Бахшҳо
13 фев 2014 15:59Тоҷикистон / Сиёсат

Нашри баёноти Тоҷиев баъди тақрибан як моҳи даргузашти ӯ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) баъд аз тақрибан як моҳи даргузашти Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ин ҳизб дар бемористони муассисаи ислоҳии Суғд, матни баёноти ӯро дар торнамои худ нашр кардааст. Дар ин баёнот марҳум Тоҷиев чӣ гуна моҳи октябри соли гузашта боздошт шудану мавриди латту кӯб қарор гирифтан ва аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулиси Исфара ба зер афканданашро муфассал навиштааст.

МАТНИ БАЁНОТИ УМЕДҶОН ТОҶИЕВ:

“Ман, Тоҷиев Умедҷон, сокини ноҳияи Исфара, деҳаи Чоркӯҳ, маҳаллаи Лангар. Рӯзу моҳ ва соли таваллудам: 13.10.1979.
Соли 1999 бо ҳамсарам издивоҷ карда, соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Муваққатан бекор ва дар бозорҳои қишлоқ соҳибкорӣ (савдогарӣ) карда, оилаамро пеш мебурдам.

1 фарзанд – Судайсхон, соли тавалуд - 2000
2 фарзанд - Тоҷиева Тиловатхон, соли тавалуд - 2002
3 фарзанд - Тоҷиева Ҳузайфа, соли таваллуд 2005
4 фарзанд - Тоҷиев Абдуллохон, соли тавалуд 2012

Нашри баёноти Тоҷиев баъди тақрибан як моҳи даргузашти ӯМан рӯзи 30.10.2013 дар бозори деҳаи Ворух савдо мекардам, ки 4 нафар ба назди ман омада, савол доданд, ту Умедҷон-мӣ? Гуфтам, бале ва яктои онҳо ба ман ҳуҷҷаташро бароварда гуфт, ман корманди милитсия, ту бо мо рафтанат даркор. Бе ягон саркашӣ бо онҳо ба ШКД-1 шаҳри Исфара тахминан соати 12-00 рӯз буд, рафтам. Ва ба 3-юм ошёна бароварда, ба дасти рост ба утоқи аввал дароварданд ва ба ман гуфтанд, туро барои чӣ овардем медонӣ? Савол дод, ҳамон корманди милитсияе, ки шаҳодатномаашро нишон дода буд. Ман гуфтам, не намедонам. Баъд, гуфт, мо туро маъмурӣ мекунем, ту бояд ду рӯз дар ин ҷо боқӣ монӣ. Гуфтам, ман чӣ ҷиноят содир кардаам, ки маро маъмурӣ мекунед. Аслан, маъмурӣ чист намедонистам.

Бе ягон асос маро гирифта ба ШКД-1 ш. Исфара оварданду гуфтанд, ба ин маъмурӣ розӣ шав ва имзо гузор! Гуфтам, не ва ду шахсро аз кӯчаи ш. Исфара оварда ба дигар утоқ дароварда, ба онҳо чизе гуфта имзо кунонда маро баъд ба суди ш. Исфара бурданд. Тахминан соат 16-00 бегоҳӣ буд. Дар суд тақрибан 2 соат истодам, чун ҳамон одами лозима куҷое рафта будааст, ки баъд омад. Маро ба пеши ӯ дароварданд. Ман баъд донистам, ки он шахс судя будааст, номаш дар хотирам нест. Судя ба ман муроҷиат карду гуфт, ки адвокат мехоҳӣ? Ман ин тавр корҳоро бори аввал дида ҳайрон шудаму гуфтам, бале мехоҳам! Баъд ба ман корманди милитсия худаш адвокат даъват кард, ки як пирамард буду номи ӯ низ аз хотирам рафтааст. Ӯ ба ман сафедкунанда шуда бо онҳо сухан мекард. Баъдан ман ба судя муроҷиат карда, гуфтам, илтимос маро маъмурӣ накунед!

Кормандони милитсия дар он ҷо ба ман туҳмат зада, гуфтанд, ту саркашӣ кардӣ ва адвокат ба он се нафар корманди милитсия муроҷиат карду гуфт, ки шумо шоҳид доред ва онҳо гуфтанд, мо 3 нафар худамон шоҳид мебошем, ки як нафари дигари онҳо дар суд ҳузур надошт ва албатта ӯро мешинохтам, Музаффар ном дошт.

Баъд аз чанд дақиқа судя маро бе ягон гуноҳ 10 рӯз маъмурӣ кард. Тахминан соати 18-30 дақиқа боз ба ШКД ш. Исфара маро оварданд ва ба ошёнаи 3-юм бароварда ба дастонам наручник заданд ва пойҳоямро мисли ҳайвон сахт баста, ҳақоратҳои ноҷо мекарданду мегуфтанд, мо ту нависандаро акнун зада-зада ба сарат ҳар гуна айбу гуноҳҳоро бор карда, турма мекунонем. Ман дар кунҷи утоқи калон, ки вай кабинети началники уголовний розиски ҳамон ШКД будааст, рост меистодам. Онҳо тақрибан 12 нафар буданд. Илёр ба онҳо гуфт, ки 2-нафарӣ навбатдор меистем ва Умедро хобонидан даркор нест ва онҳо 2-соатӣ шабро тақсим карда, бо навбат омада маро хоб рафтан намемонданд.

То рӯз ман нахобида рост истодам, албатта, гӯшнаю ташна соат тақрибан 8-00 субҳ шуд ва маро ба латту кӯб кардан сар карданд, ки он рӯзи панҷшанбе 31.10.2013 буд. Машраф гуфтанӣ ном корманди милитсия маро бисёр латту кӯб мекарду мегуфт, ман ту нависандаро ба террористон ҳамроҳ карда турма мекунонам, ба ин суханон боз Илёр корманди дигар қуш (ҳамроҳ) шуд. Маро ҳақорату дашном зада мегуфт, ман ба хонаат автомат партофта, туро якумра маҳбасӣ мекунам. Ва маро ба устал (курсӣ) шинонда дастамро аз пушт наручник заданд. Пойҳоямро ба стол баста, ба калаам салафан пӯшониданду аз болои салафан, яъне пакет боз куртаамро зер карда, 5 ё 6 нафар маро зер мекарданд. Ба наручник лата печонида, об рехтанду бо қувваи барқ ба ман фишор меоварданд ва ҳамин тавр ман гушнаю ташна аз ҳуш мерафтам ва боз об зада, об медоданду ба ҳуш оварда, боз ҳамин корро давом медоданд, ки 2 рӯзу 2 шаб ҳамин гуна азоб дода мегуфтанд, туро мо бо холабачаат қорӣ Зайлов қуш карда, маҳбасӣ мекунем, чун холабачаат чанд сол боз дар кофтукоб будааст.

Нашри баёноти Тоҷиев баъди тақрибан як моҳи даргузашти ӯБаъди 2 шабонарӯз маро азобу шиканҷа дода мегуфтанд, ё ба мо аъзо мешавӣ ё мо туро ба холабачаат қуш мекунем. Рӯзи ҷумъа, яъне 1.11.2013 бегоҳии рӯз соаташ дар ёдам нест, ман розӣ шудам, ки аъзои шумоён мешавам, онҳо ба ман шарт монданд, ки мо туро делои ҷиноятӣ карда мемонем ва ту холабачаатро, яъне қорӣ Зайлобро ба мо қабида медиҳию аз дело соф мешавӣ. Боз ман розӣ нашудам. Онҳо арғамчинро кушоданд ва Машраф ном корманди милитсия бо ҳамон арғамчин задан гирифт, ки ман аз ҳуш рафтам ва сару гушҳояму пешониам варам буданд. Ва боз ба худ омадаму ба ман гуфтанд, аъзои мо мешавӣ? Гуфтам, чӣ тавр ман бовар кунам ва онҳо чандин далел ба ман оварданду чанд китоби қонунро нишон дода маро бовар кунониданд. Баъд шахсияти маро ба навиштан Илёр номи корманди дигар сар кард. Ва аз ман чӣ гуна будани хонаҳоямро низ пурсида нақшаашро ҳам кашид ва бисёр туҳматҳо барои ман навишта ба ман гуфт, ин ҷойҳо имзо гузор гуфта, амр кард.

Гуфтам як бор мехонам онҳо гуфтанд, нахонда имзо мондан гир мо ба ту кафил, ки мо туро аъзои худамон мекунем, ҳеч кас намедонад. 4 нафар бо ту ҳама вақт дар тамос мебошему туро фардо ҷавоб медиҳем, меравӣ. Ва маро бовар кунониданд. Ва ман имзо намудам бо дили нохоҳам. Ягон воқеа руй надиҳад гуфта, дилам меларзид. Метарсидам ва онҳо наручникро кушоданду арғамчинро низ кушода партофтанд ва ман бовар кардам, ки аъзои милисаҳо шудам. Иншоаллоҳ қорӣ Зайлобро ҳамакаса меқапем, гуфта бо онҳо ба ман чой нон ва дигар таомҳо доданду хурдам ва бовар кардам, ки аниқ ҳамин тавр шудааст. Баъд Фарҳод ном корманди дигар гуфт, Умедҷон инҳоро бо дастат навишта, деҳ ман гуфтам, ки ҳаминаш басанда ва онҳо гуфтанд, ки агар мо ин коро намекардем ту боз моро ба додситон менавиштӣ. Гуфтам, не маро агар бе ҳамин дела ҳам сар медодетон ман ба додситонӣ наменавиштам.

Онҳо гуфтанд, мо ба ту бовар надоштем, ки боз ту моро ба додситон шикоят накунӣ. Акнун ту шикоят карда наметавонӣ Чун делаи ҷиноятӣ дар дасти мост! Мо ба ту боварӣ мекунем ту ба мо бовар кун. Ва ҳамин тавр ман вай делаҳоро хонда навишта тамоми аъзоям як маротиба ларзид. Ман боз ба онҳо гуфтам, ки бо ин дела ман бисёр маҳбусӣ мешавам ва онҳо маро боз бовар кунониданд, ки делаи ҷиноиро маҳкам карда мемонанд баъд ман бовар кардам ва маро ба дигар кабинет бурда, хобониданд. 3 шабонарӯз хоб накарда будам. Хоби баором рафтам ва саҳар рӯзи шанбе 2.11.2013 тахминан соатҳои 9-00 рӯз буд, боз ба ҳамон кабинет бурданд. Илёр ва Машраф нишаста буданд ва Илёр ба ман муроҷиат карда, гуфт, хонаат тилфон дорад? Ман бале, гуфта номерамро додам. Баъд пурсидам, номер барои чӣ? Ҷавоб дод, паспортат даркор. Ман гуфтам, барои чӣ маро ҷавоб медиҳед-ку паспорт чӣ лозим? Ӯ ба ман гуфт, сериякопиаш даркор ба дилам сиёҳӣ афтод. Баъд занг зад ҳамсарам лабай гуфт ва ман ба ҳамсарам гуфтам, паспортамро биёр ва ҳамсарам хоб шудааст гуфта, телефонро гузошт.

Боз такрор кардам, ки ҳамон сериякопияи паспортро худам оварда медодам ва ҳардуи онҳо кормандон ғазаӣ шуда боз маро ба руйҳоям шапалоқ заданду гуфтанд, ки бо ҳақорати қабеҳ ту акнун маҳбусӣ мешавӣ! Боз маро мавриди латту куб қарор доданд. Ва тақрибан соат 11-00 рӯзи шанбе буд ва ҳамон замон ҳарду баромада ба пеши ман як кормандро монданд. Ва ман ҳамон вақт девона шуда, чӣ кор карданамро намедонистам.

Ва шайтон ба ҳар куҷо маро бурда мезад ва мисли девона худ ба худ чиҳо мегуфтам ва чӣ гуна ба чашмам тиреза намудор шуду худро аз тирезаи 3-ошёна ба берун ҳаво додам. Чӣ тавр афтодам намедонам ва аз ҳуш беҳуш шудам. Ва баъд аз бедор шуданам фаҳмидам, ки пойҳоям шикаста миёнам зарби сахт хурдааст. Дар беморхона шаби шанбе ва рӯзи якшанбе дар реанематсия беҳуш хобидаам ва рӯзи душанбе 4.11.2013 саҳарӣ ба худ омадам. Дар сарам бисёр одамон ва мо тез ба кадом палатаи реанематсия гузарониданд ва ду нафар шахс омада, худашонро муаррифӣ карданд ё накардан дар хотирам нест, чун ман аз беҳушӣ ба худ омада будам ва онҳо савол медоданду ман гирякунон чӣ ҷавоб медодам дар хотирам нест ва боз як шахси дигар омада, ҷойҳои кабуд ва дастони наручникзада ва каллаҳои варамамро сурат гирифта рафт. Ва баъд муфаттиш омада гуфт, ки ба ин қоғазҳо имзо монданат даркор. Ман дар ҷавоб гуфтам, ба ман хонед ман фаҳмида баъд имзо мекунам.

Муфаттиш ба ман гуфт, ки худат хон он вақт ман ин қадар ба худ омада набудам. Ва муфаттишро илтимос кардам, ки ба ман хонад, вале ӯ нахонду имзо кун гуфта, имзои маро гирифта рафт. Дар пешам кормандони ШКД-1 ш. Исфара бисёр буданд, аъзои баданам дард мекашид. Ба ман тез-тез сӯзандору мегузаронданд. Ва тарафи рости шикамам низ сахт дард мекард. Ва дере нагузашта муфаттиш бо судя омаданд ҳамроҳи як зане, ки ӯ худашро адвокати ман меҳисобид. Ман шуморо адвокати худ дидан намехоҳам, гуфтам, он зан гуш накарда мегуфт, маслиҳат кунеду бо оилаатон маро адвокат гиред. Ман не гуфтам ва судя маро имзо кунонда ва муфаттиш маро ба ду моҳ бо пойҳои шикаста ва бо миёни сахт зарбхурда ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд равонам кард, ки ман ҳамон вақт ба сӯзандоруву ба муолиҷаи табибон ниёз доштам.

Баёнот бо дасти худам ва бо ростӣ он чи ки шуд, навишта шудааст.

Тоҷиев Умедҷон Исломович”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хурик
Изатулло,Дуруггуёи асоси хаму милисаву прокурору судяаи гуфтагитай(99 фоизшон шайтоку тухматкоранд). Прокурореро медонам ки аз пули хайрияеки дар масчид чамъ шудааст доля талаб мекунад!!!

Аз кормандони корномаи ОЗОДАГОН хохиш мекунам, хамин Матни баёноти ШОДРАВОНРО бо забони АНГЛИСИ Ё ОЛМОНИ тарчума карда ба хаммин адрес iskandar.kudusov@mail.ru бифиристед. ХОХИШ МЕКУНАМ. Лозим нест, ки ин комментариро чоп кунед. Банда мунтазири чавоби ШУМОАМ.

olamjon
худо чоятро чаннат кунад
худо аз заххокони навбаромад амон дихад
рахмати аз руи навиштанаш содда менамояд - хамаш аз бесаводи ва надонистани хукуки худаш аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)