Бахшҳо

“Тurajon.org “ хариду фурӯши темору таштобро раво хонд

Торнамои Тurajon.org, веб-сайти бародарон Тураҷонзодаҳо фурӯш ва харидории темору таштоб ва оби руқяхондаро раво донистааст.

Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли яке аз корбаронаш овардааст, “фурӯхтани оби руқяхонда, яъне гирифтани мол бар ивази он ҷоиз аст.” Ба навиштаи turajon.org, ин навъи об як намуди даво мебошад.

Инчунин веб-сайти мазкур дар идома иқтибос аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ овардааст, ки фурӯши темору таштоб низ ин ҳукмро дошта, беҳтар аз талбандагию гадоӣ мебошад: “Аз Имом Аҳмад пурсида шуд: Мардест барояш коре ҷуз таштобу теморфурӯшӣ нест, барои ин мард фурӯхтани ин чизҳо беҳтар аст ё гадоӣ кардан? Имом Аҳмад гуфтанд: фурӯхтани таштобу темор барояш аз гадоӣ беҳтар аст."

Тurajon.org дар шарҳи ин гуфтаҳо овардааст, ки ин ҳама дар ҳоле аз нигоҳи дини Ислом раво мебошад, ки дар чаҳорчӯби шариати ин дин сурат гирифта бошад: “Албатта фурӯхтан ё харидани оби руқяхонда ба шарте ҷоиз дониста мешавад, ки дар он руқяи шаръӣ хонда ва аз ҷониби руқяхонҳои ботақво ин амал иҷро шуда бошад.”

Оби руқяхонда, оберо гӯянд, ки ба он бархе аз оят ва сураҳои Қуръону дуоҳои дар аҳодиси паёмбар (с) хонда шудааст.
Ин фатвои бародарон Тураҷонзодаҳо дар ҳолест, ки вақтҳои охир бархе аз афрод аз эътиқоди мардум сӯиистифода карда, бе дониши кофӣ ба дуохонию табобати мардум машғул мешаванд.
Мӯҳр
эх эшан эшан! диди ки аз модда рафти боз як гапи нав фикр карди.......бо забони точики илтимос бо русси пожалуйста мон ба холи худ бошем......ислом дигар асту ту дигар.........

Амрико
Бародарону хохарони азиз! Ман мулло нестам, дар донишгохи замонавии гарби тахсил кардаам ва унвони илми дуняви дорам. Холо хам дар Гарб зиндаги мекунам. Ман дар чавониам мисли аксари шумо чунин назар доштам, ки Ислому Куръон пур аз хурофот аст ва мардуми мусалмонро аз пешрафт бозмедорад. Аммо пас аз он, ки Куръонро хондам ва бо баъзе аз сарчашмахои исломи ошно шудам, назарам комилан дигар шуд. Бародароне, ки дар ин бахс Ислому Куръонро нишонаи акибмондаги ва хурофотпарасти муаррифи мекунанд, иштибох ммекунанд.

Дар мавриди оби рукяхондашуда, яъне хондашуда бо оятхои Куръон. Олимони замона исбот кардаанд, ки об хусусияти интиколи иттилоъро дорад. Агар обро дар назди мусикии форам гузори, сохтори он дигар мешавад ва ба инсон ин об шифо мебахшад. Агар ба об оятхои Куръон хонда шавад, об нушидани он ба инсон ором меорад. Дар мавриди хусусиёти об ин видеоро бубинед https://www.youtube.com/watch?v=uj_Z5qykXqU

Ба назари ман агар олими Ислом усули дуруст хондани рукяро медониста бошад, пас чи бади дорад, ки онро бар ивази микдори пуле ба мусалмонон омода кунад, аз он ки гадои кунад? Вале боз хам бехтар аст, ки онро бепул хадя кунад. Ба хар хол ман аз гуфтахои огои Турачонзода чонибдори мекунам. Рукяхони аз талбандаги бехтар аст.

муслим
Бо арзи эхтиром бо Турачонзодахо . Шайх Саъди мефармояд:
Зиен мекунад марди тафсирдон,
Ки илму адаб мефурушад ба нон.
Кучо акл е шаръ фатво дихад?
Ки ахли хирад дин ба дуне дихад!
Вале ту бистон,кисохибхирад,
Аз арзонфурушон ба рагбат харад.
Ба назари банда далели шумо кави нест. Аксари муллохо ба ин тумору рукия сару кор доранд.Ин боз бозори онхоро гарм мекунад. Ба чои ин фатвохо ба ягон таълифоти амик дар улуми исломи машгул шавед. Дар амони Худо бошед.

Худованд тавбапазир аст.Эй он касоне,ки дар хакки Турачонзодахо суханхои ночо гуфтед тезтар тавба кунед, шояд Аллох шуморо бубахшад.ин маслихат.хохед кабул кунед нахохед не.ВАЛЛОХУ АЪЛАМ БИССАВОБ.

исфара
Боракаллох бар оилаи Турачонзодахо, хочи Мирзо ва мисли онхо уламохое, ки хам илми дини доранду хам илми дуньёги ва аз хама зарураш амал доранду бо шарофати хамин баринхо имруз чамъияти мо билкул шакли дигар гирифтаасту мафкураи хусусан чавонони мо баръакси 20-30соли тагир ёфтааст. Вакте ки онхоро маломат мекунанд гунохашон камтар мешавад. Дар бораи оби рукияхонда(дар чойхои мо оби дам мегуянд) хамчун духтур хаминро мегуям ки бешак барои бемор муфид аст, дар бораи хосиятхои об дар натичаи даму дуо дигар шуданаш олимони куфр акнун хулосабарори карда истодаанд, харчанд исломи мо ин усулро 1400сол боз истифода мебарад. Ба хар хол ин амал нисбати мурдаро давра кардану дар мазорхо худои хурдану дигар амалхои баъзе муллохо барои ба даст овардани даромад истифода мекарда дурусттар аст

абдуло
ачаб мардуми беинсоф хастед. Замини ватанро фурухтанд хичи нагуфтед хамин таштобу туморфурушира праблема кардед?

Дар робита ба тумору таштоб: ҳадис, Пайёмбарамон Муҳаммад (дурӯди Аллоҳ ба ӯ бод) гуфтааст, "Ҳар кас чизеро барои дафъи бало ва назар ба худ овезад, аз ҳифозати Худо маҳрум ва бадон чиз маҳвул гардад". (Ба ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ). Ҷанобон, Тураҷонзодаҳо! Ба шубҳаҳои бебунёд дили худро итминон надиҳед ва ақидаҳои ҳақиқии тавҳидиро фаромӯш насозед. аз Аллоҳ битарсед ва бидъатро таблиғ накунед. Гушт чу гандад намакаш мезананд, Вой ба рӯзе, ки бигандад намак.

Асалому алайкум бародарон чаро мисли кур шопарак факат дар пинхони мегардед бародареки ин мавзуъро инчо гузошта аст худ илми кофи надорад бо хамин хотир барои худ раво дидед магар эшон маълумот надоранд ё хона надоранд рафта шинеду бо илм сухбат мекардед ин мушкили шумо хал мешуд гайбат харом аст авал шумо худ ислох шавед бо турачонзодахо чи кор доред?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)