Бахшҳо

"Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд

Ҳумайрои БАХТИЁР

Тоҷикистони нав. Ҳама акнун атрофи ҳамин ибора баҳс мекунанд. Бархе Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ нав мебинанду бархеи дигар нав дидан мехоҳанд.

Дар баъзе долонҳову маҳфилҳо дар бораи бунёди Тоҷикистони нав миш-миш мекунанд. Чун медонанд, ки ошкор андешаронӣ кардан дар бораи сохтани як ҷомеаи мутамаддин маънои табдил шудан ба хоинро дорад. Зайд Саидов чӣ гуфт? Ӯ танҳо гуфт, мехоҳад як ҷомеаи озод, на аз лиҳози маънавӣ, балки аз лиҳози иқтисодӣ бисозад. Ин ошкоргӯӣ боис ба 26 соли маҳкум ба зиндон шуданаш шуд.

Зайд Саидов мехост, барои сохтани Тоҷикистони нав саҳм гузорад, яъне таҳаввулоте дар вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба вуҷуд орад. Имрӯз аксари коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон таҳаввулот ба миён наомадааст. Аммо ба назарам тайи ин бист сол дар Тоҷикистон навигарӣ, тағйироту таҳаввулоти зиёде ба вуҷуд омадааст. Фикр мекунам, Тоҷикистоне, ки мо алъон зиндагӣ мекунем, нав аст. Тоҷикистони муосирро масъулини ҳукумати кунунӣ барои мо ба миён оварданд.

Ба ёд оред, то замоне ки ин ҳукумат сари қудрат омад, мо як зиндагии мӯътадил ва мувофиқ бо ҳамон давра доштем. Ҳатто дар солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомӣ ҷумҳурӣ бо барқу газ мунтазам таъмин буд. Ин сиёсатҳои ҳамин ҳукумат буд, Тоҷикистонро зина ба зина, қадам ба қадам ҷадидтару муосиртар кард. Инак, Тоҷикистон комилан нав шуд. Агар дар гузашта Тоҷикистон истеҳсолот дошту яке аз кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти хому тайёр ба ҳисоб мерафт, ҳоло - баръакс. Мо ҳатто ҳамон ҳаҷми истеҳсоли 50 соли пешро нигоҳ дошта натавонистем. Имрӯз мо қариб маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намекунем. Чизе ба ҷуз алюмину пахта содирот наменамоем.

Моро барои зиндагӣ дар чунин ҷомеа ва шароит омода карданд ва ё ҷабран одат кунонданд. Дар қарни фанновариҳо, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо ҳамоно дар торикиву сардӣ зиндагӣ мекунем. Инро набояд бо давраи ҳукмрониҳои низомҳои қадим муқоиса кард. Он давраҳо мутобиқ бо замону имконияти худ буданд. Ҳамакнун даври дигар, замони пешрафту тараққиёт аст. Дар замони муосир зиндагӣ кардану дар хусуси Тоҷикистони бидуни газ, чароғ, нақлиёт сухан гуфтан, хеле дардовар аст. Аммо аз воқеият ҷои гурез нест. Ва метавон гуфт, ин ҳама нишонаҳое аз таҳаввулотест, ки ҳукумати муосир ба Тоҷикистони муосир овард.

Таҳаввуллоти дигаре, ки дар Тоҷикистон ба вучуд омад, ин дар равони мардум ҷой намудани эҳсоси тарс аст. Дар гузашта барои мо афсонаҳо аз қаҳрамонӣ, ҷасуриву далерии мардуми тоҷик мегуфтанд. Садҳо қиссаҳо нақл мекарданд, ки мардуми тоҷик яке аз мардуми донишманду тавоно ва ҷасуру нотарс буд. Шубҳа дорам. Чун мегӯянд, рӯҳияи инсони озодпарасту далеру донишманд шикастнопазир аст. Пас, барои чӣ имрӯз мардуми тоҷик мазлум аст? Ё наход ин ҳама сифатҳо афсона бошанд?

Имрӯз Тоҷикистонро тарзе бароямон сохтанд, ки дигар ҳар ҷо аз пастӣ, фасодкорӣ, бесаводӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ, беадолатӣ ранҷ мекашем. Дар мағзҳои мо ҷой кардаанд, ки барои расидан ба зиндагии беҳтар зарур нест, инсони бофарҳангу донишманд бошӣ. Донишу ҷаҳонбинӣ гӯиё дар ҷомеаи мо комилан арзиш надоранд. Чунин менамояд ин низом то андозае моро мутаҳҳам карда, ки дигар ҳатто орзу кардан инҷо имконнопазир гардидааст. Чанд даҳсола пеш орзу кардан барои тоҷикон низ як падидаи маъмулии инсонӣ буд. Аммо ҳоло ҳамин ҳаққи равониро низ аз мо рабудаанд. Охир ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи Тоҷикистони наверо дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Мегӯянд, низоми Шӯравӣ, ки худкома буд, давоми 70 соли ҳукмронии худ дар Тоҷикситон он қадар муваффақ нашуд, ки ҳукумат дар 20 сол гардид. Бо вуҷуди низоми номусоид аз лиҳози фарҳангӣ тоҷикон зиндагии роҳаттар доштанду кӯдакон орзу мекарданд. Як кӯдак то замони ба мактаб рафтану хатм кардан орзуҳои зиёди мутахассис шуданро мекард. Бо ҳавас дониш меомӯхт. Ҳоло чӣ? Кӯдаки тоҷик дигар гӯиё орзу намекунад. Ҳанӯз аз тифлӣ ҷомеаи носолим эҳсосашро бар бод медиҳад.

Кӯдаке, ки модараш бечораву падараш муҳоҷир аст, чӣ орзу карда метавонад? Тифле, ки бояд кӯдакиаш бо ширинӣ, бозиву афсонагӯшкунӣ гузарад, дар фикри гурусна намондан аст. Кӯдаки тоҷик субҳи содиқ аз хоб хеста роҳ тарафи бозору хиёбонҳо мегирад, то пул биёбад. Онҳое, ки филми “Манқурт”-ро дидаанд, агар ҷомеаи имрӯзии моро қиёс кунанд, дарк хоҳанд кард, ки мо дар ҳолати баддтар аз “Манқурт” қарор дорем. Мо ҳам манқурт шудаем, аниқтараш манқурт кардаанд.

Вақте орзуи кӯдак серу пур зистан аст, вақте наврас бе ҳавас мактаб меравад, вақте донишҷӯ ноогоҳона маълумот мегирад, вақте ҷавон бо ихтисоси хеш кор пайдо намекунад, бо кадом далел мегўем, дар Тоҷикистон навигарӣ ё тағйирот нашудааст?

Ин аст Тоҷикистони нав. Инро ҳеч хоҷаи хориҷӣ дар ҳамдастӣ бо “хоину хиёнаткорон” насохтааст. Ин Тоҷикистони навро барои мо расман, озод, роҳат ва ба таври “демократӣ” сохтаанд.

Тоҷикистоне, ки мардумаш аз мондан рафтанро авлотар медонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Bale, Humayro suxanoni bisyor zebo vale aybro chixele,ki hukumatro 30% ba 70% taqsim kardand imruz metavon 50 ba 50 taqsim kard:
Vaqtoki muxolifin omadand ba uno kursihoro taqsim kardand,va albata ”visa- cord” niz doshtand.Zayde,ki imruz shumo meguyed juz'e az qurbonihoi barvaqt sarshudaast. Va in ba kulan az bayn raftani in muxolifin xohad anjomid.
Charo??? Hejvaqt az xotiram nameravad dar on zamon man ki xurd budam qozi bo karteji 30 moshina ba kor meraft. bexabar az on budand,ki baroi in millat boyad chize kard na az payi xonasoziyu zangiriyu ayshu ishrat gasht.

Усома
Бале,Хумайро.Ман кариб ба гуфтахои ту рози хастам,чунки халки точик ки пайваста зери хучуми ачнабихо карор дошт,ин бевосита ба шуури у таъсири худро боки гузоштааст.Дигар хамин,ки ин Точикистони нав нест,балки айнан хамон вазъитест,ки дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар аморати Бухоро дар ахди мангитхои точиккуш пахн шуда буд ва ин холатро устод Айни дар асархояш хеле хуб тасвир намудаанд.Худованд точикро аз балову офатхои заминиву осмони нигах дорад!

выф
Манхам бо ин тафакури шумо мувофикам.

Файзулло
Хушбин
икаи дигар шабакаи аввалро тамошо кун хушбинтар мешави. Гузашт вакти якдигарро муттахам кардан. То хукумати феьли аз байн наравад ватан 1мм пеш намеравад.

мухочир
Хамин бегох дар як шахри Русия хамрохи хамсинфон ош кардем (бале имруз дар Русия чамъ шудани осонтар аст) то соати 1-и шаб бахс кардем. Дар бораи сиёсати давлату ояндаи фарзандон. Як нафар аз кормандони собики органхо низ бо мо буд. Хулоса баровардам, ки фарзандонро биёрам ин чо дар Русия зиндаги ташкил кунам, вале магар мешавад аз Ватан дил канд. Ин коре, ки хукумати мо кард дар 1000 сол турку мугулу русу дигар ачнабихо карда натавонистанд - рухи мардумро шикастанд. Афсус...

Kulobi
Дилсард нашавед, хамватанони азиз, мо мардуми Кулоб умед доштем, ки бо омадани ин хукумати хозира ба сари кудрат, зиндагии мардуми точик бехтар мешавад, лек маълум шуд, ки мо сахт хато кардаем. Мардуми Кулоб аз кадимулаём озодихох ва адолатпарвар буд ва мемонад. Ва аз хамаи хамватанон хохиш мекардем, ки инхоро ба КУЛОБИ-.хо рабт надихед. Дар Кулоб хам, бештари мардум аз бекори ва бебарки азият мекашанд ва бовари ба рузи нек аз байн рафта хама пиру чавон ба мухочират мераванд. Лекин мо хама бармегардем ва адолатро барпо мекунем. ПОЁНИ ШАБИ СИЁХ САФЕД АСТ!!

Sulaymon
Ofarin Humayro-bonu, Xudoba wukr baroi jasoratat. Xudovand hamai moro hivz kunad

Kulobi,
Халки аслии Кулоб, росткавлу ростгуан, дидем, ва хондем. хар як муаллими босаводи Кулоб будан, ки. Чои гапам нест. ин фикри шахсии ман аст, мардуми бошарафи Точикистон!

Файзали! гуфтед дар мусики пешрави кардаем? Чурабек Муроду Одина Хошиму Зафар Нозими нав пайдо шуданд? факат хасу хошоке ки дар замони шурави ба наздики дарвозаи тел ва радио рох намедоданд. Э мебахшед! Бобои Файз аз едам рафтаст. хотирчамъ бошед, вазорати фархангро низ пурра аз худ карданд!

tamanno
Ҳумайроҷони азиз, сад сола шавед, беҳтарин маводи дуруст ва ҳаққро дар соли ҷорӣ мутолиа кардам. Нест бод косалесӣ, дуруғ, мансабдорони бесаводу изофанавис, ки ватанро дар арсаи байналхалқӣ бадном карданд.

E barodarjon solhoi 92 meguy rost khela odam kurboni shud , lekin hozir bin az solhoi 92 ta guzasht dukhtari tojik mayli be shavhar hato be Khudo giriftestanshon bui umed az in davlat namonda ast

Озодагон эй чони ширин хар лахза дар хаккат дуо мекунам то росттар дарч куни офарин ВаллЛЛлох гиряям меояд Точикистон мегуянд Худо ёратон бод

Он чи ки ту хости на он мешавад. Он чи худо хост хамон мешавад.

ДИОГЕН
МАКОЛАИ ХУМАЙРА ИН ФИКРИ ХАФТ МИЛЛИОН ТОЧИКИСТОНИЕН АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)