Шаҳнозаро чӣ маҷбур кард, дар Кумитаи андоз қасд ба ҷони худ кунад?
Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-солаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ки рӯзи 11 феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ кард, ҳоло дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарист.
Яке аз наздикони Шаҳноза дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯ тайи ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андоз қарор дошта, билохира ба он тоб наовардаву дар ҷои кор сирко (уксус) нӯшидааст. Ба қавли мусоҳиби мо, бархе аз масъулони Кумитаи андоз борҳо ба Шаҳноза ҳар гуна туҳмат зада, таҳдид мекардаанд, ки аз ҷои кор маҳрумаш менамоянд.
Манбаи мо мегӯяд, то замони рух додани ин ҳодиса наздикони Шаҳноза Абдуллоева аз мушкил ва фишорҳо болои ӯ хабар надоштаанд. Бо ин ҳол, табибон феълан вазъи Шаҳнозаро муътадил арзёбӣ мекунанд. Вале мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |