Оҳанги нави Манижа Давлатова ба таронаи “Даф бизанем” (ВИДЕО)
Таронаи нави Зайнура Пӯлодова бо номи “Даф бизанем”, ки аз сӯи JC Records сабт шуда, ҳоло ба Интернет роҳ ёфтааст, номи Манижа Давлатова, овозхони тоҷикро, дигарбора вирди забонҳо кардааст. Давлатова, ки чанд соли пеш аз саҳна канор рафта, то ҳол иллати онро шарҳ надодааст, ин дафъа бо омода кардани оҳанги “Даф бизанем” аз худ дарак дод.
Зайнура Пӯлодова дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Манижа Давлатова ҳангоми сабти тарона низ дар паҳлуи буда, камбудҳояшро ислоҳ кардааст. Вай афзуд, матни “Даф бизанем”-ро Ҳоруни Роун, шоири афғон, навиштааст. Ҳоруни Роун, ки ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад, чанд сол қабл аз ин дар Тоҷикистон зиста, бо овозхонҳои тоҷик, аз ҷумла Манижа Давлатова, ҳамкории хубе дошт. Охирин таронае, ки Манижа Давлатова ду соли пеш бо номи “Осмон боронист”, иҷро кард, низ таронаи Ҳоруни Роун буд.
Манижа Давлатова тақрибан 14 соли қабл рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт. Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлатова дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард. Ӯ то ҳол шарҳ надода, ки чаро ва чигуна аз саҳна канор рафт ва оё бозгашти ӯ ба саҳнаи ҳунар имконпазир аст, ё на. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |