Бахшҳо

Кумитаи дин: “Амонуллозода мувофиқи қонун... амал кардааст”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон навори баҳси Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ бо Эшони Нуриддинҷон, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналиро шарҳ дод. Ин намози ҷаноза се ҳафтаи пеш дар маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Оли Совет) баргузор шуда, то ҳоло ҳарорати баланди баҳси он дар торнамову шабакаҳои иҷтимоӣ поин наомадааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, аз рӯи хулосаи масъулони Кумита, “Ҷамолиддини Амонуллозода мувофиқи шариат, қонун ва оинномаи иттиҳодияи динӣ амал кардааст ва ин мавзӯъ ниёз ба баррасӣ надорад.”

ВОКУНИШИ ИДОРАИ ДИНИ РӮДАКӢ

Масъулини Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ низ мегӯянд, моҷарои пешомада дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ миёни Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳия ва Эшони Нуриддинҷонро таҳқиқ нахоҳанд кард, чун дар он ҳеҷ навъи қонуншикание дида намешавад. Дар ин ҷанозаи сокини маҳалли Оли Сомон (Оли Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ Амонуллозода ба Эшони Нуриддинҷон, ки бо васияти майит барои адои намози ҷаноза ҳозир шудааст, иҷоза намедиҳад, пеш гузарад.

Мухтор, сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, 29 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин моҷаро ниёзе ба таҳқиқ надорад, чун дар он ҳама вазифаи худро адо кардааст. Ӯ гуфт, “мо рафтем аз дур назорат бурдем, чи гуна тафтишот мебарем, чӣ ҳақ дорем? Ҳама кори худро кардааст...” Ба гуфтаи сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамолиддин Амонуллозода сиvмати сархатибии ноҳияро дорад ва дар сурати ҳузури ӯ, касе ҳаққи пешдароӣ дар намози ҷанозаро нахоҳад дошт: “Вале агар аз рӯ эҳтиром гирем, домуллоҳо метавонанд, ба шахсиятҳои аз худ боло иҷоза диҳанд, то намозро гузорад.”

Чанд рӯз пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки мавриди баҳси зиёди корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Mehrubon
Ман НА хукуматиаму НА мурди Эшони Нуриддин ва аз тарафи дигар дониши ончунонии дини надорам, бинобар ин мегуям шояд Амонуллозода мувофиқи шариат, қонун ва оинномаи иттиҳодияи динӣ амал кардааст, аммо аз тарзу услуби суханрониаш инсонияту одамиятро зери суол бурдааста... Агар як олими дин, як пешво ва як сархатиб ингуна аст, пас чи умед аз мардуми ом... Мутаасифам

Точикак
Базара нет. Чамол шояд мувофики конунхои давлати амал карда бошад, лекин охир дар чаноза
1. беодоби карда ба нохияи Рудаки дигар наё Эшон гуфт.
2. Лаганбардори карда чаноба ин чо ёдрас шуданаш бемаврид аст.
3. Имомхатиб ё ягон каси официальный хакки пеши чаноза гузаштан надорад. Худи соххиби азо мегуяд, кй бояд пеш гузарад. Тамом.

Алишер
Ин Амонуллохзодаи бе одоб 100 фоиз хато кард. Боз кумитаи Динро бинед шарм надошта чи мегуяд? Маьлумаст,ки хамааш супоришиаст.
Ман аз инхо шарм медорам.

ozod
ana chehrai voqeii dindoron!!!bo ham chun mushu gurba hastand.al-amon az in nimchamullohoi darbori!!!!!!!!!

Карим аз худо тарс. Хамин мулло чанозаи туро мехонаду ту халол мемури! Ин эшонон мухточи пули ту нестанд! Аз тарафи сохибони майит Эшон даъват шудаанд. Ту хеч гох ба мулло сад долар намедихи балки тухмат мезани ки ин амали ту амали мунофики аст! Вой бар холат! Эшон барои хурмат омадааст на барои пул! Ризки Эшонро худояш ки ба ту делои чинояти кушода тайёр карда истодааст дар номаи аъмолат хамон мерасонад! Худованд ба мурчаи замин ризк медихаду ба Эшон не? Вой бар холат! Ин пул ба Чамол лозим на ба Эшон

Мутассифона, дар ин казия ягон мавкеи асоснок ва акли солим мушохида намегардад. Ин масъала бо ягон конун танзим нашудааст. Пас, кормандони Кумитаи дин хам хак нестанд. Ман намедонам дар шариат ин масъала чи тавр матрах шудааст. Вале бо назардошти он ки фаъолияти масчиду имомхатибон хар чи бештар расми шуда истодааст, ин масъалахоро бо ягон санади хукуки танзим кардан лозим. Набошад, чунин холат аз эхтимол дур нест, ки дар ягон чанозаи дигар ба "кашмакашихои" чиддитар орад...Худо нигах дорад хамаро...

Дилмурод
Эй ахли бахс! аз Худое ки дар дил мепарваред битарсед агар сару чонатон фидои хукумат бошад хам...

БАРОДАРОН, АЗ РУИ ХУДИ ГУФТАИ ЧАМОЛИДДИН УРО ЧАНОБИ ОЛИ ХИДОЯТ КАРДААСТ........ ШУМО БОДИККАТ НАВОРРО ТАМОШО КУНЕН, ЧИ МЕГА: БО ХИДОЯТИ ЧАНОБИ ОЛИ........, АЗ ИНЧО МАЪЛУМАСТ, КИ ИНРО НА АЛЛОХ БАЛКИ ЧАНОБИ ОЛИ ХИДОЯТ КАРДААСТ, БОЯД У НИЗ КАСЕРО ТАЪРИФУ ТАЪЗИМ КУНАД, КИ УРО ХИДОЯТ КАРДААСТ...

Нигина
Эшони Нуриддинчон мо шуморо хамчу Устод медонем ва дуст медорем.!!!
Агар ман мураму шумо зинда бошед васияти ман хамин ки чуз шумо касе чанозаи маро нахонад!!!

Мансури Халлоч
Сорбон, маълум, ки ту аз аходису Куръону асли дини ислом бехабар хасти. Амали Амонуллозодда хам аз нигохи хадис ва хам аз нигохи кавонини имруза нодуруст аст. Имомхаттиби нохия будан маънои онро надорад, ки хатмаи боядхамаи чанозаро хонад. Ин амали У чуз барои мансабу моли дунё чизи дигар нест...Дар охир хамин, ки вакте адр бораи ислом хабар надори бахс накун. Аз Худованди бузург тарс бародари азиз!!!

АБДУЛЛО
Писари собик казии Точикистон шарм бод ба ин рафтори бо гаразнокат!!! Бо кормандони кумитаи дини чумхури аз руи кадом мазхабу дин гап мезананд, ки ин рафтори онро дуруст баровардааст. хол он ки дар исломи азиз васияти шахси майт баъзе ривоятхо кати вочиб дониста шудааст. Хай аз афташ, ки ин дунё дусторон барои дунё шуда ин гапро медонанд. Боз Чамолиддини шарм накарда ин мегуяд ин мурда шогирди падарам хаст ту аз падарат чи омухти ки бо дигаронро шогирд мегиренд?! ДУНЁ ЗИ ДАСТИ НОКАСОН РОЗИ ШУДАСТ, ГУСОЛА РАИСУ МОДАГОВ КОЗИ ШУДАСТ. ДУНЁ ТАЛАБОН ЗИ ГАМИ ДУНЁ МУРДАНД, ЭМОН ТАЛАБОН ЧОН БА САЛОМАТ БУРДАНД. Боки аз Худо тарсед вай эшонро Худо изат додааст шуморо дунё!!!!

Адолати адолатхох
Чаро ман туй кунам кадом хофизро хохам меорам касе кор намегирад чанозахам хамин чунин кадом муллоюэшон ба махкул хамон омада чанозаи манро мехонад ба касе он мулло ё эшон нафорад ба чанозаи ман наояд

посух
ШАЙХ,
магарруҳи падараш то ин дам шод буд!?

Чамолиддин бояд,ки номашро ба Заволиддин иваз намояд,ки зебандатар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)