак, ба хакдор мерасад! .

Мухтарам Кабири Худо ёру мададгоратон бошад, миллати точик ва мардуми мусалмон бо шумост! Рузе мешавад, ки х,ак, ба хакдор мерасад!

хукумат бо тамоми кудраташ кушиш дорад вазъияти кишварроо ноором ва мардумро норизо гардонад, лекин барои чи, ман намефахмам...

Историческая статистика и современная наука УТВЕРЖДАЮТ: по определению теории больших чисел, современный политик, особенно в "большой политике", не может иметь роскошь, быть честным. НЕ МОЖЕТ!!! На практике, честный, (т.е. бескомпромиссный, принципиальный, идейный) человек, неведомо как попавший, в отработанный механизм любой политмашины, будет вскорости поставлен пред выбором: либо - либо. Либо станешь "как все", либо...
И это не теорема, а увы аксиома!
Политики высшего уровня, а Мухиддин Кабири есть такой, это уже не люди в человеческом смысле этого слова. По сути это дорогостоящие, человекоподобные лицедеи высшей квалификации, с абсолютно выхолощенным понятием совести, для которых публичность лишь способ влияния на эмоции зомбированного электората.

Бозор
Ба ин давлати бузург чи шудааст, ки чашм ба моли "Бизнесмен"-хои калон андухтаасд?
-Ха албатта онхо нагз медонанд, ки сарвати инсон ба мисли чонаш аст ва аз хамин сабаб тарафи сустии онхоро мечуянд. Инкадар моли мардум насибатон намекунад.

секретно
ҳоли рузе мешавад бачаҳои сода ки аз кафояш мераванд дар бало мемонанд.

ONHO FAHMIDAND KI KABIRI SOI 2020 MISLI SOLI GUZASHTA OROM NAMENISHINAD AZ IN KHOTIR KHOSTAND BO HAMIN TARZ URO NOUMED KUNAND! AMMO MARDUM BO KABIRIST DONISTA BOSHED 99% TOJIKON MUSALMONAND VA MARDUM DIGAR SHUDAN MEKHOHAND! IN TARZI ZINDAGI BA DILI HAMA ZADAAST!

ali
гунохи шумо хам ин аст ки мехохел ба дигарон кумак намоед. агар худаион бо ахли оила хурда мегаштед хеч хукумате пишакатона пишт намегуфт. шумо ки харакати исломиро бо ин маблагхо месархонед ба мазоки чаноби оли ва атррфиёнаш писанд нест. аз тарафи дигар бо казияи зайдуллр натпвонистанд чомеаро бо ихтилофу чанчол кашанд. акнун душманони оромию сулх ин казияро ба накша гирифтаанд. лекин бояд мардум хаку адолатро фахманд ва ба фитна дода нашаванд

ali
гунохи шумо хам ин аст ки мехохел ба дигарон кумак намоед. агар худаион бо ахли оила хурда мегаштед хеч хукумате пишакатона пишт намегуфт. шумо ки харакати исломиро бо ин маблагхо месархонед аз тарафи дигар бо казияи зайдуллр натпвонистанд чомеаро бо ихтилофу чанчол кашанд. акнун душманони оромию сулх ин казияро ба накша гирифтаанд. лекин бояд мардум хаку адолатро фахманд ва ба фитна дода нашаванд

Имруз барои мардуми Точикистон "Чароги руз даркор аст", ки ояндаашро бо ин чарог бубинад.

Мегум зиди Хукумат нанависм намеша нанависи вакте гап дар бораи сардор ва Сарвари аслии Миллат устод Кабири меравад. Устод шахсан Барои ман президенти Миллати Точик Шумоен. Ман рости хамрохи хамссинфонам тасодуфи дар зери парчам бо Чаноб ру ба ру шудем хангоме ки Чаноб хамрох бо мухофизонаш дарахт мешинон шомии 20 03 2012 ва бо МО хамсухбат шуд сухбати озоди дустона саволхо дод шухихам кард 4 нафар будем Чаноб дар асл золим нест круг Золимай бовар намекнен шом даромад бачохо шом шд Даррен хай бо сахар давомш гуфта мухофизоша гирифт ба даари тарафи парчам касрм Миллат даромал

худоё ин хама боиси ноороми кишвар мегардад макомотхои давлати худашон вазиятро ноором кардаистодаанд холо вакташ меояд пушаймон мешаванд

тохир
Кабири бародар тезтар гурез дигар холат хароб мекунанд.Пулу молата гиру ягон чо бе сиесат зиндаги кун

skkkjlkf
salom ba ustod kabiri
mo faqat dar intizori yak ishorai shumo hastem

Исфандиёр
ха Кабири, то кай мардуми соддара фиреб мекуни махсусан аъзоёни катории худатро, шояд ин маблаги хакки аъзогии онхо бошад, ки дар бозори шумо "оборот" мехурад, ту хамчун диндор маълум мешавад., ки на дар фикри тоату ибодати Худованд балки чун корун дар фикри молу мулк, яъне дар фикри ин дунё рафтаи ку....ва шояд чу корун аз пардохти АНДОЗ саркаши кардаи??? пас маълум мешавад, ки дар хамин чой хам НАХЗАТ-ро хамчун рохгумсози истифода мебари!

Хофиз мегуяд, ки:
Гар мусулмони чунин аст, ки хофиз дорад,
Ох, агар аз паси имруз бувад фардое.
Аз чунин мусулмонтарошии пешвои Хизби Нахзати Ислом, Мухиддин Кабири, ки хам хизбу хам хакки аъзогии аъзоёни соддаашро манбаи бизнеси худ намудааст, Худованд нигах дорад.

Хизби Нахзати Ислом, маънои нахзат-рох. ту ба таври худ хизби рахнамои исломи Точикистон, ки ба ту пайрави мекунад, ба ту факат шахсони шояд аз соддаги бошад, ки бовар кунанд. Дар як филми мултипликатсиони дида будам, ки рубохе худро рангхои гуногун намуда орову торо медихад ва бисер чонварони соддаро аз кафои худ мебарад. Ва чу аз купрук гузаштани мешавад ба об меафтад ва рангаш меравад ва хамаи чонварон бо як овоз "ох, ин рубох будааст ку" мегуянд. Хамин дар фикри моли дунё рафтанат шояд ба пайравони соддаат симои хакикии рубохии туро муаррифи намояд? Дар назди конун чавоб додан даркор! Аз худ фариштаи сиёси натарош, шояд иблиси сиёси боши?!

Мухаммад Икболи Лохури фармудаанд:

Аз сафо кушиши ин такянишинон кам гуй,
Муйи жулидаю ношуста гилеманд хама.
Чи харамхо, ки даруни хараме сохтаанд,
Ахли тахвид, якандешу гарибанд хама.

Мусулмони асил факат фикри тоату ибодаташро мекунаду бо мехнати халоли худ ризку рузияшро меёбад. Дар фаъолияти Раиси хизб буданат, маълум мешавад, ки зери косахои ту нимкосахо будагист. Такя бар Куръону, мехр бар моли дунё бастаи.

Маро сураи Фотихаи Куръони мачид хидоят мекунад, ки аз аъзогии хизби нахзати ислом даст кашида, минбаъд аз кафои ту барин гумрохи Худозада, ки дар ишки моли дунё рафтаи, дигар наравам!!! Хеч як пешвоёни бузурги ислом дар фикри чамъ кардани молу, сохиб шудани мансаб набуданд, ва таълимоти дини мубини исломро ба манфиатхои шахсии худ истифода намебурданд. Ман нав фахмидам, ки симои хакикии ту чи гуна будааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)