Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи Имоми Замон ва тафриқаандозӣ

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тафриқаандозӣ миёни мусалмонони кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 14 март ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳоло бархеҳо мегӯянд, ман салафӣ, ман шиаи исноашарӣ ё таҳририяю ман наҳзатӣ. Хоҳиш мекунам, Исломро тақсим накунед, чун ин тақсимкунӣ хатари сахт дорад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, маҳз дар натиҷаи ҷудо кардани мусулмонон ба шохаҳо ҳоло ҷаҳони Ислом оромӣ надорад: “Имрӯз душман бо дасти худи мусулмон хуни мусулмононро рехта истодааст, ки ин ҳама дар натиҷаи қисмат кардани дин аст.”

Инчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз амали шахсони ба вуҷуди Имоми замон бовардошта, сахт ибрози ташвиш кард. Ӯ гуфт, ҳоло ин афрод ба бархе сокинон мегуфтаанд, ки агар ба имоми замон бовар надорӣ кофир ҳастӣ: “Ман шахсан бори аввал мешунавам, ки Имоми замон кӣ ҳасту чист, бори нахуст аст, мефаҳмам, ки агар ба ин имом боварӣ надошта бошӣ, кофир ҳастӣ. Магар ин ҳама гузаштагони мо кофир буданд?!” Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон боварӣ ба Имоми замонро аз зумраи ақидаҳои бегонаву ботил хонда, намозгузоронро даъват кард, то аз ин гуна афрод эҳтиёт бошанд.

Ӯ афзуд, “то замони зуҳури ин ҳама равиягароию ба шохаҳо тақсим шудани пайравони Ислом, мусулмонон яке аз пешрафтатарин қишр ба шумор мерафтанду дар ҳама ҷо комёбу муваффақ ва иззатманд буданд. Вале аз вақти ба шохаҳо тақсим шудан, хорию зории онҳо шуруъ гардид.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз суханони паёмбар иқтибос оварда, сокинони кишварро даъват кард, ҳамеша пайравӣ аз аксариятҳо кунанду ба гуфтаҳои бархе гуруҳҳои тундрав, ки боиси нооромии кишвар мешаванд, гӯш надиҳанд: “Пайравӣ бояд аз аксарияти мусулмонон кард, чун Худованд аксариятро азоб намекунад. Гӯсфанде, ки аз рама дур монад, гург аввал онро шикор мекунад.”
Мӯҳр
salim
judo ham besavod budast daaaa

Камар
устод Зафарчон, салом, назари абв ро сар дихед, одоби бахс риоя шудаги ку.

комил
БА фикрам мисли соли 1992 боз нооромихои Ватан аз намояндахои дин сар мезанад. Худо нигах дорад

носир
“Пайравӣ бояд аз аксарияти мусулмонон кард, чун Худованд аксариятро азоб намекунад. Гӯсфанде, ки аз рама дур монад, гург аввал онро шикор мекунад.”
Дар дин сифт мухим аст микдор не.. дар чомеъаи инсони низ. Масалан мардум аз олимон ва адибон бояд пайрави кунанд ё аз аввом ва нодонон ки аксарият мебошанд.????? ачаб марди бефаросат будааст ин раиси уламо.. дар мавриди гусфанд бошад рост мегуяд зеро аз назари у мардум гусфанданду у шубон

Раиси Шурои УЛАМО, хонед, хонед, боз хам хонед!

Фикри донишмандони точик:

Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, сунниҳои Тоҷикистон нисбати шиамазҳабҳо адовате надоранд, ва бо пайравони Исмоилия дар ҳоли дӯстиву бародарӣ ба сар мебаранд, зеро"душманӣ наварзидан бо аҳли қибла - васияти поягузори мазҳаби Абу Ҳанифа ба пайравонаш аст ва аз ин рӯ аҳли мазҳаби Имоми Аъзам ин васиятро ба дандонашон қапидаанд, вале мазҳаби худро ҳам аз даст намедиҳанд".

Аммо аз нигоҳи Фаридун Ҳодизода, раиси Анҷумани муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, ба гунае бадбинии нимапинҳону нимаошкор нисбати шиаъҳо дар ҷомеаи феълии тоҷикон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳисси зиштро ба кишвар онҳое овардаанд, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд. “Ин афрод он ҷо бо дигар ҷараёнҳо, аз ҷумла, ҷараёнҳои тундгаро ошно шуданд ва ҳамчунин аз сӯи бархе афроду гурӯҳҳо мавриди “мағзшӯӣ” қарор гирифтанд”, мегӯяд пажуҳишгар.

Ба эътиқоди пажуҳишгарон, сунниҳои Тоҷикистон исмоилиҳои муқими Бадахшонро ба он хотир табори худ мехонанд, ки қарнҳо боз ҳамроҳ дар як сарзамин ба сар мебаранд ва забону фарҳангу таъриху дини муштарак доранд.

носир
Дар мазохиби дигари ислом Имоми Замон нест. Аммо дар мазхаби исмоили Имоми Замон хаст. зеро фалсафаи ин мазхаб бар он аст ки чомеъаи дини дар ин дунё наметавонад бидуни имоми замон бошад. хамон гуна ки мулк бе сарвар, мактаб бе мудир, синф бе сардор оила бе сарвар намебошад ва амсоли ин.
эътикоди исмоилон бар ин аст. ва аз замони Х Али то кунун идома дорад ва х. Шокарим Ал Хусайни 49 имомашон аст. Ва онхо даъво надоранд ки У имоми тамоми мусалмонони дунёст. дигарон имоми зинда надоранд ин эъткоди мазхабияшон аст .Ба фикрам вакте окои Абдулкодирзода Имом нест мегуяд мазхаби исмоидиро дар назар надошт . ва касеро тахкир хам накардааст. У дар мазхаби суннии хеш ё шиъаи 12 имоми хеш инро ба назар гирифта гуфтааст ки хак мебошад., биноан бояд исмоъилиён гапи уро ба худашон накашанд ва малоли хотир эхсос накунанд....

Солхои охир Озодагон бисьёр маколахои чангандоз менависад, шояд Шумо сухтори калонро ЧТ мунтазиред. Бинед, ки як рузе редакциятонро бо худи Шумо алов назананд.

агар мусалмон мешуди ИМОМИ ЗАМОНРО мешинохти.аслан саршавии Ислом аз кучост намедони ту агар мешинохти ва медонисти масчидхоро намебасти чавонхои то сини 18 соларо бо рафтани масчид маън намекарди...

Имоми Ҳозира Замон
The Orthodox Sunni Islam considers Nizari Ismailism heresy at best and shirk (idolatry or polytheism) at worst - shirk because they supposedly make their living Imam a partner with God. The Nizari Ismailis contend that the legitimate Imam of the Time is the Avatar or Incarnation of God alluded to in the Quran according to the Ayat (verse) of the Quran: "Indeed, it is We who bring the dead to life and record what they have put forth and what they left behind, "and all things We have enumerated in a clear register"
https://en.wikipedia.org/wiki/Imamah_(Nizari_Ismaili_doctrine)

Gap in jo sari in ki muftii yak davlat naboyad torikhi islomro tajohul kunad...Ubaydlohi Almahdi muasisi firqai Ismoili dar Maghribi Arabi dar asri 3 hijri...U khudro az nasli Fotima dukhtari Muhamad (s) medonad... Badi in davlati Fotimiyonro tasis doda Misrro poytakhti megirand..Ziyoda az 200 sol hukmroni karda okhirin khalifai onho Ozid Bi Olloh buda pas az bayn raftani davlati Fotimiyon onho ba nashoti pinhoni dar har taraf mepardozand....,Oghokhoni 4 az sulolai hamon khalifahost ki to hol dar shakli pinhoni amal mekunad va hudro az nasli Muhammad ( s) medonad...Lekin ,haro janobi mufti in chizi oddiro namedonad ?

абдулкодирзода кист ё чист ман нав инро шунидам аааа ин хамоно, ки масчидхоро махкам мекунад оооо номи бадаша нав шунидам

eeeee shiahoi gumroh shumoro musalmon gufta nameshavad kaseki ba oyahoi kuron bovar nadorad magar musalmon ast? kaseki hamsari payombar va sahobahoro lanat meguyad magar musalmon ast? zinoro ravo medonad magar musalmon ast? shumo hammaaton payravoni dajjoled namoz 5 vakt ast ammo shumo 3 vakt mexoned ogoxoni 4 kiast xudash namoz mexonad yo ne? oyo hamsaru duxtarash satr mekunad yo ne? boz baze uro xudo meguyand nauzubilloh shiaho xudshon aslan 70 guruhan ki yakdigarsha kofir meguyand korhoeki shiaho mekunand hatto kofir namekunad

анти мухочир
eeeee shiahoi gumroh shumoro musalmon gufta nameshavad kaseki ba oyahoi kuron bovar nadorad magar musalmon ast? kaseki ham....

1 оятеро биёр аз Куръони карим ки бигуяд намоз панч вакт аст...Хазрати Пайамбар рузе ки хост 65 бор хонд рузе ки банд буд камтар. магар аз куштани авлоди Пайгамбари хеш дар ислом ва олами башари боз гунохе бузургтар хаст??? пеш аз кофир гуфтани дигарон аввал гиребони хешро бояд буйид мухочири чохил.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)