Бахшҳо
26 фев 2014 12:33Тоҷикистон / Сиёсат

“Ховар”: Зоиров хост, таҷрибаи Украинаро роҳандозӣ кунад, ки занон нагузоштанд

Хабаргузории миллии Тоҷикистон, “Ховар” бо нашри як матлаб, зери унвони “Бардоште аз сабақи украинӣ” Виктор Януковичи фирориро тарсу хондааст, ки беҷуръатӣ карда, ҷилави нооромиҳои феълии кишварашро саривақт нагирифт.

Дар матлаби нашркардаи “Ховар” ангезандаи ҳаводиси Киев кишварҳои хориҷ арзёбӣ мешаванд, ки “таваҷҷуҳи аслиро ба решаи таърихии ихтилофоти мазҳабии миёни сокинони ғарбу шарқи кишвар, эҳсосоти бадбинонаю интиқомҷӯёнаи бозмондагони авлодони миллату меҳанфурӯши бендерӣ-фашистии қисмати Карпатии Украина равона карданд. Пешвоёни мухолифин Арсений Яценюк (қаноти «Батькивщина» дар парлумони кишвар), Олег Тягнибок («Свобода»), Виталий Кличко (ҳизби «Удар»), вазири собиқи ВКД Ю. Луценко ва олигарх Порошенко ҳама зодагони ҳамонҷоянд.”

Дар матлаб, ки таҳти имзои Ҳумоюни Куҳистонӣ нашр шудааст, ҳаводиси Украина ҳамчун сабақи омӯзонандае барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ба қалам дода шудааст: “Барои касе пинҳон нест, ки абарқудратҳои машғул ба тақсимоти нави ҷаҳон аз ҳилаҳои нав ба нави геополитикӣ кор мегиранд ва дар ин самт пеш аз ҳама такя ба нерую шахсиятҳое мекунанд, ки бо сабабҳои мухталиф аз низоми амалкунанда розӣ нестанд, пушти ақидаҳои барои мардуми худашон бегона мераванд, барои молу сарват омодаанд, ки тамоми арзишҳои миллии худро зери по созанд.”

Дар пайи ин гуфтаҳо зикр шудааст, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ дар моҳи декабри соли гузашта муддати як ҳафта дар «Евромайдон»-и Киев қарор дошт: “Робитаи наздик бо мухолифини Украина барқарор намуда, таҷрибаи ихтилофандозию моҷароангезӣ меомӯхт. Баробари бозгашт дар саҳифаҳои интернетӣ ва ВАО эълон кард, ки нишасте меорояд ва мардуми Тоҷикистонро аз ҳақиқати намоишҳои эътирозӣ дар хиёбонҳои Украина огоҳ мекунад. Ӯ мунтазир набуд, ки дар симои чанд зани ҷасур халқи як дафъа воқеаҳои ҳамсонро аз сар гузаронида монеи ҳар гуна иғвоангезиҳои ӯ ва ӯ баринҳо мегардад. Ин мардумро фиреб додан дигар коре саҳлу сода нест."

Муаллифи матлаб ҳаводиси Киевро кори дасти гуруҳҳои ҷинояткор хонда, афзудааст, ки дар Тоҷикистон низ чунин талошҳо ба назар мерасанд: “Тамоми намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда, ҳизбу ҳаракатҳои ба истилоҳ мухолиф ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имрӯз ба проблемаи «шиканҷа» рӯ овардаанд ва аз худ пуштибони аҳли ҷиноятро метарошанд. Ин формула ҳам барои аксарият кушода аст, ки ҳар як инқилобро «оқилон тарҳрезӣ мекунанду мутаассибҳо амалӣ ва қаллобҳо истифода». Мутаассибтар аз аҳли ҷиноят куҷо метавон пайдо кард?”
Мӯҳр
РОМИН
дАР-УКРАИНА-ШОЯД-БАЪДИ-ТАШИКИЛИ-МАЙДОНИ-ГАР
БИ-АЗ-ТАРАФИ-ГАРБИХО-КИ-ДАР-ХАМА-НООР
ИМИХОИ-УКРАИНА-ОЛИГАРХХОИ-МУРДАХУРИ-РУС-ГУ

али
Дех марав ки дех мардро ахмак кунад, Аклро бе нуру бе равнак кунад! Хакикатан кухистони будаи , хакикатан! Ту кухистони ое медони ки устод Зоиров кистанд?Аввал бубин чои худ,,,,,,,,,

Яьне Янукович бечурат будаст Вайхам бойад артишро ьа мукобили мардуми бесилох истифода мекард чихеле ки рахмон бочурати кард ман ходисахои хоругро дар назар дорам Дар мавриди ин “кахрамонхо“ бошад ба рахмон гуед банхо ордин дихад чунки ба фикри муалифи ин макола онхо миллатро начот доданд чихеле рахмон спасител нации элон шуд. Кментарияи дар боло бо ном “точик“ба шумо респект

Вакеиятнигор
Муаллифи матлаби дар сайти "Ховар" чоп шуда аз занхои ба истилох "Часур"-и ба дафтари хизби Сотсиал-демократхо хучум оварда, ёдовор шудааст. Вале бо ракиб ва ё хариф, дар чунин масоил, мунисифона бо неруи зехниву аклон бархурд бояд кард. Наинки кадом як занхои хат-хатии бесаводро хамчун пешка истифода бурд. Албатта дар чунин холат бо чунин шева бархурд намудан нотавониву заъфи Хукуматро нишон медихад, ки бо як хукукшиноси варзида ва аз лихози донишхои юридики мусаллах бад-ин сон муносибат мекунанд.
Вакте аз ходисаи хамлаи занхо ба дафтари хизб тарики расонахои хусусии интернети огах шудам, тифоко чашмам ба яке аз занхои чанчолии дар акс буда афтод, ки тахмин 3 сол пеш авоили фасли тирамох хангоми филмбардори барои ичрои накши занхои гайбатчи хамрои як тан зани дигар, ки дар хулку атвор аз у ками надошт, чалб шуданд. Давомнокии сахна чандон дароз набуд. Чун чои гап аст, мехохам як нуктаро ин чо баён кунам. Дар як муддати кутох ин ду тан тавонистанд, ки аз паи амали сохтани ниятхои палиди худ шавад. Яъне дар аснои филибардори телефони мобилии чавондухтаре, ки роли кахрамони марказиро мебрзид, банохост гайб зад. Хамаги ба чуз аз эшон аз каси дигар гумонбар нашуданд. Холаташонро, ки бисёр ба танг оварданд,ноилоч телефонро пайдо карданду аз шарм зуд он маконро тарк карданд. Ин хамон зани харобинаи миёнасол аст, ки дар акс дар сафи пеш карор дорад.

Рембо
Шукрона кунен хахахахаха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)