Бахшҳо
04 фев 2014 14:53Тоҷикистон / Сиёсат

Амонулло Ҳукумов ба нафақа рафт. Зоиров ба ҷои ӯ омад

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа баромада, ҷои худро ба Асадулло Зоиров додааст. Ҷаноби Зоиров то ин дам роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан будааст.

Владимир Собкалов, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, хабари барканории Амонулло Ҳукуматуллоро дар сӯҳбат бо "Озодагон" тасдиқ кард ва гуфт, ин тағйирот рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Ин барканорӣ дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷаноби Ҳукуматулло ба хабарнигорон гуфта буд, моҳи майи соли ҷорӣ ба нафақа меравад ва агар касе ҷои ӯро гирифтанист, то он вақт сабр кунад.

Амонулло Ҳукумов ба нафақа рафт. Зоиров ба ҷои ӯ омадАмонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.

Номи Расули Амонулло дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти ахири хабарияш аз бозтоби қазияҳои марбут ба писаронаш дар расонаҳо изҳори нигаронӣ карда ва гуфта буд, баъд аз анҷоми тафтиш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад. Ӯ ҳатто ба хабарнигори "ИмрӯзNews", ки бо Рустам Ҳукумов вориди як баҳси додгоҳӣ шуда буд, таъкид кард, ки эҳтиёт бошанд, чун ӯ медонад дар пасашон кӣ меистад. Ин изҳороти Ҳукуматулло бо вокуниши тунди ҳайати эҷодии ИмрӯзНюз рӯбарӯ омад ва онҳо бо ирсоли як нома ба раисиҷумҳур, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилӣ гуфтанд, ки суханҳои раиси Роҳи оҳан (ҳол собиқ) таҳдидомез аст ва ҷони онҳо дар хатар мебошад.


Дар акси дувум: Асадулло Зоиров, раиси нави Роҳи оҳани Тоҷикистон

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сайёра
Э дигар дуош намегузарад Заргар )))))

масчохи
АЗ ЧАБРИ ЗАМОНА ФАЛАК РОЗИ ШУДАЙ
ГУСОЛА РАИСУ МОДАГОВ КОЗИ ШУДАЙ

Инро бояд ба чазои чинои кашанд,на ба нафака.

Сайёра,
шумо маро нодуруст фахмидед, дуои мардуме ки чанд фарзандонро аз даст додан,Мухтарам.

мухочир
Тавба!! Тавба!! Худи Хукумов чанд нафарро бо сабабу бе сабаб прокуратураву судкашихо намуда буд. ина бин ки аз писаронаш кашид. У хатто писари як собик корманди рохи оханро бе ягон асос 3-руз дар махкама бо зурии пул шинондаги буд. имруз писарони худаш паси дигар махбас шудестанд.
Хар ки бо душмании халк равонаст чу бахр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)