Ҷавоби Одинаев ба "Тоҷикистони нав..."-и Ҳумайрои Бахтиёр
Дар пайи нашри матлаби хабарнигори “Озодагон” Ҳумайрои Бахтиёр, зери унвони "Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд, ба унвонии хабаргузорӣ аз номи Пӯлод Одинаев ҷавоб ба Ҳумайрои Бахтиёр ворид гардид, ки бетағйир пешкаши Шумо мекунем:
Шеваи нигориши бархе рӯзноманигорон, аниқтараш мақсаду мароми онҳо на ҳамеша равшану ошкорост. Баъзан гумон мекунам, ки рӯзноманигорон амдан ба таҳлили мавзӯъҳое даст мезананд, ки боиси коста шудани манзалаташон дар байни хонандагон мегардад.
Ахиран рӯзноманигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр ба таърифу тавсифи ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» ва ноком гардидани созмондиҳандагони он – Зайд Саидов ва ҳамақидаҳояш пардохта, мақолаеро бо номи «Тоҷикистони нав»-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд» таълиф намудааст. Ӯ баён кардааст, ки гӯё ҳадаф аз созмон додани ҳамчунин ҳизбе, танҳо бунёди ҷомеаи озоди иқтисодӣ будааст.
Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, ки гӯиё баъди маҳбус гардидани созмондиҳандаи ҳизби мазкур Зайд Саидов, имрӯз дигар ҳар шахсе дар бораи бунёди Тоҷикистони нав на ба таври озод, балки тарсида ё ба қавли худи ӯ «миш-миш» мекунад, яъне ошкоро сухан рондан дар ин мавзӯъ маънои «хоин» шуданро дошта бошад. Аммо банда дар ин бора гуфта метавонам, ки ошкоро сухан гуфтан боз чӣ хел ҳам мешуда бошад, дар сурате ки матлаби зайл чунон расонаӣ шуда, ВАО-и Тоҷикистонро фаро гирифтааст, ки дигар аз хондани он ҳамагӣ хаста шудаанд.
Ҳумайро дар мақолааш солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомии кишварро аз лиҳози таъмини доимии барқу газ ба некӣ ба ёд овардааст. Аммо ман мегӯям, ки хуб мешуд ин рӯзноманигори ноогоҳ дигар он солҳои мудҳишро ёд намекард. Он замон, намедонам Ҳумайро чандсола буд, ҳанӯз сари ақл омада буд ё не, барқу газ бозмондаҳои шӯравӣ буданд, ки дар дуди ҷанги бародаркуш нопадидашон сохтанд. Шояд дар пойтахт барқу газ фаровон буд, аммо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мардум нони хӯрдан надошта, қисме аз аҳолӣ дар муҳосира қарор доштанду аксари мардуми тоҷик хун мегирист. Вақте рӯзноманигор ба таҳлили чунин мавзӯи ҷиддӣ даст мезанад, бояд аввал маънии каломи баёнашро хуб санҷидаю баррасӣ кунад. Замони бархӯрдҳои низомии кишвар, ки нанговартарин солҳои таърихи миллатамон ба шумор меравад, аз кадом ободӣ мешуд ҳарф зад. Он замон мардум на гармиро ҳис мекарданду на дар орзуи рӯшноӣ буданд, барои онҳо танҳо оромишу осоиштагӣ неъмати гаронбаҳотарин маҳсуб мешуд, ки он маҳз бо шарофати ҳукумати муосир ба даст омад. Он сулҳу суботе, ки имрӯз бархе ба қадри он нарасида, қасд доранд бо васфи ҳар гуна ҳаракатҳои худхоҳона ҷомеаи нав барпо намоянд, осон ба даст наомадааст ва бояд ҳар як фарди Тоҷикистон дар ин бора андеша кунад.
Дар ҷое рӯзноманигор қайд намудааст, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо дар торикиву сардӣ. Бале, мардуми ҷаҳон кайҳонро фатҳ менамоянд, аммо мисли ин ки Ҳумайро тоза аз кайҳон фаромада бошаду бехабар аст, ки ҳукуматдорони муосири кишвар дар бунёди иншоотҳои барқӣ-обӣ дар пайи чӣ тадбирҳое ҳастанд. Ин мавзӯъ масъалаи доғи минтақа аст ва умедворем роҳи ҳалли худро меёбад, вале барои таҳлили як рӯзноманигори оддӣ тааллуқ надорад.
Муаллифи мақола оид ба мардонагиву ҷасурӣ сухан ронда, ёдовар шудааст, ки ин сифатҳоро аз афсонаҳо шунидааст, вале имрӯз осори онро намебинад. Вале моро дар рӯҳияи мардонагиву ҷасурӣ тарбият карда, қабл аз ҳама ватандӯстиву садоқатро талқин менамуданд, меҳнати ҳалол кардан ва хӯрдани нони ҳалолро доимо дар зеҳнамон тарғиб менамуданд. Пирони рӯзгордида насиҳат мекарданд, ки инсон бояд нафси худро идора карда тавонад, панди маъмулии онҳо – «Нимтаи нон – роҳати ҷон» буд.
Ҳумайро иддао дорад, ки ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи таъсис додани «Тоҷикистони нав»-ро дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Агар ҳар тоҷиру нозиру шоиру рӯзноманигор ҳаққи инсонӣ гуфта, Тоҷикистонро ба маҷрои худ бичархонанд, пас аз ин кишвари кӯчак чӣ ҳам хоҳад монд?
Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Хуб мебуд, агар Ҳумайро ва ҳамақидаҳояш ба ҷои ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ аз «Тоҷикистони нав» худро ба маҷрои нави зиндагӣ омода сохта, мавқееро интихоб менамуданд, ки бар нафъи ҷомеа бошад. Хуб мебуд муаллиф пеш аз ҳама аз худ «Ҳумайрои нав» месохт, ки танҳо воқеияти аслии ҷомеаро инъикос намояд, чун рисолати аслии як рӯзноманигор ин аст!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |