Бахшҳо

VIDEO: Нур Табаров дар бораи Тутубалина, тоҷикию форсӣ ва баҳманмоҳи хунин

Ҳумайрои БАХТИЁР

Нур Табаров, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки 21 феврал баргузор шуд, алайҳи матлаби баҳсбарангези Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ки дар он дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам ишора шудааст, баромад кард. Ӯ гуфт, сукути иддае аз зиёиёнро дар мавриди матлаби “Нозиёиёна дар мавриди зиёиён” ҳеч намефаҳмад.

“Ба назарам, пайдо шудани чунин матлаб аз одоби маърифати журналистӣ камтар дур буд. Хусусан, агар хабарнигор намояндаи миллати дигар бошад. Одаме, ки дар ин кишвар мактаби русиро ҳам хонда бошад, медонад, ки инҷо чӣ расм, одоб ва урф дорад. Ҳатман аз эҳтироми мардуми тоҷик ба адибон, ҳунармандон ва зиёиён бохабар аст. Аз ин хотир, касе ҳаққи таҳқир кардани зиёиёнро надошт”,-илова намуд Нур Табаров.

Вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон афзуд, “мутаасифона, мебинам, аз ин таҳқир аксарият хомӯшанд. Дар ҳоле ки бояд мавқеи худро бигӯянд. Фикр мекунам, обрӯву эътибори зиёии тоҷик дар дасти худаш аст. Ҳамон тавре ки обрӯву эътибори сиёсатмадори тоҷик дар дасташ аст.”



ДАР БОРАИ “БАҲМАНМОҲИ ХУНИН”

Дар идомаи маҳфил ширкатдорон атрофи “баҳманмоҳи хунин” низ суҳбат карда, аз Нур Табаров пурсиданд, дар баъзе сарчашмаҳо ин воқеа муқаддимаи ҷанги шаҳрвандӣ гуфта шудааст ва оё ин дуруст аст, ё на. Нур Табаров гуфт, ба чунин саволҳо бояд ҷавоби дақиқро таърихнигорон бидиҳанд.

Бо ин ҳол, ӯ гуфт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода он вақт дар ором кардани мардум нақши бисёр бориз дошт: “Офарин. Дар ҳамон замон нотарсида, ҷасурона рафта мардумро ором мекард.” Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд, аз дидаву мушоҳидаҳои худ аз он ҳаводис дар додситони кулл 6 ҷилд баёноташ мавҷуд аст.

Номбурда дар пайи бозпурсӣ шуданаш аз тарафи додситони кулл гуфт, он замон мақомот тафтишоти худро мунсифона ва ҳирфаӣ (касбӣ) анҷом додаанд.

“ИН ЗАБОН ТОҶИКИСТ, НА ДАРИВУ ФОРСӢ!”

Нур Табаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар робита ба баҳсҳо атрофи эҳтимоли бозгашт ба хатти форсӣ гуфт, ҳеч заруратро намебинад. Номбурда мегӯяд, тоҷиконро зарур аст, барои ҳамчун миллат ҳифз кардани ҳувияти худ забонашонро тоҷикӣ ҳифз кунанд.

“Ин забон тоҷикӣ ҳаст. Дариву форсӣ нест. Эрониҳо форсӣ карданд, ҳувияти худро ҳифз кунанд. Дар Афғонистон ҳам забони дарӣ гуфтанд, то худшиносии худро баён кунанд. Пас дар он ки мо ҳам забони худро тоҷикӣ мегӯем, ҳеч бадие нест. Мо ҳам бояд талош кунем, то ҳувияти худро нигоҳ дорем”,-изҳор дошт Нур Табаров.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
исмоилшо
--Дар Афғонистон ҳам забони дарӣ гуфтанд, то худшиносии худро баён кунанд. Пас дар он ки мо ҳам забони худро тоҷикӣ мегӯем, ҳеч бадие нест. Мо ҳам бояд талош кунем, то ҳувияти худро нигоҳ дорем”

Ачаб зиёии точике... замони зиндагии Н.Хусрав афгонистону точикистону ирон набуд аммо ин забонро форси ё дари мегуфтанд.
на онам ки бар пойи хукон бирезам
ман ин киммати дурри лафзи ДАРИРО...

имруз нури табар даъво дорад ки ин забон бояд се кисмат се забон бошажд. акнун адибону олимони бузургро байни мардуми ин се давалат чи гунап таксим кунем????? ба фарки мазабашон ё забонашон чаноби собик вазир. Пас тутубулинаро чаро ба махкама мекашед????? хамчу оина ру ба ру гуяд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)