Бахшҳо

Палав ё қурутоб? Вокунишҳо ба як хабари "Озодагон"

Як хабари торнамои “Озодагон” дар бораи баргузории “Иди қурутоб” дар посух ба барномаи “Орел и Решка” вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Бисёре аз хонандагони мо сари ин мавзӯъ баҳс карданд, ки оё қурутоб ғизои миллии тоҷикон аст, ё аз дигарон. Ҳоло ду номаи хонандагонро, ки яке аз номи Насибҷону дигаре аз тарафи Луқмон Бойматов ирсол шудааст, нашр мекунем.


НОМАИ НАСИБҶОН:

“Биёед, баҳси онро, ки қурутоб хӯроки миллӣ аст ва ё маҳаллӣ як сӯ гузорем... Ин ба бисёриҳо рӯшан аст, ки он хӯроки як маҳалли Тоҷикистони азизи мост ва бигзор он ҳам дар дастурхони мо бошад. Вале агар мо таоми миллӣ бигӯем, бояд ҷойгоҳи таомҳои тоҷикиро дуруст муайян карда, пас якеи онро чун таоми асосии миллӣ ба дигарон манзур созем.

Мо, хушбахтона, чандин чунин хӯрок дорем, вале машҳуртарин ва миллитарин хӯроки мо ҳамоно палав аст ва инро бояд ҳар як тоҷик бидонад! Палав хӯроки тамоми тоҷикони ҷаҳон аст--ҳам тоҷикони Тоҷикистону ҳам тоҷикони Узбакистон, ба шумули тоҷикони Самарқанду Бухоро (зимнан як намуди машҳур ва фарқкунандаи палав палави Самарқанд аст) ва дигар манотиқи Осиёи Миёна ва ҳам тоҷикони Хуросон (Афғонистон) ва тоҷикону форсизабонҳои Эрон...

Палавро чун хӯроки бас судманди мо Абӯали ибни Синои бузург ва Искандари Мақдунӣ ситоиш кардаанд. Барои ҳамин, ба хотири ин ки ин хӯроки хешро ҳам бо дастони хеш ба узбакҳо набахшем, бояд танҳо ин хӯрокро таблиғ кунем, на қурутобу дӯғобро... Зеро таблиғи қурутоб, ба вижа дар хориҷа, ин маънии ба ҷои поин фаровардани палав аст ва чунин бархӯрди мо хидмати хубе ба миллат нахоҳад шуд. Ман ин ҷо дигар хӯрокҳоямонро паст намезанам, вале воқеиятро бояд гуфт, ки палав хӯроки пурра тоҷикист, ки таърихи чандҳазорсола дорад ва имрӯз ҳам хӯроки асосии ҷашну маъракаҳои мардумиамон (хатнасур, ҷашнҳои мардумӣ, маъракаҳои шодиву ғам) палав аст.

Он нукта, ки узбакҳо палавро мехоҳанд хӯроки миллии худ бихонанд, ба воқеият дуруст намеояд. Онон палавпазиро аз мо, тоҷикон омӯхтаанд ва имрӯз дар Узбакистон хӯроки машҳур дониста шудани палав ҳам ба ин бастагӣ дорад, ки дар он ҷо ҳам палавпазҳои аслӣ тоҷиконанд ва онҳо барои дар байни дигар ақвоми турки (узбаку қазоқ ва қирғиз) ин ҷумҳурӣ ҳам паҳн гардидани палав сабабгор шудаанд. Аз ин нигоҳ, аз ҳамаи ҳаммиллатони гиромӣ хоҳиш дорам, ки дар ҳар ҷо палавро чун хӯроки шумораи аввали тоҷикӣ муаррифӣ кунед ва албатта, ҳар яки Шумо пӯхтани онро медонед, зеро мегӯянд, ки тоҷике, ки палав пухта наметавонад, тоҷики пурра нест...”

НОМАИ ЛУҚМОН БОЙМАТОВ:

“Бо арзи салом! Ин навор дақиқан бозгӯкунандаи сатҳи биниши таҳлилгарони сиёсии миллӣ аст. Аз будани ҳадафи хато, набудани он беҳтар аст. Аз таблиғи дурӯғин пазируфтани ростии талх беҳтар аст.

Ошкор аст, мақсади аслии ин навор - таблиғи «Қурутоб» ба унвони таоми мӯътабари миллӣ дар пеши миллатҳои ҷаҳон аст. Агар бародарамон Иззат Амон ва ҳаводорони эшон ба умқи масъала хуб мерасиданд, ҳаргиз иқдом ба ҳамчунин қасд намекарданд. Аз роҳи эҳсосот ва хӯи маҳалситезӣ будааст, ки иддае аз кӯтоҳназарон, хостанд, аз як ғизои содаи маҳаллӣ, таоми мӯътабари миллӣ бисозанд! Агар инон ҳатто як назари кӯтоҳе бар решаи номи ғизо мекарданд, бидуни шакк, чои тааммул бар сарашон холӣ мешуд!

«Қурутоб» дар асл аз ду вожа: «Қурт» (муғулӣ) ва «об» (тоҷики) сохта шуда ва асл он «Қурт ва об» аст. Оқои Изат! Инсофан бигӯед, кадоме аз ин ду вожа асли моҳияти ғизоро ташкил додааст? «Қурт»-и муғулӣ ё «об»-и тоҷикӣ-форсӣ?

Иззат Амон! Агар надонед, бояд бидонед, ки «Қуртуоб» аз ғизоҳои саридастии сарбозони муғулӣ буда ва муғулони саҳронавард, ба далели зиндагии кӯчӣ доштанашон, бахусус ҳангоми юриш ва ҳаракаташон аз як ҷо ба ҷои дигар қуртҳои зиёдеро дар кисаҳо ҳамл мекарданд ва ҳар гоҳ ки ниёз ба тағзия доштанд (дар ҳар ҷое, ки қарор доштанд) аз ҳал кардани қурт дар об тааммул мекарданд.

Ҷолиб ин ҷост ва донистанаш барои миллатдӯстон ҳам бад нест, ки дар тӯли таърихи беш аз 700 сол, ғизои «қуртоб» ҳаргиз дар феҳристи тағзия ва хӯроки шаҳрнишинон ва деҳнишинони тоҷикону эрониён ворид набуд. Аз ҳама муҳим, ашрофи ин минтақа, номи «қуртоб» ва ҳамчунин навъи хӯрокро аз ғизоҳои хосси рунуд ва муғулони кароуннос («муғулони сиёҳ» - номи таҳқирӣ барои муғул) медонистанд! Зимнан, суол ин аст, ки дар кадом феҳристи таърихӣ таомҳои миллӣ муҳимтарин шаҳрҳои ҳуввиятсози миллии Мовароуннаҳру Хуросон номи «қуртоб»-ро дидаед?

Иззат Амон! Медонам, нияти хубе доштед, вале агар каме бештар тааммул мекардед, дар феҳристи таомҳои миллии тоҷикон ва эрониён беҳтар ва асилтар аз қурутоб ғизоҳоро пайдо мекардед! Аммо бояд бидонем, мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он аст, ки аттор бигӯяд!

Бо орзуи барори кор, муаррих Луқмон Бойматов.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Устод Лукмон Бойматов!
Ташакур, ки ташвиш кашида Курт аз Об чудо намудед. Бо хамин тафи тана, якбора мегуфтед, ки "Оши ланч" ё "Шавла" моли кихост. Ё ин, ки "шила" дуруст аст. Ууустод, мебахшеду лекин Курутоб Р.Масов-ро сахт писанд аст.
Гайр аз ин муалим, хамин шогирдони палавиро аз амун осору катибахо возехтар мефахмондед, ки Оши паловро, ки аз "Пали ов" (шоли кишт карда мешавад) гирифта шудааст, палав наноманд. Охир ун додари бадахши якбора коил кард. Оши пахлави... Эй буродар медони..Шоли селексияи хазорсолахо баъди аз байн рафтани пахлавият аст.

Озодагон азиз, хамин лахза пай бурдам, ки то СОМОНАИ МИЛЛИ шудани ту фурсат боки мондааст. То он вакт, ки "ахли бенавою кашоки Курутоб", ки аз Душанбе то Дарвоз икомат доранд, ба ту дастраси надоранд, милли нести. Имруз дар як махфил ба завкиёни Курутоб гуфтам, ки дар Озодагон Шуморо нодору камбизоат ва хурокатонро махали гуфтанд....
Садри хон..бо табассум гуфт, ки боке нест.. ва илова кард, ки
Хар чи донад хурдани канду набот,
Турбаи ках бошаду кунчи рубот....хама хандиданд.

ba xudoki fikri olijanob mo nayaboyad oshi palavro ba uzbako dihem. imruz uzbakho palovro azoni xud karda istodaand 4ixeleki buxoroyu samarkandro azoni xud kardand

fikri olijanob mo naboyad ba onho ijozat dihem ki oshi palavi tojikiro azoni xud kunad 4i xeleki samarkandu buxororo azoni xud kardand tojiko bedor shaved

Dev
Barodaron "Palab"-ro ,"Atlas"-ro, "Shashmakom"-ro najot dihed( agar tavoned "shash-ilik-ro niz !!!!!! kurboni "Kurutob"-u falaku chakanu sarpushihoi guldoraton!!!!!!!!!!!!!!!!!

Хар ду тоам таоми милли халки точик бисьёр бо лаззат аст.Дар холати гурусна будан канду аслбарин мегузарад.

оши палава ба узбакхо падарка каден чко кунад ин бародар мачбурай як хуроки миллира реклама кунад дар хорича узбако дараки амира биёван ай худиш мекунанд хатиёт кунед...

ансор
дар натичаи "сиесати гамхоронаи" хукумати точикистон - на аз палову на аз сузаниву на аз атласу зардузи - ки асли милати мо астанд - нищоне намондааст

Абдуллох
Мо ба фикрам тамоми чизои милливу махаллимона аз даст метем аз дасти Бойматов барин мухаккикомон. Як кисмша дигарон кашида гирифтанд бокимондаша худмон барои миллат "ХИЗМАТ" карда "ТАДКИКОТ" гузаронида чашми дигарора кушода дода истодаем. Офарин ба чунин мухаккик ки аз як чиз илм месозад.
О бародари гироми максади хамин курутоб ном кардани ин таом курт пурт нест! Максад хамин ки хамин чаккати лундаи точикиро ном монданд КУРУТ. Агар иштибох рафта бошад дар хамин шакли баён метавонем хамин лундаи чаккаи дар офтоб точикона хушкондашударо ягон номи дигар тием ки точики бошад. Аммо набояд фаромуш кард ки таом худаш точикист боз хам агарчанде иштибох дар номаш бошад

Саидчон
ОШи ПАЛОВ ин аст пурраи номи таом.
Гизохои таркибаш аз номаш вобастаги доранд:
О- об
Ш- шоли
П- пиёз
А- аёз
Л- лахм
О. олиё
В- вет
Ягон миллати дигар наметовонад ин хурокаро аз худ гуяд.
Дар шахре(Томск) ки мезихем тахлили ОШи ПАЛАОВро дар хар як маърака истифода мебарем

rosti gap mo mardumi shimoli Tojikiston chi budani Qurutobro namedonem, gayr az kasone ki ba dushanbe rafta boshandu donand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)