Бахшҳо

Холиқов: “Хонаи баъзеҳо дарвоза надорад, вале ба Ҳаҷ мераванд”

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар сӯҳбат бо мақомот ва сокинони Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, аз навбати тӯлонии шаҳрвандон барои сафари Ҳаҷ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "хонаи баъзе аз шаҳрвандони мо дарвоза надорад, вале бисёр талош мекунанд, ки Ҳаҷ бираванд”.

Ин ҳарфҳо аз сӯи раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳоле садо дода, ки Сами Шариф, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз навбатгирии сокинон барои сафар ба зиёрати Хонаи Худо то соли 2022 хабар додааст. Сами Шариф гуфтааст,дар ҳоли ҳозир сокинони ин шаҳр то соли 2022 барои сафари Ҳаҷ навбат гирифтаанд.

Инчунин Холиқов ба масъалаи бозпас овардани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои арабӣ дахл карда, барои баргардонидани шумораи боқимондаи онҳо дастур додааст. Ба иттилои манбаъ, тамоми ҷавонони ин минтақаи кишвар, ки дар давлатҳои арабӣ таҳсили динӣ менамудаанд, ба ҷуз чанд тани дар Миср қарор дошта, баргардонида шудаанд.

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар садри як ҳайати корӣ барои иҷрои супориши президент дар мавриди корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ва баррасии фазои динӣ озими вилояти Хатлон шуда, қарор аст, то 20-уми феврал дар ин минтақа боқӣ монад.

Дафтари матбуотии Кумидаи дин мегӯяд, Холиқов нахуст 18-уми феврал дар Қӯрғонтеппа бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа мулоқот карда, таъкид кардааст, ки назорати риояи қонуни танзими расму оин аз ҷониби масъулин пурзӯр шавад, чун ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ҳанӯз зиёд сар мезананд: "Қонуни танзими ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон маҳз ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ба тасвиб расидааст ва он бояд самаранок татбиқ гардад."

Инчунин манбаъ илова мекунад, ки, Холиқов дар ин дидор бо имомхатибон, имомон доира ба вазъи фазои динӣ дар кишвар табодули назар намудааст: “Ӯ таъкид дошт, ки мо бояд бо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеа аз паҳн гардидани ҳар гуна ҷараёну мазоҳиби ғайрианъанавӣ дар кишвар ҷилавгирӣ намоем.”

Холиқов ҳамчунин хостори ҷалби бештари ҷавондухтарон ба таҳсил шуда, афзудааст, ки таҳсили духтарон барои рушди ҷомеаи маданӣ дар кишвар мусоидат намояд. Дафтари матбуоти Кумитаи дин мегӯяд, сипас Холиқов дар ноҳияи Бохтар бо беш аз 300 нафар ходими дин, аҳли ҷомеа ва фаъолон масоили мубрами миллию диниро баррасӣ карда, интизор меравад, чунин мулоқотҳо то 20-уми феврал идома ёбанд.
Мӯҳр
Насихат гуш кун чоно
ин илми диниро хуб омухтааст то ки мисли яхудихо ва дигар душманони Аллоҳ бар зидди дини Аллоҳ бичангад. сохиби дин Аллоҳ аст на мулло, е кори е ягон шайхи дигар. фардо дар пеши Аллоҳи Бузург хисобот медихи на дар пеши э.ш.

абудовуд
холиков,аз худо тарс!!!ин кумитае ки ту сарвариашро бар ухда дори ягон кореро бар манфиати динамон то имруз анчом надодааст.ин кумитаи алайхи дин аст

Dev
Tojik,
O sadkat shavam tojik, o tu darvoza nadoshta boshi ajbi davlat chist? Tu digaronro ba nangu nomus davat mekunivu hudat boshi puli ba jumshudi jam kardai farzandatro burda ba arabho hadya karda meoi ,in ajbi kist ? Behtar nest,ki hamun mablagro baroi yatimoni tojiki hudat hadya kunivu sabob giri ? Behtar nest,ki ba bechoragonu benavojon,ki dar Tojikiston kam nestand dasti eri daroz kunivu sabob giri ? Behtar nest,ki bo hamon mablag baroi bachahoi dehotat dabiston bunjod kuni, bogcha bunjod kuni, varzishgoh bunjod kuni, hamom bunjod kunivu sabob giri???

Ташрех
Тоҷико як матал доран:
Дил мекашад по меравад.
Дилаш ба хонаи Худо мекаша ба хонаи дигаро намекаша.
Барои чизе, ки дуст медорад, дари хонаша қурбони мекуна вале барои чизе, ки дусташ намедорад безорай.
Мардум ду намуд пул ҷамъ мекунан, яке барои ободии хонааш ва дигаре барои Худо. Он чизе, ки барои худаш аст онро дар ҳар-ҷо порахуро мегиран, дигар бечора чора надорад, ҳатто корупсия ҳам порхур, вале ончи барои Аллоҳ ҷам кардай намета.
Ба хонаи Худо мерай гуноҳот мерезан, одам мешай, пора мети гуноҳ мегири, аз одамгарӣ мебррой.
Ана формула ва ана ҳал барои муодилаи шумо.

Умар
Дар щариати Ислом сатр фарзаст ва албатта хучра ё утоки зиндагии инсон сатр доштанаш лозим аст.Ин сатр бо дар ё парда мешавад.Зеро хонаи пайгамбар с ё баъзе сахобагон парда дошт ин албатта муфофики имкон инсон аз чихати тавонгари аст.Дарвозаи хавли ё каср доштан шарти рафтани хач нест бародарони муслмон.
Ин хама сабаби пасту кам будани фарханги исломии аксари мардуми кишвар аст ки ингуна андешахо аз мансабдорони кумитаи дин пайдо мешавад ва касе онхоро посуху чавоб намегуяд.
кумитаи дини ЧТ барномаи бесавод кардани мардумро дорад ва мардуми мусулмонро аз фарханги дини дур менамояд. масалан барои чопи китоби дини ба забони точики бояд ташхиси дини аз кумитаи дин гузари ва маблаг пардохт намои. хуб ин хам барои мусулмони захматкаш барои Худо боке надорад. вале боз чан шарти ноимконпазир ё парадоксхоеро гузоштааст ки дар дар низоми демократия на дар камунисти на дар конуни чангал рост меояд. масал яке аз шарт инаст ки барои нашри китоби дини бояд ба кумитаи дин аз кумитаи истилохот ва забонхои назди хукумати ЧТ мактуб бари.оё кумитаи забонхо дигар кор надорад. ё аз аъзои академия ЧТ такризу макутуб лозим аст. кадом академикхо аз ислом пурра маълумоти кофи доранд. аксарашон нафрат ба дини ислм доранд. имруз вазорати маъориф ва илми ЧТ шуд.академи зери вазорати маъороиф аст. вазорати маъориф такриз ба китоби дини медихад дархоле ки дин аз давлат чудо гуфта исломро бад мебинанд. ин Холиков боз худро доктори хукуку конундон мегуяд.ин аз конуни чангалхам гузаронд.

ин хукумат доро дигар кор надоран оо ба дарвоза дории ман чи кор доран то дарвоза мечаспонемки мемурем фардо дар пеши парвадигор чи чавоб мегем дигар инки хами дунера суркарда гардем дарвоза надорем мошин надорем хонай ду ошена надорем катеж надорем гуфта гардем.дигар инки ай ин корой хача пеша гирифтанда о равен диска клухоро маън куненки фарзандонамон фохиша нашаван ман вахте дар озоди хондам дар точикистон духтархоро капидан барои тан фурушишон манки точикам бахудо касам шармам омадки наход дар точикистонхам хамин хели кор бошад хамин корора сари рохшона мегирифтен бисер хуб мешуд.АННА АКНУН ШАХСЕ БА ХАЧ МЕРАВА ДАРВОЗАХАМКИ НАДОШТА БОШАД ВАКТЕКИ АЗ ХАЧ БАРГАШТА ОМАД ЧАНДИН НАФАРХО БА ЗИЕРАТАШ МЕОЯНД АЗ ОН ШАХС ТУХФАХО МЕГИРАНД ИЛТИМОС ОЗОЗДАГОН ЧОП КУНЕД

халил
Мухтарам Холиков А Г раси кумитаи дини ЧТ чаро ба дини ислом ва аз нашри китобхои исломи нафрат доред? Ислом барои шумо чи бади намудааст? Мусулмононро мон ба холашон зиндаги кунанд. Шумо сиёсати Презденти кишварро дар назди мардуми мусулмони кишвар сиёх доред. Шумо дусти Презденти ЧТ ё душман? Презденту давлат бо халк кувваву кудрат дорад ва аксари мардум мусулмонанд.Шумо Холиков халкро зидди Президент ва сиёсати давлат карда истодаед.хуб фикр кун.Мухтарам Чаноби Оли Презденти кишвар як бор парванда ва шахсияти ин Холиков раиси кумитаи динро аз назар гузарон. Чаро мардум дилсард аз зиндагию аз давлат шаванд? ингуна дустон хизмати хирсона барои Презденти кишвар доранд. Мо тарафдори сулху оромием. Холиковхо барин вазъи диниро дар кишвар ноором менамоянд.

ЗАФАР КУРБОНОВ
КУМИТАИ ДИН МАСЪУЛИЯТИ АСОСИАШРО КАНОР ГУЗОШТА. БА ДАРУ ТИРЕЗАИ ХОНАХОИ МАРДУМ ДАСТ ЗАДАСТ. КИ ЧИ ДОРАД НАДОРАД ВА ЧИ ГУНА ЗИНДАГИ МЕКУНАД МАРБУТ БА УСТ ВА ДИГАР МАКОМОТ ФАКАТ НА БА КУМИТАИ ДИН ЧАНОБИ ХОЛИКОВ!!!!

хама. актерхо. сари кудрат. омадаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)