Бахшҳо

Мамитов: “Тоҷикистон аз Хоҷаи Аъло то Ворух 10 км роҳ хост, ки рад кардем”

Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, гуфтааст, онҳо ба пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ҷудо кардани 10 километр роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух посухи рад додаанд. Ӯ дар ин бора дар сӯҳбат бо нашрияи қирғизии “Фабула” изҳори назар кардааст.

Ноиби нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, “то замони бӯҳрон мо роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Хоҷаи Аълоро истифода мекардем ва ҳоло дар фикри боз кардани роҳи наве нестем. Онҳо метавонанд аз ин роҳи мо истифода кунанд, ба шарте ки ба сокинони маҳаллӣ халал нарасонанд. Дар ғайри сурат, роҳ баста хоҳад шуд.”

ТАМОМИ АХБОРИ МАРБУТ БА БАҲСИ БИШКЕКУ ДУШАНБЕ ДАР ИНҶОСТ

Тоқон Мамитов дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, ҳоло Тоҷикистон на ба масъалаи роҳ, балки бештар ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ таваҷҷуҳ дорад. Зеро, ба қавли муовини нахуствазири Қирғизистон, дар пайи баста шудани марз, Тоҷикистон миллионҳо зиён дидааст. “Мо ҷониби Душанберо огоҳ кардем, ки ҳоло гузаргоҳҳоро боз карданӣ нестем”,-афзудааст ӯ.

Вай илова кардааст, ки ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди берун кашидани нерӯҳои иловагияшон аз марз ба тавофуқ расида, инчунин, мувофиқа кардаанд, ки марзро якҷоя ҳимоя мекунанд. Мамитов дар бораи сохтмони роҳи баҳсбарангези Қирғизистон ҳам сӯҳбат карда, гуфтааст, онҳо сохтмонашро қатъ карданӣ нестанд. “Барои он ки ин роҳро мо дар замини худ месозем. Тоҷикон эътироз доранд, ки ин роҳ аз 7 сотих замини шаҳрванди кишварашон мегузарад. Вале ин замин ҳам баҳсбарангез аст. Мо аз тоҷикҳо тақозо дорем, ки Душанбе хисороти рӯзи 11 январро пардохта, ба нотаҳои фиристодаамон ҷавоб гӯяд”,-таъкид кардааст ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.

Задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар маҳалли Хоҷаи Аъло, ки дар пайи идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез рӯзи 11 январи соли ҷорӣ сурат гирифт, муносибати ду кишварро ба бӯҳрон рӯбарӯ кардааст. Дар пайи ин тирпаронӣ ҷонибҳо якдигарро муттаҳам карда, Бишкек сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва то ҳол ба ҷои кораш нафиристодааст. То кунун чанд даври музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғду Бодканд ва Бишкек баргузор шуда, ҷонибҳо дар марвиди берун кашидани нерӯҳои иловагияшон аз марз тавофуқ кардаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Масчохи
Мо аз авлоди Сомонмиёнем, Холо низ Рустаму Сухроб, Сиёвушу Ифандиёро бисёр дорме. Мо мардуми богурур хастем. Аз хамин кафки дахони чорришахо метарсем магар не . Барои насли ояндаи Точик мубориза бояд бурд

Бо ин Алимардону Хайруллоев на гуфтушунид мешаваду на чанг. Онхо дар гами кушодани гузаргоххои марзи хастанд, зеро як мох мешавад,ки мошинхои пурбори худашон ва хешу таборашон дар сархади Киргизистон манъ истодаанд. Агар киргизхо хамин хел ба кавли Мамитов камтари дигар истодагари кунанд, Хайруллоев Чоркуху Ворухро ба онхо мебахшад, лишь бы рох кушода шаваду бизнес ба пеш равад... Назар ба суханони Мамитов, киргизхо инро хуб фахмидаанд ва акнун густохона шартхои худро мегузоранд.. То гуфтушунид куввахоро аз Хочаи Аъло набаровардан даркор буд. Акнун дер шуд....

Jon
Salom,

Chiba dar injo yak bor nomi vazirii korhoii khrijii Tojikistonroo namegiran? In vazifaii Vaziri korhoi khorijii meboshad. On Uhdador ast in masalaroo hal namoyad. Az dasti Khayrulloev va Alimardonov chize nameoyad. Ba fikrii man in 7 sola ba bar sari mardumi Tojik bisyor mushkilii meoyad. Baroi ki kamandaii navi Janobi Olii bisyor kostaa ast. Ba fikrii man kamandaii peshtaraa 10000000000000000 marotiba khub bud.

Mo boyad az hamin ruydodho khulosa barorem...

Duo mekunem ki masala hali khudroo yobad va garnaa mushkiliii sari mardumi bechora meoyad.

Bo ki salomat boshed.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)