Бахшҳо

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

Ҷавонони тоҷики муқими Маскав барои ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, як ҳамоиш баргузор намудаанд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, зимни суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳамоиш бо ҳузури беш аз 100 ҷавони тоҷик 5-уми январ дар маҷмааи варзишии "Масква" зери шиори “Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама” баргузор гардид.

Иззат Амон таъкид кард, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш изҳори ҳамраъйӣ бо Зайд Саидов ва норозигӣ аз ҳама он масхарабозиҳое, ки гирди номи ӯ ташкил шудаанд: “Касоне ин ҳама масхарабозиро анҷом медиҳанд, бидонанд, ки бо ҳама кӯшиш натавонистанд исми поки Зайд Саидро олуда гардонанд. Зайд як фарзанди фарзонаи миллат буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аммо касоне, ки ин ҳама тавтиъаро бар зидди ӯ барпо карданд дар назди мардум ва таърих ҳамеша шарманда хоҳанд монд”.



Раҳбари ҷавонони Тоҷикистон гуфт, тамоми ҷавонони иштирокдори ҳамоиш дар тан либоси варзишии махсус бо акси Зайд Саидов доштанд ва афзуд, ки дар доираи ин гирдиҳамоӣ бозии футболро барпо намуданд: “Аллакай намояндагони мо дар Санкт Петербург ва шаҳри Тюмен дархост карданд, ки либоси варзишӣ бо акси Зайд Саидовро ба онҳо низ бифиристем. Ҳадаф дорем, ба наздикӣ як гирдиҳамоӣ бо ширкати 1000 нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гузаронем. Ҷавонон ба хулосае омаданд, ки то озод шудани Зайд Саидов аз маҳбас чунин ҳамоишҳоро мегузаронанд.”

Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли равон боздошт шуда буд.


ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд
Мӯҳр
Хорича
Ман дар як вазифаи на он кадар баланд дар як ниходи давлатии Точикистон кор мекардам. Аз аввал карор гузошта будам, ки харгиз порахури намекунам. Ба ман борхо пора пешниход мекарданд бар ивази кумак, вале ман рад мекардам. Зеро ман ба гайри кори асосиам боз дигар хунархои конунии пулкоркуни доштам ва халол пул кор мекардам. Аз ин сабаб маро дигарон бад медиданд, ки мисли онхо порахур нестам. Хатто як порадехи марбут ба ин ниход пас аз рад шудани порааш талоши зиёд кард, ки маро ба хар рох бадном кунад. Ман ба хулоса омадам, ки аз кор равам. Маслихати ман хамин аст, ки агар порахур набошед, харгиз ягон вазифаи давлатиро дар Точикистон бар душ нагиред. Вале агар порахур бошед, мархамат ба макомоти Точикистон, зеро чои шумо ончост.

Дар хаму навор даказат шудаги ки хаму бечорахо барои ягом падешка рафдаги нестан агар чунин мешуд хотя яке аш сухан мекард.боз хаму Иззат Амону боз хаму крутой чувак ба кавли худаш "Таир"мур аз у точик нашудант ту тохир ном дори ва точики и видиёхотона гайри хутон каси дигар гуш намекна мемри точики гап зани гу

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)