Бахшҳо

"Дар узбакшавии тоҷикон на танҳо туркгароён, балки русҳо ҳам даст доранд"

Саиди САЪДӢ

ОМИЛҲОИ УЗБАКШАВИИ ТОҶИКОН ЧИСТ? (1)

Хулоса, ба афроде, ки худшиносии миллиашон чандон баланд нест ва тарбияи амиқи меҳанпарастӣ ва эҳтироми забони модариро нагирифтаанд, ҳар як масъалаву монеаи душвор, ҳар як камбуду нуқсон ба онҳо баҳона мешавад.

Баъзе афрод гӯиё далел пеш меоранд, ки чун коллеҷу донишгоҳҳо ҳама ба забони узбакист, бояд мактаб ҳам узбакӣ бошад. Ба фикри онҳо, агар фарзандонашон дар мактаб тоҷикӣ хонад, баъдан дар коллеҷу донишгоҳҳо азоб мекашидаанд, яъне агар тоҷикӣ хонанд, забони узбакиро ёд намегирифтаанд. Ин ҳам аслан як баҳона аст ва бунёди қавӣ надорад. Чунки дар мактаби тоҷикӣ забонҳои узбакӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешаванд.

Хусусан, барои тоҷикон омӯхтани забони узбакӣ осон мебошад. Зеро 40-50 дарсади захираи луғавии забони узбакиро вожаҳои аслан форсӣ ташкил медиҳад. Донишомӯзон ҳанӯз дар мактаб дар ду-се сол забони узбакиро мукаммал аз худ карда метавонанд. Солҳои қабл низ забони таҳсил дар техникуму донишгоҳҳо узбакӣ ва русӣ буд. Вале се-чор даҳсола пеш ин гуна баҳонаҳо вуҷуд надоштанд. Дар оянда агар теъдоди мактабҳои тоҷикӣ зиёд шавад, шояд дар коллеҷҳо гурӯҳҳои тоҷикӣ ташкил шаванд.

Ба ғайр аз ин сабабҳо дар ин масъала гумоне ҳаст, ки баъзе ашхоси мансабдори пантуркист ва миллатгаро низ даст доранд. Онҳо муғризона ба тариқи шифоҳӣ махфиёна ва бидуни эълону фармонҳо нияти нопоки худро амалӣ мекарданду мекунанд. Он сабабу омилҳое, ки ман дар боло дар ин маврид қайд кардам, асосӣ ва ҷиддӣ нестанд. Инҳо танҳо бештар ба баҳонаҳо шабоҳат доранд. Сабабу омилҳои асосӣ ва жарфе ҳастанд, ки моҳияту мӯҳтавои ин падидаи ногувори миллиро ҳувайдо мекунанд.

Чунон ки зикр намудем, бештар аз 90 дарсади тоҷикони Хуросони шимолӣ (бавижа Самарқанду Бухоро ва дигар навоҳии тоҷикнишин – С.С.) дар шиноснома (паспорт) мансубияти миллиашон ғалат, яъне ҳамчун узбак қайд шудаанд. Барои баррасӣ ва таҳқиқи муфассали ин қазияи фоҷиабор мавриди алоҳида лозим аст. Мо дар ин ҷо барои тӯл накашидани сухан баён мекунем, ки ин падидаи нохуш дар солҳои 20-уми асри ХХ ибтидо ёфтааст. Дар соли 1926 бо дасиса ва амалкарди иҷбории пантуркистон аввал дар асноди расмӣ ва баъдан дар шиносномаҳо бахши бузурги миллати тоҷик узбак навишта шудаанд. Дар ин амали нангин мардум гуноҳе надоранд. Дар замони ҳукмронии режими мустабиди Шӯравӣ халқи тоҷик бавижа аҳолии Самарқанду Бухоро каму беш шуури миллӣ дошт.

Албатта, ин хештаншиносии миллӣ ба дараҷаи ибтидоӣ буд, он чандон рушд наёфта буд. Бисёр одамон, хусусан, аҳолии шаҳрҳои мутамаддини Самарқанд, Бухоро ва баъзе навоҳии дигар бартарии фарҳангии худро дар муқоиса бо узбакони кӯчӣ хуб дарк мекарданд ва ҳеч мумкин набуд, ки бо ин руҳия худро бо мардуми саҳронишин яксон шуморида, хешро ҳамчун узбак муаррифӣ кунанд. Яқин аст ва ин чиз собит шудааст, ки ин зулму ҷиноят дар ҳаққи тоҷикон иҷборӣ сурат гирифтааст. Аз бисёр одамон ҳатто миллаташро напурсида, дар аснод узбак қайд мекарданд. Дар ин ҷинояти зиддининсонӣ на танҳо туркгаройҳо ва баъдан шовинизими узбакӣ балки давлати имперотурии Русия низ муқассир аст. Зеро ҳамин пантуркистҳо дастнишонда ва мутеи давлати абадқудрати Русия буданд. Ҳукумати Русия аз ҳамаи он ҷиноятҳои тоҷикситезии туркгаройҳо комилан огоҳ буд. Вале барқасд аз ин амалҳои зиддибашарӣ чашм мепӯшид ва худро ба нодонӣ мезад.

Сиёсати давлати имперотурии Русия бо сарварии И.В.Сталин ин буд, ки тоҷиконро нотавон, заиф ва парешон нигоҳ доранд. Дар ин масъала дар оянда дар як пажӯҳиши алоҳида аниқтар ва муфассалан андешаронӣ хоҳем кард. Дар Душанбе ва дар баъзе маҳалҳои дигар бархе аз афрод ба масъалаи шиносномаҳои мардум дахл карда, чунин мепиндоранд, ки агар ин мардум дар паспортҳои худ миллатамонро узбак навиштаанд ва бо ин рафтори нангин ба миллати хеш хиёнат кардаанд. Ин қабил ашхос сабабу моҳияти ин падидаи ногуворро жарфтар ва комилтар наомӯхтаанд ва бинобар ин аз асли қазия бехабаранд. Ин гуна афроди ноогоҳ моҳияти мавзӯъро амиқ дарк накарда, ба он аз даричаи танги шуури музофотӣ ва маҳаллии хеш назар медӯзанд.

Дар ин маврид низ эҳсосу хислати маҳалгароии эшон ба зуҳур меояд. Агар дар соли 1926 тахминан 70 дарсади тоҷикони Хуросони шимолӣ дар аснод узбак қайд шуда бошанд, ҳоло ин рақам ба ҳисоби миёна ба 90 дарсад расидааст. Яъне узбакгардонии тоҷикон дар солҳои баъд аз санаи 1926 низ идома доштааст. Дар ин ҷо мо ҳисоби миёнаро гуфтем. Ва ҳол он ки ин рақам дар баъзе маҳаллаю деҳот (бавижа, дар шаҳр - С.С.) то ба 98-99 дарсад афзудааст. Пантуркистҳо ва давлати импературии Русия бо ин амали мудҳиши худ маҳви маънавии як бахши калони миллати тоҷикро пешбинӣ карда буданд. Дар табиат ва ҷомеа ҳар ҳодиса сабаб дорад. Ҳукуматдорони замон хуб медонистанд, ки ин ҷинояташон ба чӣ хоҳад анҷомид. Ғалат сабт шудани мансубияти миллии 3-4 миллион тоҷик заминаро барои маънаван нест кардани онҳо муҳайё мекунад.

Миллат, ки рӯҳан ва маънаван маҳв шуд, тадриҷан забони модариро низ гум мекунад. Дар тарафи шимоли Самарқанд деҳаи калоне ҳаст бо номи Узбаккетти (ё кенти). Ин деҳа асосан ба ном тоҷикнишин буда, таърихи садсола дорад. Дар замоне аҷдоди онҳо аз Нурато, Панҷакент ва шаҳри Самарқанд муҳоҷир шуда омада, ба ин рустои навбунёд асос гузоштаанд. Ҳоло дар ин деҳа 5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Сокинони деҳа аслан саросар ҳама тоҷик бошанд ҳам, аммо мактаб аз аввал узбакӣ буд. Дар паспорташон ҳам қариб аксаран узбак қайд шудаанд. Дар солҳои охир бисёр бошандагони ин русто байни худ ба забони узбакӣ ва бо сокинони шаҳр бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Яъне, дар пеши чашми мо дар ҳоли ҳозир ба узбак табдил шудани аҳолии ин деҳа ба амал меояд. Ин раванд ва рӯйдоди ногувор натиҷаи ҳамоно дар шиноснома узбак қайд шудани аҳолӣ ва узбакӣ будани мактаб аст.

Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо ин ҳолу вазъи ногувор ба сари дигар деҳаҳо ва маҳаллаҳо намеояд? Хусусан, дар айёме, ки ба ин масъала касе ба ин одамон аслан тоҷик ва дар шиноснома ғалат қайд шудани мансубияти миллии одамонро тавзеҳ надиҳад, онҳоро дар рӯҳи миллӣ парвариш намекунад. Мардуми авом аз таърихи чӣ гуна ғалат сабт шудани миллати худ дар шиносномаашон огоҳ нестанд. Дар ин бора на китобу мақолае хондаанду на аз касе чизе шуданидаанд. Бинобар ин, онҳо фикр мекунанд, модом ки дар паспорт миллаташонро ҳукуматдорон узбак навиштаанд, пас ин дуруст аст. Зеро ин ҷо Узбакистон аст. Модом ки дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд, пас ҳама узбаканд. Ва ҳол он ки 70-80 сол қабл ҳамин мардум хешро тоҷик муаррифӣ мекарданд ва қавми узбакро аз худ поинтар медонистанд. Хушбахтона, ҳоло ҳам бисёр одамон худро тоҷик медонанд новобаста ба ғалат сабт шудани мансубияти миллиашон. Вале ба ҳар ҳол иштибоҳи сабти миллат дар шиноснома ва узбакӣ ё русӣ таҳсил кардан дар дабиристонҳо одамонро кам-кам аз ҳуввияти миллиашон дур мекунад.

Чунон ки дар боло қайд кардем, дар солҳои бозсозӣ, яъне нимаи дуюми солҳои 80-ум ва солҳои аввали даҳаи 90-уми асри ХХ-ум шуури миллии тоҷикони Хуросони шимолӣ (аз ҷумла дар Самарқанд, Бухоро ва баъзе манотиқи дигар) боло рафт. Зеро як гурӯҳ ватанпарастони тоҷик дар байни аҳолӣ корҳои тарғибу ташвиқотро пеш бурданд. Масалан, ба бахши бузурги аҳолӣ чӣ гуна ғалат сабт шудани мансубияти миллиашонро фаҳмонданд. Бино бар ин, ҳоло бисёр афрод моҳияти ин масъаларо дарк кардаанд. Ба назар чунин мерасад, ки теъдоди чунин ашхоси огоҳ ба 30 дарсад мерасад. Чунон ки мебинем, ҳоло ҳам 60-70 дарсади бошандагони ин марзу бум аз ҳақиқати ҳол бехабаранд. Масъалаи таҳсил ба забони модарӣ дар мактаб ва проблемаи шиноснома аз масоили ҳамагонист. Ин масъаларо бояд ақалан 60-70 дарсади миллат бидонанд ва ба он омода бошанд. Бо ин 30 дарсад масъаларо наметавон ҳал кард.

Баъд аз ба истиқлолият расидани ҷумҳурӣ корҳои таблиғу ташвиқ ва умуман муборизаи миллӣ хеле заиф шуд. Бархе аз пайкору талошҳо даст кашиданд. Гӯиё андак тарсида, майдони муборизаро тарк карданд. Баъзеҳо дар ин муддат вафот карданд. Хулоса, миллату забони модарӣ ба ҳоли худ гузошта шуд. Дуруст аст, ки дар баъзе мактабҳои деҳот бархе аз ашхоси огоҳ каму беш дар ин бобат кӯшиш карданд. Лекин бештари рӯшанфикрон аз ҷумла омӯзгорон ба тақдири забони модарӣ ва миллат бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Хуб аст, ки аз байни ин рӯшанфикрон афроди нисбат ба забони модар ғамхору дилсӯз бисёранд. Аммо ин таваҷҷӯҳу эътибори онҳо дар сухан зоҳир мешавад, на дар амал. Бисёре аз ин муаллимон роҳҳои мубориза ва чӣ гуна таблиғот бурдан дар байни мардумро намедонанд. Зеро таҷрибаи ҳаётӣ ва дониши сусту яктарафаи эшон ба ин имкон намедиҳад. Мардуми авому ноогоҳ ҳам чун мебинад, ки дар шиносномаҳо узбак қайд шудааст, табиист, ки дилаш ва рӯҳаш аз миллату забони модарӣ сард гашта, ноогоҳона ба сӯйи хиёнати миллӣ по мегузорад. Зеро ӯро на падару модараш ва на муаллимаш дар рӯзгори худ дар рӯҳияи миллатдӯстӣ дуруст парвариш накардаанд.

Дар ин масъала ин мардумро тарбияи амиқи маънавӣ ва миллӣ додан зарур аст. Лекин омӯзгорон – тарбиягарон дар ин соҳа худ ба парвариш эҳтиёҷ доранд. Дар баъзе мактабҳои шаҳр, ки чанд даҳсола ин тараф комилан узбакӣ шудаанд, бархе аз муаллимон ба донишомӯзон таблиғ мекарданд, ки дар оянда дар паспорташон худро узбак нависанд. Зеро бо ин амал ояндаи хешро таъмин мекардаанд ва ин зарур будааст. Яъне омӯзгор шогирди худро ба ҷодаи хиёнат ва миллатфурӯшӣ ҳидоят мекунад. Хулоса, шиносномаро аз омили умдаи инқироз ва кунд шудани хештаншиносии миллии халқ бояд донист.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Солхои 2000-ум

Салом хаммиллатони гироми.Чун мардикорони Узбакистон дар Россия солхои 2000-ум бо охистаги зиёд гаштан гирифтан точикони Самарканду Бухоро ва дигакпр шахрхо ру ба забони точики оварданд.Чаро?Чун точикистониён пештар ба Россия омада буданд ва нуфузи зиёдтар хам доштанд.Бо зане дар Масков хамсухбат гаштам,ки гуфт точик хаст,вале сухбат бо забни руси сурат гирифт чун мактаби узбакиро хатм карда будаст ва он солхо ба Тошканд гуиё кучида будаанд.Пас аз чанд вакт писараш ба мо хамрох гашт ,ки соф бо ман ба точики хамсухбат гашт.Зан накл кард,ки чун ба Россия омаду дид ки нуфузи точикон бештар аст,писаронашро ба назди бобою бибияш ба тарбия гузошт чун ба забони ачдодияшон гап заданро ёд гиранд.Вакте ки писаронаш мардикор шуданду ба пеши волидон ба Россия омаданд волидайнро дар хайрат гузоштанд,чун бо якдигар точики сухбат мекарданд.Он чизе,ки бо хун меояд бо чон мебарояд.

Dev
Парвиз,
In yak masalai hele nozuku hassos ast . Ba in mushkili bo tajorii tom boyad kadam nihod.Hukumati mo boyad bo tamomi hasti yak nakshai nihon doshta boshad, ki tavonad tojikonu madaniyatamonro, dar kujoe naboshand, hifz karda tavonad.Hukumati kununi minus!!! Dar avval Tojikistonro yak hukuimati "gulchin" lozim ast, az tamomi muzofoti Rt-i aziz mardonu zanoni baoru bonomus, madaniyatdustoru bofarhang, purandeshu durandeshro jam kardu bad bo kadamhoi ustuvor , albatta bo vositai tamomi ahbori umum, bo digar rohho niz ( masalan charo az Samarkadu Buhoro... hofizoni tojikzabonro ba Dushanbe davat namekunand? unvon namedihand, shoironro navisandagonro inchunin davat namekunand?) tojikro hudshinos boyad kard.Man chand bor dar digar sahifahoi interneti ham navishtam charo ba joi Yulduz Rohilaro taklif namekunand, ba joi Jumanijozova Ozoda Ahmedovaro taklif namekunand, charoi baroi Mardon Mavlonov unvoni halki namedihem...ohir in ham yak rohi dilgarm kardani tojikonamon ast.Charo TV -hoi mo hamesha az yak mahal taronavu ...nishon medihad, charo joi zaboni adabiro guishi kuchagii bgu bhu giriftast? Magar bo in holi rikkatangez mo metavonem dili yak tojiki berunmarzro garm kunem?

dar hamin jangi tojikiston tojikoni uzbakiston boyad istifoda burda vatanashona az uzbako megiriftanu pasporthoro tojiki mekardand.lekin on ruz inshoalloh meshavad ki tojikoni uz ozod meshavand.omin.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)