Бахшҳо

Ноиби ректор: Пошнаи паст ба саломатии духтарҳо зарар дорад

Искандар Аминов, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон оид ба таълим таъйид намуд, ки субҳи имрӯз, 27-уми март як гуруҳ духтаронро барои пойафзоли пастпошна доштанашон ба дарс роҳ надодаанд.

Аминов дар шарҳи ба дарс роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пастпошна- “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”

Искандар Аминов афзуд, ки тибқи низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шурои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
адолат
ин аз рахмхури нест! рахмхури бошад пас чаро дар зимистонам руймол бастан намемонед! шуморо максадатон дигару дигар аст!!!

Точикак
гарибшо отдыхает, эй вой бар мо агар сарварони мо хамин хел бошанд

Хакикат
Вой бар холи Точикистон - ояндааш чи мешавад . Мухтарам Искандар Аминов шумоба фаркаш чи вая хунук мезанад ё гарм , рафта ки хамон донишчу шароити хариди пойафзоли пошнабаланд надошта бошад...

Дар инчо аз бачои дониш пошнаро баланд мекунанд, то ки дар назари ректор ва ноибонаш духтарон чавлон бизананд.

Точик
Барои саломатии онхо худи онхо чавобгаранд на рохбарияти Донишгох. Ин Рахмонов дар Донишгохи омузгори низ ашро карда истодааст.

Musofir
Rosti gap namedonam digar darborai suxbati in bosavodi be ilm chi guyam!eyo in shaxs pesh az in suxanro zadanash yakbor fikr mekard ki modare ki xudasha ba dunyo ovarda kalon kardas ba voiya rasondas shoyad bo kalush megasht oeo zarari jismoni rasidagist e ne xohish mekunam yakbor az modari buzurgvorash eki yagon modari oilashon pursad xubtar suxbati kardagisha dar borai xoharonu modaroni Tojik dark mekunad ki chiguftaistodast?Хасан,
Хасан,

ААА,
Barodaron mefaxmam inxel suxbatxo hamai movushumoro az on dark medixad ki dar davlate zindagi dorem ki ghair kambudii barodaronu xoharoni moro koftan digar kore va mafkurae nadoran boyad hamai mo hamchun shaxrvandoni hamin dier az Xudovand xostgori onro boshem ki az inruzxo badasha millat nabinad.joi asabishudan nest imtixoni Xudovandi bar millati tojikas .INALLOHA MAASOBIRIN.

Hamin qadar sol zarar nadaoshtu nav zarardor shud mi ustod??? Shumo sifati darshoro behtar mekarded khub meshud. Mo khudamon medonem ki kadomash ba salomatii mo zarar doradu kadomash ne!!! Khonandagoni maktabhoi miyona va olii kishvarro mebini megui ki onho deputat boshand...

ё Аллах Ин чи гапаст бахудо,Ки шармандагист сатра Маьн кардан Бо навбати попуши расид

,
Ali,
Ба ин чиновникои хозиразамони акибзада, ана хамин лозим аст, фикр мекунам, кору бор факат ба зану духтари мардуме ки либосе хуб дошта бошавуууу...... Товба кардам Парвардигор!

Алик
кати и пешгуйит философ н муалимон наход то хамин дарача шудда бошен Вазифара ай даст натем гуфта харчи афсона мехонан хай инора фахмидан даркор ягон савод надоран факат ба девонагии худ хушёран

Абдучаббор Рахмонов - бо чунин тахаллус ном баровардааст. У пулро чунон дуст медорад, ки мондан гиред. Бо пул абрро хам мехарад. У"Иринка"-ю "Балетка" ва дигар намудхои либосхои навбаромади чавонони мутаракии чахон, ки чавонон бо хавас мепушанд, у мехохад пеши рохи онро гирад. Устодони донишгох ва муаллимон тут непричём. Худаш дар вакташ чинсхои обшустаи аз Афгонистон бо чандин даст овардашударо мепушид... Дар газета хонда будем, ки хини раиси кумитаи тв буданаш худро доно гирифта, аз ЖУРНАЛИСТОН иншо гирифт. Бо ин рох ХУДРО дар назди Президент доно тарошид, . Абдучаббор кадушох буд, хаст ва мемонад. Ба фикрам донишчуёни донишгохи Айни озодии руху равониро мехоханд, чун чавонони олам.

Иди
Ин мактабхои оли илм хондан ва бо дониш сохиби обуру ва мансаб шудан бологузар гаштани кадрхои босаводи миллат айни замон як афсона аст.Конуни хама чизро пул ва махал хал мекунад дар кишвари мо бусръати баланд ривоч ёфта амали гашта истодааст.

Чаноби Искандар Аминов, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бисёр шахси доно аст, ки хатто илми тибро низ медонистааст. Чаро аз мутахассисони соха намепурсед? "Ношение обуви на высоких каблуках вызывает сжимание позвоночных нервов, головную боль, а также ослабляет умственные способности, утверждают британские ученые. Эти результаты были обнародованы в докладе The Vitality Show — ежегодного мероприятия о здоровом образе жизни для женщин, проходящего в Великобритании)".

Махмуд
Дар хакикат дуруст, ман хам донишчу мебошам. Як бор худи онхо ба талоботи донишгох човобгу хастаннд. Масал хамин муовинаш оё ба вазифаи муовини чавобгу мебошад.

Ин барин одама нав дидем. Ту ба пошнаи онхо чи кор дори вазифаатон таълим додан аст кати ректорат хаматон чи кор кардантона намедонен ки шумобаринора вазифа метиад ман хайрон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)