Бахшҳо
15 мар 2014 16:09Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

"Дар сояи мунофиқони ҲНИТ": Филми нав алайҳи наҳзатиҳо дар Ютуб (ВИДЕО)

Дар шабакаи Ютуб имрӯз, 15-уми март зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” филме нашр шуд, ки дар он Ҳизби наҳзати исломӣ гунаҳкори асосии даргирии солҳои 90-уми Тоҷикистон ва нерӯи нооромкунандаи ҷомеаи муосири тоҷик арзёбӣ шудааст.

Дар ин филм, ки зери тамғаи “фронт.тв” паҳн гардидааст, аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, пайравони ҲНИТ айбдор карда мешаванд: “Ҷангиёни наҳзатӣ бо симои ваҳшиёнаи хунгирифта, бо ришу фаши бадҳайбат автоматро дар китф мегузоштанду қонунро зери пой мекарданд.” Инчунин аз собиқ размандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Ризвон Содиров, Раҳмон Сангинов, Мансур Муваккалов ёд шуда, бо гирифтани номи Абдуллоҳ Раҳимов (Муло Абдуллоҳ), Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) бо бародараш Ҳусниддин Давлатов дар якҷоягӣ “дастпарвардаҳо”-и ҲНИТ хонда мешаванд.

Муаллифони ин филм, аз ҳодисаҳои Баҳори арабу Украина ва задухурди мусаллаҳонаи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон низ ном гирифта, ҳушдор медиҳанд, ки “ҳоло замоне расидааст, ки абарқудратҳо ба ҳаракатҳои ба мисли ҲНИТ такя карда, барои манфиати геопалитикии худ кишварҳоро тақсим мекунанд.



Дар ин навор гуфта мешавад, пайравони наҳзат гӯиё ба хотири пулу мол ба ҳар кор омода мебошанд: “Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳидаи сустирода ба монанди Наҳзат таҳти фикру андешаи гуруҳҳои ифротии хориҷӣ қарор гирифта, кишварро ба гирдоби дохилию кашмакашиҳои мусаллаҳона рӯбарӯ карданд." Инчунин иддаои масъулини ҲНИТ дар бораи фишори мақомот рад шуда, таъкид мегардад, ки гузоришҳои телевизионии мақомоти амниятӣ дар бораи ҷинояткории наҳзатиҳо бодалел ва асосноканд.

Нашри ин навор дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми март ҲНИТ ба хотири шаҳидон ҳамоиши ҷумҳуриявии “НУР”-ро баргузор кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни он гуфт, ҳоло ҳар кас худро қаҳрамони сулҳ меҳисобад ва ҷониби дигарро сиёҳ мекунад. Кабирӣ зарур хонд, ки дар даргирии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бояд ҳар ду ҷониб эҳсоси масъулият кунанд ва ба ҷои якдигарсиёҳкунӣ пешниҳод кард, ки дар кишвар як рӯзи тавба эълон гардад. Кабирӣ ҳамчунин хост, рӯйхати шаҳидони ин даргирии шаҳрвандӣ таҳия шавад ва хотири онҳо пос дошта шавад.
Мӯҳр
аввал лаънат ба оне ки хами филмро тартиб додааст дуюм лаънат бо шумобарин демократхо ки светро ба дигар хо мефурушеду халк бе свет сеюм агар туву раиси ту мард бошад рав чанги байни точику киргизро хал кун

Рахим
хамаи ин гуфтахои видео рост аст ва дигар чои бахс нест. ин мардуми гумрох то хол фикр мекунад ки аъзоёни ХНИТ бегуноханд. агар эшони нуриддин чизе гуяд онхо он гапро ба рости кабул мекунанд. метарсам ки ягон руз ин эшонхо мегуянд ки занатонро ба ман дихед, ки ин оиди ривояте дуруст аст ва мухлисонаш бароварда хамсаронашонро ба у медиханд. Ё Худой чи замони гумрохию чохилият

Ман дар хайратам ки хамаи чинояткорон аъзои хнит мебошанд ва аъзои дигар хизбхо хусусан ххдт бегуноханд? фарзанди Хукумов 3 чавонро кушт фарзанди собик раиси нохияи восеъ 3 нафыарро кушт чаро намегуед онхо аъзои ххдт мебошад рустами эмомали 27 сол дорад сардори гумруки точикистон вазир президенти футбол факат бар зидди мусалмонхову нахзатихо овоз баланд мекунед? раиси нохияхо заминхоро хама фурухтанд оё онхо хам аъзои хнит-анд? барои чи чашм мепушед? мардум хамаро мебинанд ин чангандозии шумо хама бар зарари худи шумо мебошад агар дар соли чанги шахрванди 100000 нафар кушта шуда бошад холо дар давраи истиклолият зиеда аз 2 милион точик дар мухочират ба сар мебаранд ва хамасола зиёда аз 2000 нафарро мекушанд дар дохил ва берун аз мамлакат? ин ободие ки дар точикистон мебошад инро ЧО не балки сохибкорони зиндони обод кардаанд ва халки камбагали бечора аз худо тарсед!! бас кунед лагандбардориро шумо обруи миллатро паст мекунед бо ин тарсуии худ гайрати фахмидани суханони ростро надоред барое ки шумо хама аз вазифаву аз моли худ метарсед валлохи шумо хамрохи худ нахохед бурд
ОЗОДАГОН ЧОП КУН АГАР МИЛЛАТФУРУШ НЕСТИ!!!

ислом.70mail.ru
Салом ба хонандагони сомона ва баъдан хитоб ба он шахсоне ки ин кадар бар зидди нахзату дигару дигараш хар чи мегуянд гуфтани хастам ки Худованд расвоятон кунад хар чанд Худоро зори кардем ки хидояттон кунад аммо...Барои чи ин кадар бадбини?,бахили?,ва гараз?мемонед зиндаги кунанд мардум Эй душманони миллат! Шумо фикр накунед ки ба ин рафтори гайри инсонии шумо мардум аз ислом дур мешавад ,баракс нисбати худи шумоен нафрати халк бисер шуда исодааст. Худованд нигахбон бошад Омин

А бача шумо фикр кардед мо бовар мекунем?!
Айби худ аблах надонад дар чахон, Бошад ан дар чустани айби касон!

AntiDSX
aybi nahzatiyo nabud onjo.
Dar tj hukumati imruza ne obod ne hichi korashon fakat bo inroh mexohand marduma nishondihand ki RAhmonov Farishtai begunoh ast

москва
ин филм дар сафароти точикистон дар москав тахия шудаст ба эшон барои корхои миньбада бурборихо талаб дорем

ABDULLOH
SHUMO QONUN MEGUED OY JANOBI RAHMON BA QONUNI MONDAGIYSH AMAL KARDA ISTODAAST,20 SOL ZIYD SHUD IN QONUN VAYRON KUNI NEST ?

123
Навор ба сатхи пасти журналисти омода шудааст ва бе ягон далел пешниходи тамошобинон такдим мешавад. Мантик дар ин "навор" нест ва яктарафаю "заказной" будани он равшан аст. Бахои ин видеоролик "2". Аз имтихон нагузашт. Ва баранда харчи кушиш кардааст, аммо на салла пешниход кардааст ва на кала))). Акнун номардии тарафи хукуматиро тасдик кард, ки хамун протоколи "шармандаро" рохнамои мекунад. Ба кавли русхо "медвежья услуга)))" Ой, ахмаки дар навор гапзананда оё ту намедони, ки Точикистонихо ба туву тубаринхо бовари надоранд. Боз дидаву дониста шур меандози??, Оиди гастрарбайтерони бехукуки мо дар Русия навор кун. Аз онхо химоя кун! Хайфи лентаву мавод))) Музаффар,

МУХЛИС
Шумо ин наворхову ин барномахову ин конунхоатонро зиди ХНИТ нею чанг бо ХУДО карда истодаед.ИНШОАЛОХ дер ё зуд хамаатон чазоатонро мегиред

Донишомуз
Саг меҷакад корвон ба роҳаш рост меравад.
Саг вазифаи худро дорад вагарна онро саг намегуфтанд. Корвон ҳам вазифаи худро дорад вагарна онро корвон намегуфтанд.
Муҳим бо Худо рост будан аст. Аз равияи поки ҳақиқии аҳли суннат ва ҷамоат набаромдан ва дар мазҳаби поки имоми аҳли Суннат Абуҳанифа собит ва устувор мондан аст. Зеро Устод Сайидд Абдуллоҳ Нурӣ шахсияти аҳли Суннат ва ҷамоат ва дар мазҳаби Абуҳанифа буд ва барои дарёфти ҳақиқат дар ин равишҳо мардумро даъват мекард ва на ба ғайри инҳо.
Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ мегуфт: Касе барои ман шуда бо касе ҷанҷол кунад, шогирди ман нест. Обрӯи худро қурбонӣ мекард, вале намехост як мусалмон бо мусалмони дигар ҷанҷол кунад, ин суханҳои соли 1991 вай мебошад.
Шумо ҳама шоҳид мебошед, касе масъалаи сулҳро дар Тоҷикистон пеш гирифтааст таҳқиқ карда бароед, танҳо ва танҳо ва аввалин шахсе масъалаи сулҳро матраҳ кард ҳоло дар ибтидои кор буд, он ҳар Устод Нурӣ буданд. Касе дар он саргарми дар ёди сулҳу ошти набуд. Пурсед, чӣ кушишҳо ба харҷ додааст.
Ҷанги шаҳрвандӣ ки шуд, сабабаш маълум аст, ки дасти хориҷ буд, махсусан хадамоти амнияти ки аз миллати мо набуданд. Вагар ҳама мушкилиҳо рух намедод. Имруз нашавад, ки амнияти мо милли шудааст, оташро ба миллат ин бор шумо сар диҳед.
Хоҳиш аз амниятиҳо агар феълан патриоти миллӣ ва одами воқеъӣ дорои андеша ва ҳадафи миллии тоҷикӣ ҳастед ҳар мушкилиро дидед рафта тарбия кунед, насиҳат кунед, ҳатто агар аз раисони ҳизбҳо мушкили дидед рафта онҳоро бо гуфтори бародарона насиҳат намоед, ки ин рафтори шумо ба амнияти кишвар хатар дорад. Шумо ҳам вазифаатон ҳаст ҳам шуморо қабул мекунанд. Сабру дилсузии шумо барои ҳар фарди миллат бояд аз ҳама бештар бошад. Амнияти ҳар фард дар молу ҷону иззату обруяш дар дунё ва охирад дар гардани шумо аст.
Бояд ин миллатро наҷот диҳем, дар ҳама ҷо миллати моро паст мезананд. Ман бовар дорам, ки ин кори тоҷикӣ воқеъӣ нест. Наҳзат агар ба амнияти кишвар хатар дошта бошад рафта бо раисаш маслиҳат намоед ҷиҳатҳои хатарро барояш баён доред, албатта агар далелҳоятон ҳақиқӣ бошанд он ҳам одам аст, он ҳам тоҷик аст, ҳизбро барҳам додоан бошад он қадар коре нест, вале обруро нарезонед. Ин обуруро дигар ки ба мо бармегардонад?
Бо рақсу бозӣ?
Бо дасторвардҳо ва инсонгариҳо мешавад обруро ба даст овард.
Устод Нури душманонашро ба бадӣ ёд намекард. Аз ин ҷиҳат ӯо мардум дуст медоранд. Дуруя набуд.

kulobi,pomire,uzbak va garni soli 90...finti navash hamin boshad? in zamina nameshavad kuhna shudagi,hanafi,salafi va shia.sraza az plani (B) sar kuned...

kulobi,pomire,uzbak va garni soli 90...finti navash hamin boshad? in zamina nameshavad kuhna shudagi,hanafi,salafi va shia.sraza az plani (B) sar kuned...

Вой бар холи ин фитна ангезони мардуми мусалмони точик
Шумо аз Аллох шарм доред ба ин дургу бухтонатон хама медонад ки шумо ки хастед

ингуна хукумате ки имруз сабаби нооромии чомеъа шудааст.Нафрин ба шумо эй дастандаркорони хамин видеоролик, Худо доноаст ки рузе мешавад таърих нишон медихад ки шумо чи кадар дуруг мегуед. Ин миллат кур нест ин миллат, миллати асри гузашта нест сиёхро аз сафед фарк мекунад.

Фильм басо бамаврид ва гуфтахояш сад фоиз дуруст аст!
Мо мусулмонон бояд хизббози накунем, такя танхо ба Худованди мутаьол аст!
Ман хам тахлил кардам ва дидам ки ягон ходиспи куштори одамон ва таркишхоро аз тарафи гуе мусалмонони чиходпараст ин хизб махкум накардааст.
Агар махкум накунад маьно онро дорад ки рози аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)