Бахшҳо

Вазир: “Аз Хоҷаи Аъло то Ворух роҳи мустақим талаб мекунем”

Хайрулло Асозода, вазири нави нақлиёт, гуфт, ҷониби Тоҷикистон қасд дорад, то аз Қирғизистон бихоҳад, ки аз Хоҷаи Аъло то Ворух барояшон роҳи мустақим бидиҳад. Ҷамоати Ворухи Исфара бо беш аз 30 ҳазор сокинаш феълан дар ҳолати анклав қарор дорад ва роҳ аз Хоҷаи Аъло то ин ҷамоат тариқи Қирғизистон мегузарад. Дар ҳоле ки ба қавли мақомоти тоҷик бар пояи тақсимоти марзию ҳудудии соли 1924 Ворух ҷазирақаламрав набудааст.

Асозода, ки дар ин бора 13 феврал дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, “мо то ҳоло чунин пешниҳод накардем, вале дар нақша дорем, ки аз ҷониби Қирғизистон як чунин талаб кунем.”

Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январи соли ҷорӣ дар Исфара сурат гирифта буд, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад. Дар сурати ризояити Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт.

Вазири нави нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе, инчунин, ба масъалаи баста будани марз аз сӯи Қирғизистон низ дахл кард. Хайрулло Асозода ин иқдоми қирғизҳоро ба зарари худи онҳо арзёбӣ карда, афзуд, “феълан онҳо аз ин корашон пушаймон шудаанд”. Вазири нақлиёти Тоҷикистон далел овард, ки аз ҷониби ширкату шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамагӣ 34,4 дарсади боркашонӣ тариқи роҳҳои бастаи қирғизҳо сурат мегирифт. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, боқимондаи борро тариқи ин роҳ шаҳрвандони Қирғизистону Чин мекашонданд.

Асозода таъкид намуд, ин масъала дар назар аст, 14 феврал дар Бишкек зимни мулоқоти мақомоти тоҷику қирғиз мавриди баррасӣ қарор гирад. Қирғизистон дар пайи тирпарронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзро бо Тоҷикистон бастааст, ки боиси таҷаммӯи мошинҳо ва азоби ронандаю тоҷирҳои чанд кишвар гаштааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
зулҚарнай
Ба Бахтиёр т содда бдай аку наход хами мардум чени т нафахман. Хама як тараф т боши афсона гуфтестай. Хофизира кам кун як руз бекор гард баъд ба кадри и мардуми бекормонда мераси. Ма корм созай неки фикри и марма намекн кудакошон чи мехран. Вазир кай парвои иё дора мувофиқи қонун бояд пешаки корфармо коргарро огоҳ кунад, ки чои кората ёб аз хаминчо ба хулоса омадан мумкин аст, ки и Асозода Вазир не

Банда
Ин хама бахс бефоида бародарони азиз! Хатогии дигарора дида бояд хулоса бароорем, нисфамон намедонем, ки агар мо "Вазир" шавем чи гуна рафтор мекарда бошем.

корманди собик
И чаноби Вазир арзу доди собик кормандонашро мешунида бошад, оё ягон чора мебинад ва акалан ягон сухан ё фикре бар сараш меомада бошад.

Ай вазорат
Ин чаноби вазир бо чонишинош чунон рафтор мекна , гапое мезана ки шарми кас миоя охи хаму чонишина чаноби оли модагияй ку.

ДОНИШЧУ, Додарам донишчу ва дигарон!! Шумо киёфа-шиносед ва ё фолбинед, ки фолатон дуруг баромад!!! Мутахасисоне, ки Шумо иброз доштед мутахассис набуданд. Бисёре аз ихроч шудагон ба синни нафака расида буданд, дувум-Агар барои мутахассисони чавон рох накушоем фардо вазъи наклиёти Мо чи мешавад? севум-ВНТ дар 10-15 соли ахир кореро анчом надодааст, ки кобили кайд бошад! 4-Ба шахсияти касе, ки намедонед ба иззату нафси у коратон набошад!!! Марди Ухдабаро ва кордон аст! (агар у дар системаи давлати корро бурда наметавонист почаш аз осмон меомад)!!!

гадо, гадо буди, гадо мемони! сухан навиштанро ёд гир! суханони кабех НАНАВИС! ман хам агар дар чойи Асозода мебудам аввал туро мерондам. Шахсан уро аз наздик намешиносам.

самандар
Ба САДРИ ЧАЛОЛ. Наход, хама мардум друг мегану я худут рост Вазири наклиёт нав таъин шуд, ки гуем, ки хеле сол шуд кор мекунад ва мардум уро нагз намебинад. нав ба кор огоз кардаасту чунин гапу калочаи зиёд дар ин чо зери коса нимкоса. Садри Чалол ОШНО агар 1 2 3 4 5 то милиона мисол биёри мардум тра бовар хам намекунанд бефода ХОФИЗИ накун.

ба садри чалол
дар 10-15 соли охир кур буди нидиди рохи душанбе - чанак шохон зигар айни панчакент дущанбе турсунзода накбхои шахристон чормагзак дусти истиклол ва инхам бошад дар ёди манбуда ва садхо сохтмону иншоотро ба итмом расонид! метонистагихо карданд! хофизо не ё нодидахо насохтианд. мард корро мекунад номард куни харчия кофта мишинад.... гап бисёру

пппппппппп
cадри чалол одами беакл бдай неки

ракиби Садри Чалол
Ба Садри Чалол.
якум -Лутфан мегуфтед, ки тибки кадом конун синни 45-50 сола синни нафака эълон шудааст. дуюм - худи шумо ки, ки кордонии мутахасисонро паси компютер шишта бахо медихед?? сеюм -ВНТ, ки кореро анчом намедод, курсии вазириям аз байн мерафт домулло!, чорум - хами насихатои худатона худатон аввал риоя мекардед чудоям нагз мешуд. Панчум - САд хайф ки пеши кар зани танбуре... Инаш ба худатон дахл дорад зеро шашум нависем вазифаатон (шестерка) маълум мешад.

Инчо бо баробари хондани ин гуфтахои МУХТАРАМ муовини сарвазир хеле афсус хурдам, ки мо чаро талаб кунем вакте, ки он хама замин замини бобоюни мо хастунду дар даврони Шурави онро баробари бародари гуфта таксим намудаву бо бародарони худ "ХАДЯ" кардандуду боз мо имруз мо ба назди бародарони худ рафта талаб мекардем гуфтаанд мухтарам муовини сарвазир. Банда фикр ба он дорам, ки мо набояд талаб балки лозим шавад кашида гирем хамон Оксой яъне ОҲСОЙ-и худро, Бадкент нею БОДКАНДИ худро.

Салим
Ман хамаи каментарихоро хонда ба як хулоса омадам, одаме хаст ки хамаро ба мухтаррам вазир ганда мекунад ва мухтаррам вазир надидаву насанчида онхоро аз кор озод мекунад, Рохбари окилу доно бояд ба эхсосот дода нашавад ва бо аклу хиради хеш кор барад .Саросемаги кори хуб нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)