Бахшҳо

“Хаааар”, “ҳайвооон”, “девонаааа” -- ифтихори ҷавонони тоҷик?!

Абдулазизи ВОСЕЪ

“Хааааар”, “ҳайвоооон” ва “девонааааашай” акнун фонди луғавии бархе ҷавонони тоҷикро “ғанӣ” гардонда, калимаҳои хуб, беҳтарин ва олиро ором-ором ҳамнишини вожаҳои архаистӣ мекунанд.


Қариб ҳар рӯз ин калимаҳоро дар кӯчаву хиёбон, мактабу донишгоҳ, бозору фурӯшгоҳ ва дохили нақлиёт мешунавем. Баръакси маънии асл онҳо тобиши мусбатро доранд. Ба гунаи мисол, агар ба духтаре “девонааааашай” гуфта хитоб кунанд, ба ғазаб намеояд, балки хурсанд мешавад. Аммо агар “девона будааст” гӯянд, зуд меранҷад. Ба ҳамин тариқ, аз ҳар чизи “хааааар”-у “ҳайвоооон” будан истиқбол мешавад.

Дар интернет ҳам ин се калима хеле зиёд истифода мешаванд. Ба вижа, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо онҳо зиёд дучор омадан мумкин аст. Чанд вақт пештар Ҳабиб Ҳакимов, овозхони гурӯҳи “Фарзин” дар саҳифаи расмии фейсбукаш даъват намуд, ки дигар нисбат ба эҷоду таронаҳояш калимаи “хааааар”-ро истифода накунанд. “Мефаҳмам, ки барои бисёре аз Шумо хар рамзи зебоӣ ва лирика шудааст, аммо “ХАРИ БАДАЙ” мафҳуми аблаҳона аст! Хоҳиш мекунам, онро ба эҷод ва таронаҳои ман нисбат надиҳед. Сурудҳоямро бо меҳнат ва аз таҳти дил таҳия мекунам. ДАР БОҒИ ҲАЙВОНОТ СУРУД ЭҶОД НАМЕКУНАМ!”,-таъкид дошта буд ӯ.

Воқеан, бархе ҷавонон “хааааар”-ро ба як ченаки муайянкунандаи маъруфияти овозхон ва таронаҳои онҳо табдил додаанд. Барои мисол, вақте ба сомонаҳои мусиқӣ ворид мешавед, ба ҷои ному насаби сароянда ё тарона вожаҳои зикршударо мехонед. Ҳоло чанд мисол ҳам меорем: “НОВИНКА!!! БАРОИ ГУДОК ХАРИ БАДАЙ - 2014”, “ҳофизи хааар”, “байти хааар”, “девонаш мехона”...

Дар миёни калимаҳои зикршуда “Хааааар” “лидер” аст! Аз рӯи “маъруфият” “ҳайвооооон” дар мақоми ду ва “девонааааашай” дар зинаи сеюм мешинанд. Соҳибёри Толиб, рӯзноманигори ҷавон ҳам, ки ҳоло дар Русия кору зиндагӣ дорад, як вақт ба баррасии ин мавзӯъ пардохта буд. Ӯ гуфт, вақте рухсатӣ гирифта ба Тоҷикистон омад ва аз Душанбе боздид кард, аз забони наврасону ҷавонон ин вожаҳоро фаровон шунид. Баъдан, Соҳибёр “фарҳанг”-и ин калимаҳоро ҳам тартиб дод, ки ба ин тартиб аст:

1. Калимаи "девона".

Девона, яъне ноқисулақл, ё шахси аз ақл бегона. Аммо дар гуфтори наврасон ва ҷавонони имрӯзаи шаҳри Душанбе шунидани калимаи "девона" мазмуни "инсони садфоиза солим"-ро дорад.

Ҷавонписар ба ҷавондухтар:
- Худта ранги девонаҳо кадӣ! (Худатро мисли девонаҳо кардаӣ!)
Дар ин маврид "девонаҳо" ба мисли "зебоён", "хушсуратон" омадааст.

-Девонашай-ку!
Яъне, олиҷаноб, ҷолиб, беҳтарин!

2. Калимаи "ҳайвон".
Хӯи ҳайвонӣ доштан барои инсон хеле бад аст. Аммо дар гуфтори насли нави пойтахт шунидани калимаи "ҳайвон" дар бисёр маврид "бад нест".

Тамомошобини бозии футбол:
- Ҳайвооон барин медавад! Яъне, ин мухлиси футбол ба давидани бозигаре баҳои баланд медиҳад.

Тамошобини консерт:
- Ҳайвон барин месарояд-э! Яъне, "олӣ"!

3.Калимаи "хар".

Инсонеро ба хар ташбеҳ додан мазмуни манфӣ дошт, яъне, харигарӣ хеле бад буд, аммо ҳоло ташбеҳ додан ба хар дар гуфтори бачаҳои шаҳри Душанбе мазмуни мусбатро дорад. Масалан, дар бозор:

- Як либоси хар бгирум. Дар ин ҷо "хар" ба маънии "шинам" омадааст.

- Дар кисаат каллаи харай-ку.
Дар ин маврид "каллаи хар" ба мазмуни "як баста пул" омадааст.

Баъд аз тӯй:
-Лекин раққосаи тӯят хар буд!
Дар ин ҷо киноя аз "хар" - "моҳир", "ҳунарманд" аст.

Аз сӯҳбати ду ҷавон:
-Тағаи ту харай-да? Дар ин ҷо “хар” ба маънии "мансабдор", "обрӯманд", ё "сарватманд" омадааст.

Бояд зикр намуд, ки чун ҳамкасби мо танҳо аз пойтахт дидан кард, ин калимаҳоро инҷо шунид, дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳои кишвар низ онҳоро шунидан имкон дорад. Бар илова як дӯстам, ки ба наздикӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ омад, мегӯяд, ин вожаҳо алакай дар Русия ҳам “мӯд” шудаанд.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро “хааааар”, “ҳайвоооон” ва “девонааааашай” “мақом”-и баланд ёфт? Чаро калимаҳои дигар, масалан “гооов”-у “бууууз” ва “хуууук” ченак ё меъёри тавсифу таъриф қарор нагирифт? Бо вуҷуди хеле фаровон истифода шудани ин калимаҳо то кунун ҳеч мақоми масъуле нигаронӣ накардааст. Рӯз то рӯз майдони истифодаи “хааааар”-у “ҳайвоооон”-у “девонааааашай” васеътар мешаваду ҷои хубу беҳтарину олӣ тангтар. Шояд масъулин фикр мекунанд, ки бо гузашти вақт онҳо аз “мӯд” мебароянд? Аммо агар набароянд-чӣ? Мисли он ки мегуфтанд “рэп” ба фарҳанги тоҷикон бегонаасту наметавонад ҷойгоҳ ёбад. Вале ҳоло он дар баробари эстрада ва баъзан ҳатто болотар аз он мақом дорад. Ин дар ҳолест, ки рэп як жанри мусиқист ва мусиқӣ метавонад хуб ҳам бошад, вале аз “Хааааар”, “ҳайвоооон” ва “девонааааашай” чӣ хубиро метавон интизор буд?


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
tep
Холо боз муд шудаст ''Ба номи Аллох '' вожаи хуб, локин вакте ''Ба номи Аллох, мехурамта '', ''Ба номи Аллох хари братан '' ое ягон касе басавод мондааст? Дар Душанбе то соли 1992 ин калимахо ва вожахо набуд. Ин хама баьд аз он Душанберо ба як Кишлоки калон муббадал карданд афсус!

Макола нависта гарде шармандахо я не хархо харибад "азоби хизмат " дар ютюб тамошо кунед шумро калонхоятон харран

Умед
Ин аз хисоби аблахии чавонони мо хаст

Ин калимахои дар боло зикршуда асосан дар марказхои шахрхо аз чумла Душанбе Кулоб Кургонтеппа ва тобеи ин шахрхо.Ин калимахо дар кишлок чойхо умуман во намехуранд.БИСЁТАР ЧАВОНОНИ АЗ ТАЪЛИМ ДУРМОНДА ИН КАЛИМАХОРО ИСТИФОДА МЕКУНАНД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)