Бахшҳо

Абдулқодирзода: “Кӯдаконро аз 7-солагӣ ба намозхонӣ ташвиқ кунед”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба намозхонии кӯдакон аз 7-солагӣ таъкид кард. Абдулқодирзода ин ҳарфҳоро дар охири хутбаи намози ҷумъаи 28 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт.

Ӯ бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар (с) таъкид кард: “Ба фарзанд аз 7-солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10-солагӣ танбеҳ кунед.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома илова кард, ҳар нафаре, ки аз 40 – 50-солагӣ намозхониро шуруъ кардааст, саҷдаву рукуи ӯ аз оне, ки дар ҷавонӣ омӯхтааст, фарқ мекунад: “Касе аз ҷавонӣ, намозхонӣ ё ибодатро ба худ касб кардааст, мебинед, бисёр устувору хотирҷамъ ва дурусту дақиқ анҷом медиҳад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода қаблан низ аз омӯзишу хондани намоз аз айёми кӯдакӣ ҷонибдорӣ карда, гуфта буд, “вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад. Албатта ин намоз агар намози воқеӣ бошад, на мисли дона чидани мурғ.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон рафтани афроди то 18-сола ба масоҷид манъ буда, дар аксар маврид иштироки наврасон дар намози ҷумъа бо боздошти онҳо аз сӯи кормандони пулис анҷом меёбад.
Мӯҳр
Салом
ин фанатикхода аз арабистон хам муфти оварда мони маъкул намешавадшон,зеро калбхои пур аз кинаву адоват доранд...

э инсонхо шумо чихел инсон хастен бечора бга бхонан ба зидаш меген бга нахонан базидаш факат бояд гайбат гайбат ...

Tojik
Mukaramra badi in suhanonash ba fikram ki hakorathoi vazbine muntazir ast az tarafi davlatdoron. Dustoni Amriko

ахмад
дар 7 солаги намозшон ёддихеду то 18 ба масчид нараванду баъд дар сини 40 ё50 даромадан ба масчид махкамкуни ёрдам кунанд ба мисли шумо огои мукарарам.

Neo Muslim
Субхоналлох!

Ина мешидайку ... самбуса ба пиёз )))
Аввал конуна мебуроран бад худшона мусичаи бегунох метарошан ...
Эй Мукарам агар худата дар оби ЗАМ ЗАМ шуви хам пок намеши чони зиёти накан!

Илтимос чоп кунед!

qodir
с мукарам ту авал хута ислох кун ба дагарора насияад кун хуб мешуд

Ин шурои уламоро фахмида намешавд чаро ки чавононро ба масчид рафтан манъ карданд боре садо баланд накард

Анти-Демократҳо
Гуш кунед мардумои ношукр.
Чи даркор занакобарин нисбати раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гапои пасту баланд мезанед?
Агар имруз ҷомеаро Исломи эълон кунанд бо якуминкас шумо шуда зидди чомеаи Исломи овозатонро баланд мекунед. Хайр фарзандонатонро худатон тарбия карда натавонед айби муллову муаллиму мактабу мадраса нест.

Истед!!! Истед!!! Дируз намозхонии кудаконро дар масочид мань мекард, имруз даьвати ба намоз мекнад!!! Адабгохи мухаббат нозу шухи бар намедорад!!! Мухтарам кози !!!! Худованд дуруягонро дар ду олам беобру кардааст!!!!

кулоби
хайфи ту барин муфти агар каме имон медошти аз ин вазифа даст мекашиди

Курбон
Хай, ана аку чаноби муфти бугу , ки читари мо бачомона ай 7 солаги таълим ба намоз кунем, ки увора сура, салавот ёд додан даркор, вакти ёдтии яке хонат даромада биёя, кумитаи дин, ё танзим, прямой террорист мешнависаву дар кунчи зиндон чот мекунан. Ёки охирон говта мефрушиву ура магарам бтии, Бо мардума фиреб када ними дигаша ба зиндон партофтание?????

Шахрванд Мукарам бехтараш МИНБАРИ РАСУЛУЛЛОХ (С)-ро тарк намо!!! Хайфи МИНБАР ту масъулиятро хис накарди холо ки умрат хаст аз минбар раву тавба намо!!!!!!!!!!!!!

Хукумат кужо нигох мекунад жаноби раиси шурои уламо шумо конунро поймол мекунед зиди давлат хастед магар аз конунои давлат чи саркаши макунед

Ин Кодирзода худаш намедонад чи мегуяд! Аз яктараф рафтани кудакон ва чавононро ба масчид манъ мекунад аз тарафи дигар мегуяд ба кудаконатон аз 7солаги намозхони ёд дихед. Кудаке ки намозхониро ёд гирад аммо ба хонаи Худо ки масчид аст ичозати рафтан надоштабошад чикор мекунад намозро!??? Оё кодирзода метавонад дар назди Худо чавобгу бошад ба инхама ????!!!

МУСАЛМАН
оооҳҳҳооооой чихел ёд диҳанд ? магар тибқи қонун омузиши шариат ва аркони ислом дар хонаҳо манъ нест? ин гапи ту бар зидди қонуни худат аст пас бояд муҷозот шавӣ



Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)