Бахшҳо

ВИДЕО: 26 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони навро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.

Дар ин бора Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, хабар дода, афзуд, бо ин ҳукм розӣ нестанд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. “Ин бе шубҳа кори сиёсист ва супоришӣ аст. Дар акси ҳол, Зайд Шерович сафед карда мешуд. Мо ба ҳеч ваҷҳ ба ин ҳукм ва беадолатии додгоҳ розӣ нестем ва то охир мубориза хоҳем кард”,-афзуд Исҳоқ Табаров.



Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи дигари Зайд Саидов дар шарҳи ҳукми зерҳимояаш гуфт, ин парванда аз аввал сиёсӣ буд ва ҳукми сиёсӣ содир шуд. Ӯ аз рафти эълони ҳукм низ интиқод кард, ки бояд пушти дарҳои баста эълон намешуд, “аммо ба ҷуз аз намояндагони мақомот, ки бо камераҳо буданд, Шавкат Абдулхайров -- раисикунандаи парванда, рӯзноманигорони дигарро ба эълони ҳукм роҳ надодааст.” Бо зикри ин, Шӯҳрат Қудратов таъкид намуд, баррасии парванда алайҳи зерҳимояаш аз аввал то охир яктарафа сурат гирифт.



Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост. Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.

Худи Зайд Саидов ҳам дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта, ки худро бегуноҳ мешуморад ва тамоми иттиҳомоти мақомотро бофтаву сохта медонад. Вале ҳамзамон таъкид кардааст, агар зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи миллату давлат аст, пас, розист, ки зиндонӣ бошад.


Мӯҳр
Мансур
Дар Точикистон адолати суди вуҷуд надорад ҳамаи ин судяҳо зархариданд. Аз аввал маълум буд ки дастгир кардани Зайд Шерович фармоиши аст ва суди ниҳои маълум кард яъне қарорро судя бароварда наметавонад аз боло чизе гуфтан хамунро кироат мекунам. Иншоллох хамаи мо дар ҳаки Зайд Шерович дуо гуем. Чаро Зайд Шеровичро то Фаронса рафтан парванда накушодан вакте ки Фаронса рафт парванда кушодан. Зайд Шерович ки дар ин ватану миллат хизмати арзанда кард ва тамоми хастияшро ба ин ватан бахшид туҳматхое ки дар сараш бор кардан ба акли инсон рост намеоянд. Зайд Шеровичи мо мешиносем асло ба ин корхои паст даст намезанад. Ободкорие ки Зайд Шерович барои ин миллат кард магар ин аст чазояш. Худованд ба фарзандонаш сабри чамил диҳад иншоллоҳ ҳақиқат рузе ошкор мешавад агар дар ин дунё нашуд иншоллоҳ дар охират мешавад. Мо ҳамеша дуо гуйи шумоем Зайд Шерович.

аз ҳамаи бародарон ва хоҳарон, хусусан касоне ки бародар Зайд барои онҳо дар зиндагияшон некие кардааст, самимона хоҳиш мекунам ки дар ҳаққи акаи Зайд барои раҳоияш дуъои нек кунанд, то ин бародари мазлуми мо ҳарчи зудтар аз ин бало ва офату туҳмат ночот ёбад.
Худованди Кариму Раҳим акаи Зайд ва ҳамаи мазлумонро аз ин балову туҳмати ба сараш омада раҳои бахшад
Омин боз Омин

Яъкуб.
Яхуд дар хаки мусалмон чунин кор намекунад.

Чарур
Сад афсус, сад афсус, сад афсус чаро ин мардони бонанги миллатро чунин мекунанд ин дуне ба касе намемонад.

шифо
САФИ ШАГОЛОН ЗИЁД ШАВАНД ДАР ФИКРИ НЕСТУ НОБУД КАРДАНИ ШЕР МЕШАВАНД!

Хакгу
Баъди ин беадолати ва говсуд, ки нишон дод дар Точикистони мо одам чи кадраш хаст, хеч кас ба ин хукумату хукуматдорон ва судашону милисашон бовар намекунад. Агар Зайд Саидов барои хизб ташкил кардан харакат намекард, хеч кас ба вай кораш намешуд.Аммо вай мою шумоя фикр карда хизб ташкил кардан хост ва ба балои ин хукумати хешу таборчи монд. Акнун мо хам ба вай дуо кунему хам хама якчоя ба хизбаш аъзо шавем ва Точикистони нав созем.

ODAMKHUDO
TAK SHTO KASE AGAR FAMI IN MILLATRO MEXURAD STATYASH 26-SOL,PANICA

sherkhon
hukm odilona meboshad rahmat ba sudiyaho va sabri jamil ba saidov

батик
Сад афсус, сад афсус ки чунин мард мисли акаи Зайд имруз аз озоди махрум шуд. Сабри комил ба шумо эй марди мардон.

Mubin
Хоину хунхорон дар озоди гаштаанду ин миллатдуст зиндони.

Исмат
Ман розиям маро суд кунанду акаи Зайдро озод. Чунки ман шояд барои халки точик хизмат карда натавонам, лекин ин марди Худо хамеша дастгири халк буд. Аз Худо тарсед, эй Худонотарсхо. Фардо дар пешгохи хазрати Хак ман аз болои хамаи шумо шикоят хохам кард!!!

Сироч
Зулму ноадолати ба авчи само расидааст.

мехри
Фазои Ватани азиз руз аз руз тиратар мешавад. Фардо чи мешуда бошад? Ин миллат парешону родмардонаш дар хона терор мешавад. Хазорхо занону духтарон дар хорич сарсону бероха. Аммо як чавонмардро ба бисерзани гунахгор медонед. Хукми шумо хилофи амри парвардагор аст. Эй абушаррхо , ба ин хукми казия бошандагони замину осмон рози нестанд.

Abdulloh
Халима,
Xудоё золимонро худат чозо дех

абдулло,

Донишчу
Максади асоси таксиму таракаи амволи у будааст-дия. Акнун шерро шикастанд ва мисли лошахурхо тану туши уро таксим мекунанд. Касе дар Точикистон даст ба ободкории ватан занад ва ширкати муваффак ташкил кунад, окибаташ хамин мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)